Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

ҶАНОБИ СУХАН

Агар бо Сухан розам ифшо надорам,
Ту гӯйӣ дар ин хок маъво надорам.

Фурӯғи хирад бе Сухан тира гардад,
Маҳе пушти абрам, ки симо надорам.

Ба олам ҳама офариниш бубинам,
Басирам, вале чашми бино надорам.

Намозам ба саҷҷодаи зар гузорам,
Худо кай пазирад, мусалло надорам!

Фақирам, агарчи ба сурат кабирам,
Дилу ақлу завқи таманно надорам.

Бихонӣ парешон маонӣ, бидонӣ:
Китобам, вале сабку имло надорам!

Замоневу давру фазои мусалсал,
Ва дирӯзу имрӯзу фардо надорам!

Наҳангам, палангам ва ё мавҷи Гангам,
Бару буму баҳреву дарё надорам!

Нажоди сапедам ва ё насли зангӣ,
Ба худ одамиро муҳайё надорам!

Агар зиндаам, бадтар аз мурда бошам,
На дорулфано, балки уқбо надорам!

Ҷаноби Сухан бошадам ганҷи ҳастӣ,
Ҷалолатмаобам, ки ҳамто надорам!

ш. Ереван, Арманистон,
12. 07. 2003.

БА ЁДИ РӮЗИ НАВ…

Ба ёди Рӯзи нав фасли баҳорон дӯст медорам,
Туфайли ашки гулҳо резаборон дӯст медорам.

Баҳоронро ба оғӯшам бигирам, то дар оғӯшаш
Даме осуда бошам, сабзазорон дӯст медорам.

Либоси махмали ахзар ҳама кӯҳу даман дар бар,
Ман ин рангу ҷилойи кӯҳсорон дӯст медорам.

Машомамро муаттар менамояд боди гулбезаш,
Чунин гулбезию гулрезӣ аз ҷон дӯст медорам.

Ба паҳнои замин хушранг гулҳо руста менозанд,
Ба рӯйи обҳо нилуи рақсон дӯст медорам.

Кушуда миллаҳояш беди маҷнун чош медорад,
Варо чун дилбари кокулпарешон дӯст медорам.

Муборакбодию идии ёрон нашъаҳо дорад,
Ман ин сон дӯстии дӯстдорон дӯст медорам!

ДАР ТАНГНОЙИ ҲАСТӢ…

Дар тангнойи ҳастӣ дунё ба мо расида,
Сарчашма нодамида, дарё ба мо расида.

Урёну бе ҳадоё, дасти тиҳӣ ба олам
Пайдо шудему фавро пайдо ба мо расида.

Чун сарбасар ба сар шуд айёми ноумедӣ,
Имрӯз ногузашта, фардо ба мо расида.

Дар кӯраи муҳаббат нопухтаем, аммо
Маҷнун нагашта боре, Лайло ба мо расида!

Бас донаҳо бичидем аз хирмани маонӣ,
Дар сурати қаландар Доро ба мо расида!

Ай ёри баргузида, ай нури ҳар ду дида,
Ёрӣ ато намудӣ, ёро ба мо расида.

Аз қайди ҳар шигифте мебидҳамат раҳойӣ,
Шукри Муфаззал охир, мавло ба мо расида!

МУХАММАСИ ҶАВОБИЯ
БА НОМАИ ПАДАР

Чу дар дил орзуйи дидани рӯйи падар омад,
Зи ҷӯйи дидаам селоб аз мағзи ҷигар омад,
Маро дар мулки ғурбат рӯзгороне ба сар омад,
Даруни синаи ғамхона ғамҳойи дигар омад,
Зи муштоқӣ ба чашмам сурати он хушназар омад!

Ба рӯйи осмонам хури яктоям падарҷонам,
Миёни анҷуманҳо маҷлисороям падарҷонам,
Ҳабиби Хизросо пири барноям падарҷонам,
Зиё аз дида резад, нурполоям падарҷонам,
Сафойи зиндагӣ аз зарраи нури падар омад!

Туфайли меҳри ӯ илму адабро пеша варзидам,
Зи ақсойи ҷаҳон бас донаи умед барчидам,
Билоди Шому Бағдоду Яманро сарбасар дидам,
Ба ҳар ҷо бо дуои хайри ӯ худ босамар дидам,
Зафарҳову сари болоям аз хайри падар омад!

пешина
аз 32
навбатӣ