Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
Тариқи дӯстдорӣ бо азизон ҷумла пандам дод,
Китоби ростӣ бинвишту дарси судмандам дод,
Зи боғи маърифат бас меваҳойи дилписандам дод,
Забони тоҷикӣ андӯхт – теғи бегазандам дод,
Кунун устодаму устодии ман аз падар омад!
Расад рӯзе, Муфаззал аз Адан парвоз мегирад,
Ба сӯйи деҳаи Нигнот роҳаш боз мегирад,
Ба шодиҳо падарҷонаш варо дамсоз мегирад,
Суруди меҳри фарзандӣ зи нав оғоз мегирад…
Писар аз нав, сари боло дар оғӯши падар омад!
ш. Адан, Ямани Ҷанубӣ,
28. 03. 1989.
СУРУДИ ФАРЗАНД
Ай модарам, бақоям, сарчашмаи вафоям,
ҳодию раҳнамоям,
умрат дароз бодо!
Ай рӯҳаму вуҷудам, ҳам будаму набудам,
рӯ бар ту дар суҷудам,
умрат дароз бодо!
Ай соҳиби каромат, ай ҳомии амонат,
ай маншаи саодат,
умрат дароз бодо!
Ай нури ҷоҳу манзил, дар як дили ту сад дил,
аз оқилон ту оқил,
умрат дароз бодо!
Ай ишқи лоязолӣ, пайваста дар хаёлӣ,
бо ман ту безаволӣ,
умрат дароз бодо!
Ай шамси ховари ман, моҳи мунаввари ман,
дунёи ахтари ман,
умрат дароз бодо!
Ай шодии ҳазорам, Наврӯзи навбаҳорам,
ҳам авҷаму барорам,
умрат дароз бодо!
Ай субҳи босафоям, ай созаму навоям,
дастури муттакоям,
умрат дароз бодо!
Ай мардуми басарҳо, наззораи назарҳо,
ҳастӣ ту тоҷи сарҳо,
умрат дароз бодо!
Ай шодию тарона, ай ҳомии замона,
баъди Худо ягона,
умрат дароз бодо!
ш. Амстердам, Ҳолланд,
08.10.2000.
БАҲОР
Ту сафобахши рӯзгоронӣ,
Модари файзу дасти эҳсонӣ!
Бо ҳама лутф мекунӣ бедор
Баҳру барро зи хоби тӯлонӣ!
Баски ҷонпарварию рӯҳафзун,
Бар наботу ҷамод дармонӣ!
Кӯҳу ҳомун ба махмал оройӣ,
Бо насимат тарона мехонӣ!
Абри мину ба гиряи ширин
Дур бирезад – сиришки боронӣ!
Дар паси пардаҳои боронат
Хайли ашҷор – наварӯсоне.
Гоҳи дигар, ки чеҳра бинмояд
Хури олам чӣ партавафшоне?!
Мавҷи тирукамон ҳамепечад
Зарду сурху сафеду қаҳвонӣ!
Ғунча лабро кушояду хандад,
Гӯиё, мекунад ғазалхонӣ!
Булбулон базми шодӣ ороянд,
Дар басотин чӣ шӯру афғоне?!
Ошиқон рӯйи доманат рақсанд,
Ваҳ, чӣ хуш, ту шикасти армонӣ!
Бо қудумат ба кулбаҳо ояд
Иди Наврӯз баҳри меҳмонӣ!
Марҳабо, мавсими тароватҳо,
Рӯзҳои хуши баҳоронӣ!
ш. Маскав,
16.04.1988.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор