Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Он гоҳ Турбродару ва Реш ба шакли гург даромада ва Зартуштро бикушт, ки он бадкор низ худ дар ҳамон ҷо ба бадтарин марг бимурд, андар моҳи дай ва рӯзи хур (ёздаҳум).8 ВИЗИРКАРДИ ДИНИГ1 (Виҷаркарди диник)
Шарҳи ҳоли Зартушт
Таълифи Мидевмоҳ, писари Оросп Яке ин ки: Ман, ки Мидевмоҳ писари Оросп (Оросӣ) ва шогирди Зартушти пок ҳастам. Ва Зартушт Спитомон аз тухмаи Пурушасп буд; ва Пурушасп ва Оросп ҳарду бародар буданд.
Чунки андар маниши ман менуи оснхирад2 меҳмон3 буд, хостам, ки иллати4 зоиш ва пайдоии вахшвар5 Спитомон Зартушти покро ба бовардоштагӣ дароварам. Ва он бузург - фарраву доноӣ ва огоҳиву мӯъҷиза6 ва боистагии ӯро чунонки ба назари ман меомад ва хештан ба чашми равшан дидам, эдун ба ёдгорӣ7 ба навишта даровардам.
Яке ин ки, чун ман ба он замон, ки Зартушти пок аз модар бизод, ба понздаҳсолагӣ расида будам, ба донишогоҳ ва ба фарҳанг ороста (visp-pêsit / висп-писит), аз ҳирбадони хирадманд баҳраҳо гирифта ва он чӣ аз варҷ ва фарраву мӯъҷизаҳои Зартушт, ки ба чашм дидам, ки ӯ андар [миёни] мардумони Эрон ва дигар шаҳрҳо фармонравоии Кайвиштосп ба он паёмбарӣ ба бовар буд, навиштам бо далел8 ва ниёиш ба паёмбари паёмбарон9 Зартушти Спитомони пок.
Дар баёни бордор шудани Дуғду ба Зартушт
Ин ҳам аз рӯи донишу биниш ба равшанӣ навишта шуда, ки Дуғду модари Зартушт буд. Аз омезиш бо Пурушасп обистан буд (ки Зартушти пок андар ишками ӯ бимонд). Пасон ки панҷ моҳу бисту як рӯз аз обистанӣ бигзашт, то се рӯзи [ба зоиш боқимонда] андар хонаи Пурушасп чунон хуршеду (айуёпак) моҳи рӯшноӣ ҳар гоҳ медурахшид. Буд аз ин шигифтпайдоӣ, ба шигифт Дуғду. Пас фарраи (advênak) вахшварии Зартуштро ба хоб дид. Ва пеши хобгузор шуд ва он чӣ, ки [ба хоб] дида буд, пурсид.
Хобгузор посух гуфт [<Муй], ки: Фарзанде, ки бад-ӯ обистанӣ, писари номӣ ва авижай аст, ки аз ту зода шавад. Сардори некон шавад. Бадон ва ҷодугаронро барандозад. Ва гайҳонро ба оини дини беҳӣ (dêni vehin) орад ва ту ба ромишу осоиш хоҳӣ расид.
Зоиши Зартушт андар замони Лӯҳросп
Чунин пайдост, ки аз худоии [шоҳии] Лӯҳроспшоҳ саду даҳ сол биянҷомида буд, ки ба рӯзи хурдод ва моҳи фарвардин [шашуми фарвардин] андар замон (яъне бомдодон) Зартушт ишками Дуғду бизод ва андар ҳамон замони зоиш бихандид. Аз он шигифтӣ ва фарра [фарри Зартушт] се зани ҷодугар ва хешону ҳамсоягон, ки ба ёрии Дуғду хонда шуда буданд, к-ишон перомун нишаста буданд, тарсиданд ва гуфтанд10 ки: чи [ҳоле] ин буд, аз меҳӣ ва бузургӣ ва варҷаст ё густохӣ ва ҷасоратро [ст], пас бо шитоб ба хонаи хеш рафтанд ва ба он ҷодугарон огоҳӣ (âkâhiŝ) доданд. Ҳамаи [он] гумроҳон бо тарсу бим барои нобудии Зартушт чора намуданд. Ва Пурушасп ба фаррухӣ Зартушт ном ниҳод ӯро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор