Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Пас, посух дод он карап, ки ба боло нигаристам, бад-он ҷиҳат буд, ки дидам, фарраи ин кӯдак ба осмон уруҷ кардӣ ва аз кирдори (омӯзишҳои) вай равони мардумон ба биҳишт андар шаванд. Ба поин нигаристам, дидам, ки аз кирдори вай девону дуруҷон ва ҷодугарону пирон дар зери замин бигрезанд ва пинҳон шаванд ва саранҷом ба дӯзах андар гарданд. Пас, ба атроф сар ҳамегардондам, ки дидам ва дарёфтам, ки гуфтори ин кӯдак ҳамаи заминро дарнаберардад ва чунон қонун дар ҳамаи ҳафт кишвар раво шавад ва ӯ ридое аз ҳафт пӯст ба бар дошт, ки фарраи ҳафт амшоспандон аз он пайдо бувад.
Он гоҳ, он карап, яъне Туриброд-Рухш ба пеш рафт. Чун ба сӯи рост рафт, Зартушт ба сӯи чап тохт. Чун ба сӯи чап рафт, Зартушт ба рост тохт ва аз Туриброд-Рухш пинҳон шуд, ки тур бад-ӯ даст натавонист ёфт.
Андар боби носозгории ӯ бо волидайн
Ин низ дар ривояти дини (Авесто) омада, ки девон ба анҷумани ҷодугарон ва ҳамроҳони онон рафта ва шикоят гузорданд ва бонг карданд, ки ин фарзанди Пурушасп бехирад ва нодон ва девона мебошад. На парвое аз мардон ва занон дорад ва на бар ин ки панд пазирад.
Аз анҷумани девон ин гузориш ба Пурушасп расид. Пас ба Зартушт гуфт: Пиндоштам, ки маро писаре зода шуда, ки осраван12, артиштор13 ва вострйуш14 шавад. Инак, менигарам, ки бехирад ва нодон ва девона ҳастӣ. Ба сӯи карапон шав, бошад, ки дармонат кунанд.
Зартушт вайро посух дод, ки: бияндеш, он писари ту осрун, артиштор ва востриюш аст.
Пас, Пурушасп бифармуд то ду асб ба гардуна бастанд ва бо Зартушт андар он савор шуд ва ба нишастангоҳи карапон рафтанд. Он гоҳ, Пурушасп достонро, чунон ки рӯй дода буд, барои яке аз он панҷ бародари карап бозгуфт, он ҷодугар ҷоме ба даст гирифт ва дар он мезид (шошид), пас гуфт: Ин писари ту, эй Пурушасп, аз ин бинӯшад, то тандурустӣ бозёбад. Вай бо ин равиш чораҷӯӣ кард, то бошад, ки Зартушт низ чун эшон шавад ва табъи дурустро бозёбад.
Зартушт ба Пурушасп гуфт, ки: ин ҷомро ба ӯ, ки пуштибони туст ва роҳнамову омӯзгор, баргардон. Он гоҳ бархост ва ба ҷойгоҳи худ бозгашт. Дар роҳи бозгашт Зартушт ба он ду асби гардуна, ба сабаби ташнагишон об дод. Пас, бо худ гуфт, ки рафтани ман ба назди он карапҳо беҳуда буд. Танҳо суд дар ин буд, ки ду асби ташнакомро об додам, ки аз ин кор кирдоре нек анҷом шуд.
Андар боби муҷодалаи вай бо бадон.
Рӯзе Дурисруби карап, ки яке аз панҷ бародар буд, ба хонаи Пурушасп омад. Пурушасп ҷоме аз шири асб ба пеши вай ниҳод ва гуфт бар ин йазишн (yazên) кун ва онро тақдис намой. Зартушт гуфт, ки: ман бояд онро язишн кунам15. Пурушасп гуфт, ки ӯ бояд ин кор кунад. То се бор шуд, ки Пурушасп гуфт, карап тақдис кунад ва Зартушт нагзошт. Саранҷом, Зартушт бо пои рост бар ҷоми шир зад ва онро бирехт ва гуфт, ки: Порсоиро меситоям. Мардон ва занони парҳезгорро меситоям. Эй Пурушасп, баҳра ва неъмат бад-он кас бахш, ки бад-он шоиста аст.

пешина
аз 314
навбатӣ