Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳурмузд баландии андоми хешро, ки ба андозаи осмон буд, ба Зартушт нишон дод, ки сараш дар фарози осмон ва пой дар фуруди он ва дастон ба ду сӯй осмон мерасид ва Ҳурмузд осмонро ба сони ҷомае ба бар карда буд. Пас, ӯро шаш Амшоспанд ба назар расид, ки дар андоза ҳам болои ҳам буданд ва он гуна, ки ҳар як ба андозаи ангуште аз ҳам фосила доштанд.
Пас, Амшоспандон се навъ пасохтро25, ки дар дин ҳаст, ба ӯ нишон доданд. Нахуст, гузар аз оташро. Зартушт бо имони ростин, ки дошт, ба андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек се гом дар оташ пеш рафт ва насӯхт.
Ду дигар фулузи гудохта бар синаи вай рехта шуд, ки он гудохта фулуз дар ҷой сард шуд. Пас, Зартушт онро баргирифт ва ба Амшоспандон дод. Ҳурмузд гуфт, ки: Пас аз густариш ва ривоҷи дин ҳар гоҳ ихтилофе дар дин пайдо шавад, фулузи гудохтаро шогирдони ту бар оҳу26 бирезанд. Пас, бар вай сард шавад ва насӯзонад. Ва ӯ онро баргирад ва ростии дин собит шавад ва ҳамаи мардуми ҷаҳони астуманд ба ӯ бигарданд.
Се дигар, буридани шиками Зартушт, ки шиками Зартушт, бо корд бурида шуд, он гуна ки даруни шикам пайдо шуд ва хун ҷараён ёфт. Он гоҳ даст бар шиками вай молида шуд27 ва дуруст гашт.
Ҳурмузд гуфт: Бо ин оин нишон дода мешавад, ки ту ва пайравони ту дини покро бо огоҳии устувор ва имони маҳкам мепазиред, он гуна ки бо сӯзандагии оташ ва рехтани фулузи гудохта бар бадан ва буридани шикам бо корд аз он барнагардед.
Андар боби дидор ва гуфтушунуд бо ҳафт мавҷуд, ҳамчун ҳафт Амшоспанд, ки дар ҳафт сорӣ аст
Дар нахустин гуфтушунуд, чун Зартушт бунёди Ҳурмуздӣ дошт, бо тани Ҳурмуздӣ дар канори рӯди Дойитӣ омад. Дар дувумин, ба мӯҷиби бунёди баҳмании Зартушт аз панҷ гуна гӯспанд28, ки на моди моддӣ ва ҷаҳонии Баҳман ҳастанд, ҳафт тан дар гиреваи Аусинд29 ба ҳампарсагии Зартушт омаданд. Дар он рӯз барои ҳампарсагӣ забонашон ба сухани одамӣ гушуда шуд ва ба сухани мардумон сухан гуфтанд:
Аз обзиён гунае моҳӣ ба номи Арзуво. Аз сӯрохзиён қоқуми сапед ва самури сапед. Аз парандагон, каршифт (karŝift) ва гунаҳои дигар, низ симурғ.
Аз ҷонвароне, ки дар дашт мезиянд, харгӯш, ки роҳнамоӣ додан ба сӯи об аст.
Аз чарандагон харбузи сапед30. Ин ҷонварон ба мардум сухани динро аз Ҳурмузд пазируфтанд ва ба радии31 гунаҳои панҷгонаи ҷонварон гумошта шуданд, то ҳамаи ҷонваронро, чандон ки огоҳӣ ва тавонмандӣ аст, ба андозаи саъй ва кӯшиш дар расонидан ва ситоиши дин бикӯшанд. Пас, Ҳурмузд Зартуштро ба таври муаакид супориш фармуд, то ин ҷонваронро озор накунанд, аз миён набаранд ва ба некӯӣ аз онон нигаҳдорӣ кунанд.
Дар севумин дидор, ба мӯҷиби бунёди урдибиҳиштии Зартушт менуи (гавҳар) оташҳо дар канори оби Таҷан32 ба ҳампарсагии ӯ омаданд. Дар ин дидор ва ҳамсуханӣ некӯ нигоҳ доштани оташи Баҳром ва нигоҳдорӣ ва бузургдошти ҳамаи оташҳо ба вай нишон дода шуд.

пешина
аз 314
навбатӣ