Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
ва бо ҷавҳари ҷони вай Қуръони дарӣ офарид:
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ…
Аз ин рӯ, бояд иқрор шавам: дар тавсифи забони тоҷикӣ оҷизам, то як ҳарфи бикре бигӯям, ки онро пешомадагони ман нагуфта бошанд. Бузургон бо сахову карами Худованди меҳрбон шаҳомати онро ба пояҳое расонидаанд, ки аз он болотар болое набошад дар мартаба:
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд сухан ҷуз ба лафзи дарӣ.
Ва ё худ:
Беҳтари гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад,
мурда чаро хомӯш аст?!
Мутаассифона, гарчанде забони тоҷикӣ, пас аз истиқлолиятро дигарбора касб кардани соҳибонаш, мақоми давлатӣ касб карда бошад ҳам, ҳоли ӯ имрӯз низ залилу хароб аст ва чунон афтода гаштааст, ки аз ҷониби ҳамагон ӯро дасти мадад бояд мадид кард! Дар ҷомеа бисёр афроде ёфт мешаванд, ки аз ин андарз:
Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
– Калиди дари ганҷи соҳибҳунар!
огоҳ нестанд. Аз ин лиҳоз, дар сухангӯйӣ ҳамеша бикӯшед, то бо забони буррову фасеҳ ва гуворову дилкаш ҳарф бизанед, зеро
Забон ширин агар ояд набот аст,
Ҳаловат бахшаду кайфи шунидан…
Илова бар ин, дар суҳуфи матбуоти даврӣ, зимни барномаҳойи родиёву телевизион, дар саҳнаҳойи ҳунарӣ суханпардозоне худнамойӣ мекунанд, ки дониставу надониста ҷо-ҷойи ҷисми мубораки ин забонро бо «санъат»-и хеш абгор месозанд. Аз мушоҳидаи ин аҳвол қалби соҳибзабонони дилсӯз, ки «Лаззати лафзи дарӣ ширинтар аст»-ро ба хубӣ эҳсос менамоянд, реш-реш мегардад, зеро,
Бо ҳамчу ӯ шикастазабоне куҷо расад
Дар маърази санош мақоми суханварӣ?!
Гузашта аз ин, бадбахтона, ашхосе худгумкарда дар ину он ҷой во мехӯранд, ки бо лафзи махлуту сохтаи ғайритоҷикӣ ҳарф зада, магасафшон месозанд шаҳди суханро. Ин зайл «ҷанобон» ҳатман бояд ба дарки ин нукта бираванд, ки мо ҳамагон муваззафем, то
Забони модариро пос дорем,
Ки аз модар варо мерос дорем!
Танҳо дар ҳамин сурат шахси рағбатдор метавонад ба омӯзишу азбаркунии забонҳойи ғайр бипардозад.
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад!
Биноан, дар ҳаққи ин тоифа тоҷикони нотоҷик, ки нисбати забони Модару Миллати хеш носипосиҳо мекунанд, на дуои нек, балки дуои бади шодравон Устод Лоиқро раво мебинам ва аз Худованд умед дорам, ки ин дуо эшонро бигирад!
…Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯйи ҷаҳон,
З-он, ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон!
…Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор