Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мӯъҷизае, ки бар асари бадхоҳии Дуросрав ба натиҷа нарасид
Яке дигар ин шигифтӣ варҷвафарра, ки пас аз зоиши Зартушт ба чашми хеш дидам, ки чун бадманиш Дуросрав аз хандидани Зартушт огоҳӣ ёфт, мадҳуш шуд. Ҳамон замон ба хонаи Пурушасп фароз шуд ва колбади Зартуштро нигарист. Бо дасти чап ӯро гирифт ва бо дасти рост аштритиз ба сӯи ӯ бурд. Дасти он бадманиш ҳамон дам бишкаст ва бемор шуд ва колбади Зартуштро аз даст фурӯ ниҳод ва пур аз ранҷу андӯҳ ва шикастхӯрда бозгашт ва ин шигифт мӯъҷиза (frajût фарҷуд) ба ҳама ҷо бовар шуд.
Ба оташ афкандани колбади Зартушт ва сард шудани оташ бар ӯ
Эдар (ин ҷо) пайдост, ки Дуросрави аз рӯи кина хашмгин [ва] пуртарс бо он ҷодугарон гуфт, ки: Ҳаме оташтухма оваред ва оташ фароз афрӯзед, он колбади11 Зартуштро андар он бияфканед. Ҷодугарон ҳамон гуна карданд. Ба ёрии додори меҳрубон (hu-âpay) як мӯ аз тани поки ӯ кам нашуд. Ва оташи сӯзон чун об шуд ва ҳеҷ ранҷ ва осеб ба [Зартушт] нарасид.
Эдун Дуғду ва Пурушасп, [ки] писарро ба ҷой надиданд; ӯ [Дуғду] Пуршаспро дармон, ки буд, гуфт ва огоҳ кард. Пас Дуғду колбади Зартуштро, ки андаруни оташи сӯзон дид, берун кард ва сипоси додор кард.
Дар гузаргоҳи говон афкандани колбади Зартуштро
Яке ин равшан кунам бузургии он бузургро. Чунки колбади Зартуштро абар насӯзонидани оташ [ва] Дуросрави бадманиш огоҳӣ ёфт, аз нав барои нобуд кардани ӯ ба сӯи вай тозид. Гуфт ба [ҷодугарон]: Ки он колбади Зартуштро андар душворгузаргоҳи говони бисёр афканед. То говон ба якборагӣ равон бишаванд ва зери пои эшон нобуд шавад. Ҷодугарон ҳамчунон карданд.
Пурушасп ва Дуғду писарро бар ҷой надиданд, [онгоҳ] хурӯшиданд. [Пас] мо, хешовандон барои ёрӣ ба суваҷой шудем. Андар гузаргоҳи говон дидем, ки аз бахшоиши Ҳурмузд гове бузург, (ки ӯ андар миёни говон бузургсуд[тар] буд, аз бақия); пурнерӯ ва пилмонанд буд, ҳамчу пешвое - пештохт, (ки пеши Зартушт истод), то ӯро ҳама рӯз нигаҳбонӣ ва посдорӣ кард, (ӯро [аз осеби] говон боздошт), пештар аз ҳамаи [говон] он ҷо рафт ва пас аз ҳама аз он ҷо битохт.
Пурушасп ва Дағду бо мо, хешовандон ба сабаби фарзандкомагӣ12 аз сӯе ба он ҷо менигаристем. Пас, колбади Зартуштро аз он гузаргоҳи говон бардоштем ва Пурушасп ба сабаби он ки колбадро [ба зери по] наспурда буданд говон, хушнуд буд.
Дар гузаргоҳи асбон
Яке инро ба пайдоӣ гӯям, ки бузургии Зартушт чун осеб нарасониданд ӯро говон, бисёр афзун шуд ва огоҳӣ ба он ҷодугарон расид. Дигарбор бо (оин ва равише) нав барои мирондани Зартушт [Дуросрав] чора кард. Ва ба ҷодугарон фармуд, ки [ӯро] андар роҳи асбон бияфкананд ва асбони бисёр ба он обхӯр битозонанд [ва ӯро] ба [зери] суми асбон биспаранд.

пешина
аз 314
навбатӣ