Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ҷодугарон ҳамон гуна карданд. Пурушасп ва Дағду писарро бар ҷой надиданд. Бисёр хурӯшиданд. [Пас] мо, хешовандон барои ёрӣ ба ҳар сӯ ва ҷой шудем. То ӯро андар гузаргоҳи танги асбон дидем ва асби сумдоре, (ки ӯро сум ситабртар) ва зардгӯш ва бар асбон пешво буд, пеш тохт ва поси Зартушт дошт. Чун ҳамаи асбон рафтанд, ӯ охир аз ҳама рафт. Ва [мо] битохтем ва колбади Зартуштро бе ранҷ ва бидуни осеб баргирифтем.
Андар лонаи гурги тӯлакушта
Яке ин равшан кунам бузургии он бузургро. Он сардори ҷодугарон (Дуросрав), ба сабаби он ки наспурда буданд асбон [ба зери сум ӯро], огаҳ шуд, аз нав барои нобуд кардани Зартушт бо бадманишӣ чора кард. Ва фармуд, ки он колбади Зартуштро андар сӯрохи (лонаи) тӯлаҳои кушташудаи гург бияфканад, то ки гург бирасад, тӯлаҳоро кушта бинад ва колбади Зартуштро ба он кинхоҳии тӯлаҳо бо хашм бидарад. Ҷодугарон ҳам ба он оин карданд.
Чун Пурушасп ва Дағду писарро бар ҷой надиданд, бисёр хурӯшиданд ва бонг карданд [ва] мо, хешовандон, ки нохурсанд будем, ба ёрӣ расидем ва ба ҳар сӯй ва ҷой равон шудем, то андар хонаи рустое, ба миёни гиёҳон дидем, ки пеши колбади Зартушт гургони зиёнкор нишастаанд ва Зартушт абар ранҷи гургон пой ҳамезанад, (кашки гургро даҳон яке бар дигаре фуруд ҳамеомад).
Пас гургон ноумед аз он ҷо битохтанд13 ва колбади Зартуштро баргирифтем ва бад-он гуна мӯъҷиза ва шигифтии бисёр аз Зартушти пок пеш аз вахшварӣ (паёмбарӣ) ба пайдоӣ расидааст. Ҳарчи ба дидаи хеш он ниёзманд дидам, навиштам.
Маниши дуруст ва тарбияти парҳезкоронаи Зартушт
Яке ин ки бахше аз бисёр бахшҳои бузургӣ ва фарраву мӯъҷиза[ҳои] Зартуштро пайдоӣ оварем.
Чун Зартушт ба синни понздаҳ сол расид, ба парастиши эзадон ва амшоспандон кӯшотар буд. Аз [паём-ваҳйи] Сурӯш огоҳ буд ва аз виростани хӯй ва сиришт, ки танро аз нишонаи бад ва орзуву майл ва шаҳвату оз ва ниёзу хоби зиёд ва худхоҳиву фирефторӣ ва кинварзиву тӯҳмату суханчинӣ [боз медошт], бипарҳехт ва шиносоии додор Ҳурмуздро нишона дошт. Неквиростагиро аз он чизҳое, ки дошт, хурсанд (қонеъ) буд. Ва аз нопойдории моли гетӣ [огоҳ буд] ва фарҷоми танро шиносотар, хуб [ба ёд дошт] ва ба ҳар гоҳу ҳар гуна дар ниёиши додори меҳрубон кӯшотар буд. Ва ба дарвешон ва арзониён доду диҳиш бо хешкорӣ мекард ва ба он дурустманишӣ ва парастиш дар пеши эзадон меҳру дилбастагӣ ёфт ва бо онон, ки нишони комравоӣ [доштанд], буд.
Пешогоҳӣ додани Кайхусрав, Манучеҳр ва...
ба зуҳури Зартушт
Яке ин ки аз варҷ ва фарраву виростагии хӯю сиришт ва мӯъҷизаи Зартушт ба он ҷодугарон ва ситамгарони девяснон ва бадниҳодон – биму ранҷ ва озору ноумедӣ бияфзуд ва ба тарс афтоданд. Чи аз пешогоҳӣ [аз омадани Зартушт] ҳама доштанд. Чун Кайхусрав (Kâi-hôsrôy) аз Сурӯш; ва Афросиёби тӯронӣ (Frâsyâk-Tûr) ва Манучеҳру Лӯҳроспшоҳ ин пешогоҳиро дода буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор