Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
Ва, инчунин бошад, ки теғи алмосии забон забонашон бибуррад! Омин!
– Лутфи Шумо зиёда бод, устоди арҷманд! Ҳеҷ гоҳ хаста набошед! Умратон дароз ва иқболу бахту давлататон ҷовидона бод! Худо кунад, ки Шумои донодил ҳамеша насиҳатгари мо бошед! Гумон мекунам, ки бузургворе ситоиши зерро барои Шумо ва назиронатон нигоштааст:
Донодил аз ҷавоҳири ҳикмат хазинаест,
Аз хештан мадор ҷудо ин хазинаро!
– Ба ту низ, шогирди азиз, тавфиқ мехоҳам ва сад ташаккур мегӯям, ки дарки сухан ва санъати гӯш кардан ёд гирифтаӣ! Сухантирозӣ, агарки ҳунаре воло бошад, гӯш карда тавонистани он низ, ғояти ҳунармандист!
Суханро ниюшанда бояд нахуст,
Гуҳар бе харидор н-ояд дуруст!
ЛУҒАТНОМА
«Аҳлану марҳабо!» – «Хуш омадӣ!» гуфтан аст.
Алҳамду лак! – Ҳамду сано бод бар ту!
Азеро – зеро, чун ки…
Асъила – шакли ҷамъи суол.
Ағниё – ҷамъи ғанӣ, давлатмандон.
Арис – домод.
Адно – пасттар, сифлатар, фурӯмоятар.
Анбоз – шарик, ҳамроҳ.
Андӯз – омӯзиш, фарогирии дониш, аз андӯхтан.
Авлавӣ – волоият, афзалият.
Буномада – ҳампоя, яксон, ҳамоҳанг.
Балобил – ҷамъи булбул.
Бедодҳо – киноя аз беадолатӣ ва ноинсофӣ.
Бодҳо – киноя аз мушкилиҳо дар зиндагӣ.
Бебодҳо – киноя аз мушкилиҳойи номақбул.
Берой – бе раъй, бе мулоҳиза, бе чуну чаро.
Дан – хуми шароб.
Додҳо – инъомҳо, киноя аз рӯйдодҳо
дар зиндагӣ.
Дун – паст, киноя аз дунёи фонӣ, сифла.
Дуну данӣ – сифлаву разил.
Ёро – ҷуръат, тавоноӣ.
Зайф – меҳмон.
Зоил – ноаён.
Зай(й) – мисл, монанд.
Ибъод кун! – Дар канор бош!
Илҳоқ кун! – Бипайванд!
Кӯшо – бо кӯшиш, пурсаъй.
Қоил – сухангӯй.
Қанд – киноя аз забони тоҷикӣ.
Лоъибин – ҷамъи лоъиб, бозингарон.
Ло-лам – ҳиссачаҳои инкорӣ – не, нест
(ҳеҷ чизе нест).
Машкур – шукргузор.
Музайян – ороста.
Маснади рафеъ – тахти баланд.
Мусмар – босамар.
Мусаккир – масткунанда.
Мустадом – доимо, ҳамеша.
Оғодир – булбул, ҳазорово.
Пакан – хору залил.
Паранд – абрешим, киноя аз амволи қиматбаҳо.
Порсо – озодамард, абармард.
Раммол – фолбине, ки бо истифода
аз рамл (рег) пешгӯйӣ кунад.
Родӣ интахаб! – Ҷавонмардиро пешаат соз!
Рифъат – баландӣ, бузургӣ.
Соил – гадо.
Салосил – ҷамъи силсила, занҷир.
Самоъ – ҳолати ваҷди дарвешон
ҳангоми зикри Худованд.
Солам(е) – бипурсам.
Сато – асбоби мусиқӣ.
Тавҳид – ваҳдат, ягонагӣ.
Тавофи сад лисон – вирди сад забон.
Таомул – расму ойин, рафтор.
Убур (кардан) – гузаштан.
Фаноҷин – шакли ҷамъи финҷон, қадаҳ.
Фоъил – амалкунанда.
Фавро – фавран, бе таъхир.
Шикебоӣ – сабурӣ, тоқатоварӣ.
Ҳаббазо! – Чӣ хушо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор