Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дурисруб ба Зартушт гуфт, ки: Чун ту нахуст баҳра ва рӯзиро аз ман боздоштӣ, туро аз биноии ҳарду чашм маҳрум кунам, туро бимиронам. Зартушт низ ба муҷодала пардохт ва гуфт, ки: Ман аз тариқи дурустандешӣ бо ҳарду чашм туро бингарам, ки бад-он бимирӣ. Пас, эшон дерзамоне бо хирагӣ ба ҳам нигаристанд. Аз онҷо, ки Зартушт ниҳоди эзадӣ дошт, бар ҷодугарии ӯ чира шуд ва осебе наёфт.
Дурисруб барошуфт ва гуфт, ки инчунинро таҳаммул натвон кард. Пас, асб хост ва бар он биншаст. Ҳанӯз андаке беш нарафта буд, ки дарде сахт бар ӯ ориз шуд ва аз асб сарнагун бияфтод ва бимурд. Ва ӯро фарзанд ва фарзандони фарзанд дар ҳамон ҷой бимурданд.
Андар боби гароиши ӯ бапарҳезгорӣ
Ҳангоме ки Зартушт ба понздаҳсолагӣ расид, писарони Пурушасп аз вай хостанд, то аз он чӣ дорад, ба эшон диҳише кунад. Пурушасп дархости шонро баровард ва ба эшон бахшиш кард. Дар миёни ҷомаҳо як кушти kośti буд дукард16, ки паҳнои он чаҳор ангушт буд ва дарозо ба он андоза, ки се бор ба гирди камар баста шавад. Пас, Зартушт онро баргузид ва ба миён баст. Ва ин кирдор ба раҳнамоии Баҳман анҷом шуд, ки ба ҳангоми таваллуд дар андешаи вай ворид шуд ва ӯро аз ҳар кор, ки ношоиста буд, боздошт ва бад-он чӣ шоиста буд, барангехт.
Андар боби сиришти бахшоишгари ӯ дар сарзамини Аргистон17
Рӯде буд, ки ба Бараҳназан ё ҳан18 номбурдор буд. Ин ном бад-он сабаб буд, ки рӯди бисёр тундҷараён ва шитобанда буд, чунон ки зан наметавонист аз он бигзарад, магар он ки ҷома аз тан бадар карда ва бараҳна бошад. Ва мардуми пир, чунон ки дар номаи дин омадааст, яъне панҷоҳсола, ки онро ҳан han (муаннаси ҳана hana) номанд, ба мӯҷиби нотавонӣ ба нерӯи хеш бад-он гузар наметавонист кард.
Ҳангоме Зартушт ба канори он рӯд гузар дошт, аз зану марди пир ҳафт тан омада буданд, ки аз он руд гузар наметавонистанд кард. Вай чунон пуле шуд ва эшонро аз об гузар дод. Ин нишон ва киноят аз пул будани вай барои амалкунандагон ва динбоварон аст, яъне убурдиҳандаи мардумон ва ҳидоят кардан ба сӯи биҳишт аст.
Андар боби бахшандагӣ ва диҳиши ӯ
Чун хушксолӣ ба пайдоӣ омад, ончунон ки сутурон аз шиддати гуруснагӣ думи якдигарро мехӯрданд, Зартушт аз улуфае, ки Пурушасп барои сутурон анбор карда буд, натанҳо ба сутурони падар хӯрок мекард, балки, ба дигароне, ки улуфа надоштанд, низ диҳиш мекард, то дар тангно набошанд.
Андар боби раҳо кардани хостҳо ва амёли моддӣ ва баргузидани роҳи парҳезгорӣ
Чун ба бистсолагӣ расид, бар хилофи майли падару модар аз онон дур шуд ва хонаро тарк кард. Ба ҷустуҷӯ ва пурсидан пардохт, то дарёбад он ки чӣ касе аст парҳезгортарин ва дастгир-тарин аз дарвешон. Бад-ӯ гуфтанд, он кас куҳантарин писари Тур Аурвадуда (Aurvaito-dih, Aurvaitoda) мебошад, ки ҳар рӯз дар зарфе оҳанин, ки ба баландии андоми як асб аст, пур аз нону шир ва дигар хӯрокҳо ба дарвешон ниёз мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор