Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Пас, Зартушт бад-он ҷой рафт ва барои дастгирӣ ва ёрӣ ба дарвешон дар ҳар рӯз ба андозаи ду марди бузург барои шон хӯрок бурд ва бад-ин васила ба дарвешон накӯӣ кард.
Андар боби бахшандагӣ ва меҳрварзӣ натанҳо ба мардумон, балки нисбат ба дигар офаридагон ва омӯхтани дониш ва порсоӣ аз ҳамагон
Саге дид, ки ҳафт бача зоида буд ва се рӯз мегузашт, ки чизе нахӯрда ва аз фарти гуруснагӣ даҳон ба ҳар чӣ меёфт, барои хӯрдан мебурд ва сахт суст ва беҷон шуда буд. Пас, вай хост чора кунад. Ба зудӣ ноне (хӯроке) барояш таҳия карда ва назди саг шитофт. Аммо саг бимурда буд.
Ба омӯхтани дониш роғиб буд. Ба ҷое ва назди касоне рафт, ки ба ҳар донише машҳур буданд. Аз эшон пурсид: Чист он чӣ, ки равонро ёрии бештаре бирасонад?
Эшон гуфтанд: Дарвешонро парвардан. Улуфа ба чорпоён додан, ҳезуми тар бар оташ ниҳодан. Ҳум ба об рехтан19 ва девон (Худоён)-ро бо ситоишҳои бисёр сутудан бад-он сурудҳое, ки барои шон ҳаст.
Пас, Зартушт он чиро нек буд, ҳамекард. Дарвешонро ёрӣ дод. Чорпоёнро улуфа фароз бурд. Бар оташ ҳезум ниҳод ва ба оби равон ҳум ба ҳован кӯфта ва бар об омехта, рехт. Аммо, ба ҳеҷ рӯй, девонро ба гуфтор насутуд.
Андар боби шеваи ҳамсаргузинӣ
Баргузидани зани хуб бинобар хост ва майли худ ва орзуву маслиҳати падару модар бояд анҷом шавад. Вай, пеш аз он ки зане шоиста баргузинад, тухма ва нутфаи хешро бо касе наёмехт.
Чун падараш хост то барои вай зане баргузинад ва баргузид ва Зартуштро таклиф кард. Зартушт ба зан гуфт, ки
чеҳра бигшой, то рӯи туро бубинам. Ва бар он буд, ки нахуст сурат ва рафторашро дида ва бишносад ва бингарад, ки оё равиш ва рафтораш мавриди писанд аст ё на. Аммо зан рӯй аз ӯ баргардонид. Зартушт гуфт: Он ки рӯй ва дидор аз ман бозгирад, эҳтироми маро ба ҷой наоварад.
Андар боби расидан ба сисолагӣ ва ҳампарсагӣ бо Ҳурмузд
Чун сӣ сол аз зоиши вай гузашт, чунон воқеъ шуд, ки дар анеронрӯз20 аз моҳи испандормаз ба он ноҳияте рафт, ки чиҳилу панҷ рӯз аз наврӯзи навиштаро ҷашн месохтанд, ки «Баҳорбуд» хонда мешуд ва он ҷо маконе буд, ки мардумон аз ҳар сӯй бад-он ҷо мерафтанд.
Дар роҳ хастагӣ бар вай чира шуд ва андар дашт бихуфт. Ба хоб андар дид, ки мардум ба сӯи бохтар шудаанд ва худ муқаддам бар ҳама қарор дорад. Аммо, ҷуз ӯ Мидйумоҳ (Medyumâh) бар мардум фароз аст ва Мидйумоҳ писари Оростой ва Оростой низ Пурушаспро бародар буд. Ин нишон аз он буд, ки нахустин кас аз мардумон, ки бад-ӯ бигравад, Мидйумоҳ аст, аз он пас ҳамаи мардумон.
Ва чун ҷашни Баҳорбуд ба поён расид, рӯзи дай ба меҳр, понздаҳум аз моҳи урдибиҳишт буд, ки Зартушт ба канори рӯди Дойитӣ рафт, барои анҷоми маросими ҳумсоӣ. Оби рӯд боло буд. Зартушт ба об дарун шуд.

пешина
аз 314
навбатӣ