Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Андар боби некӯиҳое, ки пеш аз Зартушт рӯй дод ва чигунагии он ки бо роҳнамоии Ҳурмузд динро барои мардум ошкор кард
Пас аз даҳ сол аз дин ва нахустин ҳампарсагӣ Мидйумоҳ дар наистони бешае, ки ҷойгоҳи хуку гуроз аст, дин пазируфт.
Пас аз бист сол Кавӣ писари Кунда44 дин пазируфт. Пас аз сӣ сол Хийунон ба сарзаминҳои Эрон расанд, нажодатарин дӯшизагонро ба бардагӣ гиранд.
Пас аз чиҳил сол Вуҳуниум писари Аурваштор зода шавад.
Пас аз чиҳилу ҳафт сол аз дини Зартушт даргузарад45, ки ӯро ҳафтоду ҳафт солу чиҳил рӯза зоиш гузашта бошад, ба урдибиҳиштмоҳи хуррӯз46. Ба ҳаштмоҳи беҳизакӣ47 ба даймоҳ ва рӯзи хур бурда шудааст, вале оини ниёиш ҳамон урдибиҳиштмоҳ аст.
Пас аз шасту се сол Фрашуштар даргузарад. Пас аз шасту чаҳор сол Ҷомосп даргузарад, ки баъд аз Зартушт мӯбадони мӯбад буд.
Пас аз ҳафтоду се сол Ҳанаг Аурваш, писари Ҷомосп даргузарад.
Пас аз ҳаштод сол аз дин Ашмухвант даргузарад. Пас аз ҳаштод сол аз дин Вис-Вишпой, ки ба номи Ахт хонда мешавад, шаш тан аз диндорони бузургро бикушад: Ду духтари Зартушт, ки ҳастанд ба номи Фрин ва Срит ва Аҳлав-Стут, писари Мидйумоҳ ва се тани дигар, ки дар китоби дин номоваранд.
Пас аз яксад сол аз дин аз Вуҳуниум, ки дар чиҳилсолагии дин зода шуд, Син зода шавад ва дар дусадсолагӣ аз дин даргузарад бо доштани як сад шогирд.
Пас аз сесад сол аз дин андар рӯз шабе бошад48, он гоҳ дин ошуфта шавад ва Худой49 биларзад.50
РИВОЯТИ ПАҲЛАВӢ1
Бахши 47
Зартушт дар сисолагӣ ба дидор ва ҳампарсагӣ бо Ҳурмузд расид. Ин дидор ва ҳампарсагӣ ба ҳафт сол буд (ки даҳ сол ба дарозо анҷомид), то дин пазируфт. Нахуст дар Эронвиҷ буд ва баъд дар Озарбойҷон, ки даҳ сол шуд. Дар ин муддат бадӣ ва ранҷу зиндони бисёреро Аҳриман барои вай пеш овард, ки таҳаммул кард.
Аҳриман вайро аз пазириши дин манъ кард, аммо Зартушт напазируфт. Пас, ниҳонӣ устухони мардумонро дар анбони Зартушт ниҳод ва ба мардумон гуфт, Зартушт он нест, ки шумо пиндоштаед, балки вай як насокаш2 аст. Пас, барои нишон додан ба мардум анбони Зартуштро вожгуна кард, ки аз он сару даст ва пои мардумон фурӯ рехт.
Пас, вайро бо сиву се банд бастанд ва дар замоне дароз чунон гуруснагӣ ва ташнагӣ ва нерӯ ва тавони вай костӣ ёфт, ки биноӣ ва шунавоиаш осеб пайдо кард.
Пас аз он, Зартушт ба назди Виштосп рафт ва муддати ду сол кӯшид, то вайро ба пазируфтани дин мутамоил кунад. Ба ӯ гуфт: Эй Виштосп, динро бипазир, аз он ки хости Ҳурмузд ва Амшоспандон ва эзадони дигар дар ин аст, ки ту ба дин бигравӣ.
Виштосп гуфт: Ҳар гоҳ барои тақозои асб ё хоста ва мол ба назди ман омадаӣ, ҳар ончи хоҳӣ, бистон ва бирав. Аммо, Зартушт дигар бор вайро ба дин фаро хонд, ки имон биёварад.

пешина
аз 314
навбатӣ