Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Об аз соқаш гузашт ва пеш рафт то зону ва пас аз он ба рон ва саранҷом ба гардан расид. Ин нишонаи чаҳор бор дар об пеш рафтан ҳадди камоли оин аст: Нахуст дар даврони Зартушт ва аз он пас Ушедр ва Ушедрмоҳ ва саранҷом Сушиянс.
Он гоҳ, ки аз об бадар омад, амшоспанд Вуҳуман бо шукӯҳ ва азамат бар вай намудор шуд, ки нуҳ баробари Зартушт буд ва ҷомае аз нур ба пайкар дошт ва пайкараш худ равшании маҳз буд. Пурсид аз Зартушт, ки: Кистӣ ва таборат кадом аст ва чӣ ком ва орзу дорӣ ва ба кадомин кор машғулӣ? Гуфт, ки: Ман Зартушт ҳастам, Зартушти Спитома. Дар зиндагӣ ба парҳезгории беш аз ҳама орзумандам ва хостам он аст, ки ончунон бошам, ки эзадон роҳнамоям бошанд ба поктарин зиндагӣ.
Вуҳуман ба Зартушт гуфт: Инак, фарозат барам ба анҷумани менувон ва амшоспандон. Ҳарчанде аз роҳро, ки Баҳман ба нуҳ гом мепаймуд, Зартушт ба наберад гом мерафт. Саранҷом, анҷумани ҳафт амшоспандонро нигарист ва бисту чаҳор гом ба он анҷуман монда, истод ва рӯшноии бузург ва бошукӯҳеро мулоҳиза кард, аммо он чӣ, ки нигарист, сояи хешро надид.
Ҷойгоҳи анҷуман ва кохи нишастангоҳи амшоспандон ба сӯи ховар (Хуросон) дар Эронвич буд бар канораи рӯди Дойитӣ. Зартушт дар он ҳол намоз бурд ва гуфт: Ситоиш бод бар Ҳурмузд ва амшоспандон ва ба ҷой нишаст, ки аз они пурсандагон буд.
Андар боби пурсишҳои Зартушт аз Ҳурмузд
Зартушт аз Ҳурмузд пурсид, ки: Дар ин ҷаҳони моддӣ нахустин беҳӣ ва дувумин ва севумин беҳӣ кадом аст? Ҳурмузд дар посух гуфт, ки: Нахустин беҳӣ андешаи нек (ҳумата) аст, дувумин беҳӣ гуфтори нек (ҳухта) аст ва севумин беҳӣ кирдори нек (ҳваршта) мебошад.
Пурсид Зартушт, ки: Чӣ чизе нек аст? Ва нектарин кадом аст?
Ҳурмузд посух гуфт: Номи Амшоспандон нек аст. Дидорашон беҳтар, фармонбардоришон беҳтарин аст.
Пас, Ҳурмузд, ӯ беҳ, ӯ дугонагии бунёдҳоро дар некиву бадӣ ва ҷудоии он ду менуро дар ҳар назму оин нишон дод ва гуфт, ки: Ин ду мену, он ки дурванд ва гуноҳкораст, дар кирдор бадро баргузинад, он баде, ки хост ва коми Аҳриманаст, аммо сиришт ва менуи афзояндаву неки ашуӣ ва парҳезгориро баргузинад, чунонки Ҳурмузд бад-он сипанд менуи виҳдӯстӣ варзид.
Пас, бад-ин сон ҷудоии ҳамаи рӯшанон21 аз торикон22 баён шуд ва Ҳурмузд гуфт, ки ду менуро23 на ком ва андеша, на гуфтор ва на кирдор, на дин ва на виҷдон бо ҳам аст. Он ки равшаниро баргузинад, ҷой ва мақом ва ҳамнишинӣ бо рӯшанон аст. Он ки торикиро баргузинад, ҷойгоҳ ва ҳамнишинаш бо торикон аст.
Дар ҳамон нахустин рӯзи ҳампарсагии Ҳурмузд се бор хиради ҳамаогоҳ24 ба сӯи Зартушт раҳнамун шуд. Низ дар ҳамон нахустин дидор Ҳурмузд осмонро бо он равшанӣ ва дурахшиши саршор бад-ӯ нишон дод ва бо ин ҷилва ва намоиш торикиро аз диди вай боздошт, ки дар баробари он торикӣ ба муқобила ва пайкор шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ