Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Виштосп гуфт, гуноҳкории ман чунон аст, ки ҳар гоҳ динро низ пазирам, барои (омӯрзиши) равони ман нек набошад. Чи он ки дар нахустин пайкор, ки кардам, шаш ҳазор – дар дувумин панҷ ҳазор ва дар севум пайкор чаҳор ҳазор танро бикуштам. Низ дар пайкоре дигар, дар нахустин бор як ҳазор, дар дувум бор даҳ ҳазор ва дар севум бор як ҳазор тан аз мардумон бикуштам.
Зартушт гуфт, ки дар ин куштанҳо туро ҳеҷ гуноҳе набошад, ки онон гургзодагон буданд, нек аст, ки ононро бикуштӣ. Пас, дигар бор ӯро гуфт, ки динро бипазир... Эй Виштосп, ки ҷаҳонро фармонравоӣ (ки ҳар гоҳ напазирӣ, ба ту он хоҳад рафт, ки бисёр нерӯманд буданд пеш аз ту аз фармонравоён, ки чун дини Ҳурмузд напазируфтанд, бад-онҳо он подофараҳ рафт):
Чун Ҳурмузд Ҷамро ба дин фаро хонд, пас Ҷам саркашӣ кард ва напазируфт ва гуфт Аствидодро3 даст ба ман нарасад.
Пас, ба мӯҷиби ин иддао ва ғурур гуфтор шуд ва девон ва мардумон вайро бикуштанд. Ҳурмузд Фаридунро низ ба дин фаро хонд, ки ӯ низ гуфтор ва даъвати Ҳурмуздро хор дошт, пас нотавонӣ бар ӯ чира шуд, чандон ки ҳатто натавонист тани хешро бар астар нигоҳ дорад, ки бияфтод ва бимурд. Пас, Гаршоспро ба дин фаро хонд, ки вай низ даъватро хор дошт. Ба сабаби ин нофармонӣ Акумандев4 бар вай мусаллат шуд ва ӯро дар баландтарин ҷой бикушт.
Пас, Виштосп ҳамчунон динро напазируфт. Пас, Ҳурмузд Баҳман, Урдибиҳишт ва Озари Бурзинмеҳрро ба хонаи Виштосп фиристод. Онон ба Виштосп гуфтанд, ки: Динро бипазир, ки агар динро бипазирӣ, эдун мо ҳама туро офарин (дуо) кунем, ки бархурдор бошӣ аз подшоҳии тӯлонӣ ва фармонравоии ба ком ва тавоноӣ ва дер зивӣ. Низ бархурдор бошӣ аз хоста ва шукӯҳу бузургӣ. Туро писаре диҳам Пашутан ном, ки бе марг ва ҷовидон монад.
Ва агар напазирӣ динро, эдун бифармоем, каркасҳоро андар ҳаво, то гӯшти туро бихӯранд ва устухонҳоят бар замин монад. Пас, ҳамчунон Виштосп динро напазируфт.
Пас, Ҳурмузд Нариюсангро5 фиристод, то пеши Урдибиҳишт шавад ва вайро бигӯяд, ки: Мангро дар май биёмез ва Виштоспро бинӯшон. Урдибиҳишт чунон кард. Чун Виштосп аз он бинӯшид, дарвақт беҳуш шуд. Пас онон равонашро ба гарзмон6 бурданд ва шукӯҳу арҷмандии динпазириро ба ӯ нишон доданд. Чун аз он беҳушӣ ба худ омад, Ҳутусро7 бонг кард, ки: Зартушт куҷост, то аз ӯ дин пазирам. Зартушт он садо шунид ва назди Виштосп шуд. Пас вай динро пазируфт.
Он гоҳ ҳамаи рамаҳову сутурон ва ҳамаи оташҳои сӯзон ва ҳамаи касоне, ки дар хона буданд, чун каломи Зартуштро шуниданд, ки Виштоспро дин меомӯхт, шод шуданд. Пас, Виштосп Зартуштро ба мақоми мӯбадони мубадӣ бигумошт, ки сиву панҷ сол мубадони мӯбад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор