Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дар чаҳорумин дидор, ба мӯҷиби бунёди шаҳриварии Зартушт менуи фулузот дар рустои Сарой, ки дар (Мевон) ба дидор ва ҳампарсагии ӯ омаданд ва дар бораи некӯ нигоҳ доштани фулузот ва додани ҷангафзор ба... ба ӯ супориш карданд.
Дар панҷумин дидор, ба мӯҷиби бунёди Спандормазии Зартушт менуи кишварҳо, ноҳияҳову устонҳо ва рустоҳову деҳҳо, чандонки шоиста буд, бо Зартушт ба дидор ва ҳампарсагӣ омаданд. Дар канори Сидвис33 бар гареваи Дамандон, ки чашмаеаст ҷорӣ аз Аснаберандкӯҳ, ки ба рӯди Дойитӣ мерезад ва дар бораи нигаҳдорӣ ва ситоиши замин супориш карда, андарз дод, ки ҳар деҳро гувоҳе дурусткор ва ҳар русторо доваре огоҳ аз қонун ва ҳар устонро мӯбаде бо гароиш ба роста ва ҳар ноҳияро раде34 пок бояд гуморидан. Ва ба ҳама меҳтар ва пешвои мӯбадон андарзбад ва мӯбади мӯбадоне гумоштан ва Худоии35 Ҳурмуздро ба василаи вай барқарор сохтан.
Дар шашумин дидор, ба мӯҷиби бунёди хурдодии Зартушт менуи дарёҳо ва рӯдҳо дар Аснаберандкӯҳ бо Зартушт ба дидор ва ҳампарсагӣ омаданд ва дар бораи нигаҳдорӣ ва ситоиши обҳо вайро супориш карданд.
Дар ҳафтумин дидор, ба мӯҷиби бунёди амурдодии Зартушт менуи гиёҳон дар Дариҷинзбор36 дар канораи рӯди Дойитӣ ва дигар ҷой бо Зартушт ба дидор ва ҳампарсагӣ омад ва дар бораи нигаҳдорӣ ва ситоиши гиёҳон супориш кард. Дидори ҳафтум дар тӯли зимистон анҷом шуд, ки панҷ моҳ аст андар як сол37.
Андар боби камоли дин
Чун даҳ сол аз ин ҳампарсагӣ сипарӣ шуд, Мидйумоҳ, писари Оростой (Ârastâi) ба дини Зартушт даромад ва имон овард. Пас, Зартушт дубора ба дидор ва ҳампарсагӣ бо Ҳурмузд расид ва гуфт, ки: Пас аз даҳ сол марде ба ман гаравид. Ҳурмузд гуфт: Чунин бошад рӯзгоре, ки ба дин дарнаёмадагон ҷуз андаке набошанд ва ин худ асоси офариниши моддии растохез аст, ки ҷуз Даҳок (Заҳок) ҳама кас ба дин имон оварад ва он гоҳ ҳама кас ба доди фаршкард кирдорӣ Fraŝkardkartârih биграванд38, ҷуз Даҳок, ки тавба нокарда кушта шавад.
Андар ҳамон ҳампарсагӣ буд, ки чун аз назди Ҳурмузд ба спандормаз39 омад, динро ба сурати комил бар ӯ (спандормаз, замин) ошкор аст.
Пас аз он, дар тӯли ду сол кавиҳо40 ва карапҳои41 Виштосп аз рӯи душманӣ сиву се дурӯғ ба ӯ бастанд. Сиву се дурӯғ намудори сиву се дин буд, (имон ва эътиқоди нодуруст) буд, ки ба мухолифати дини эзадон омад. Он сиву се банд аст, ки нишонаи баста будани сиву се қонуни ба даст ва гушоиши сиву се карафа42, ки беҳтаранд.
Ин низ дар дин омадааст, ки Виштосп бо ҳамроҳон ва дарбориён чӣ гуна саранҷом динро аз Зартушт пазируфт. Ин динпазирӣ ба мӯҷиби паёмовариҳои гуногуни Зартушт ва бунёди менуии дин ва гувоҳӣ ва таъкиди се амшоспанде, ки дорои гуфторҳое шево буданд, яъне: Баҳман ва Урдибиҳишт ва Озари бурзинмеҳр43 ки ба сурати астуманд ва гетиёӣ зоҳир шуданд, анҷом пазируфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор