Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Аммо, ба хости Ҳурмузд ба вай газанде нарасид. Чун дар он даҳ шаби нахуст Ҳурмузд, Спандормаз, Аридвисур ва Ордой-Фравардмодгон (ва Нарон)-ро аз осмон ба замин фиристод. Ба ҳамин сабаб аз он бадхоҳӣ Зартуштро осебе нарасид ва дасти он карап хушк шуд. Пасон карап дар баробари осебе, ки ба вай ворид шуда буд, аз Пурушасп хост то ҷони Зартуштро дар ихтиёраш ниҳад. Пас Пурушасп дардам Зартуштро бардошт ва бар карап дод ва гуфт, ончи хоҳӣ бо ӯ бикун.
Пас он карап Зартуштро гирифт ва бибурд ва пеши пои галае аз говон, ки ба сӯи обишхӯр мерафтанд, афканд. Пас он гове, ки пешрави гала буд, ба ҷилави Зартушт биистод, то яксаду панҷоҳ гове, ки аз паси вай меомаданд, бигзаштанд ва Зартушт бидуни осеб монд. Пурушасп вайро бисутуд ва ба хона бурд.
Он карап дувум рӯз ӯро дар раҳгузари асбҳо қарор дод. Пас асбе, ки пешрави асбҳо буд, ба нигаҳбонии ҷилави Зартушт биистод, то яксаду панҷоҳ асбе, ки дар паси вай буданд, бигзаштанд ва Зартушт бидуни осеб монд. Пурушасп вайро бисутуд ва ба хона бурд.
Карапҳо севум рӯз ҳезум ба рӯи ҳам туда карда ва Зартуштро бар он ниҳода ва ба ҳезумҳо оташ андохтанд. Оташ ӯро ҳеҷ насӯхт ва он нишони озмоиши эзадӣ дар бораи Зартушт шинохта шуд.
Чаҳорум рӯз вайро он карап бар ошёнаи гург ниҳод. Он гоҳ гург дар ошёна набуд. Чун бозгашт, то ба лона андар шавад, ба бисту чаҳор гом монда, ҳамон ҷо биистод ва хушк шуд. Шабҳангом Баҳман ва Сурӯши парҳезгор меши крушакӣ krosak10, ки пистони пуршир дошт, ба ошёнаи гург бурданд, ки то бомдодон нарм-нармак ба Зартушт шир ҳаменӯшонид.
Бомдодон модари Зартушт бад-он умед дар ошёнаи гург устухоне аз фарзанд пайдо кунад, бад-он сӯй рафт. Меше дид, ки
аз ошёна берун омада ва фароз давид. Пиндошт, ки гург аст. Гуфт: Фарзандамро даридӣ ва бихӯрдӣ ва аз он аст, ки сер шуда ва ҳамеравӣ. Пас ба пеш рафт ва чун кӯдакро тандуруст ёфт, вайро ба оғӯш гирифт ва гуфт, ки: надиҳам туро ба нобудӣ ба кас, на ҳатто агар, эдар, мардуми ҳар дудаи Роғ ва Нӯзар ба ҳам расанд; чунин дуда андар Озарбойгон, андар муғонанд, ки аз Чичаст11 ба шаст фарсанг аст. Зартушт аз Роғ ва Виштосп аз Нӯзар буд. Ин дударо ба ном Роғ, писари Дурусрав Бигозгау, писари Манучеҳр аст, ки Зартушт аз тухмаи ӯ буд ва Нӯзар писари Манучеҳр аст, ки Гуштосп аз тухмаи ӯ буд.
Ин нишони паёмбарии ӯ дар ҳангоми зоиш буд.
Рӯзе яке аз он панҷ бародари карап Зартуштро дид. Дер замоне бо тааммул дар вай ба нигаристан пардохт. Бо гардиши сар ба боло, сипас ба поин ва атроф нигарист. Пас, Пурушасп, ки он ҳол бидид, пурсид аз карап, ки: аз чӣ ҷиҳат ба боло нигаристӣ ва аз чӣ ба поин ва барои чӣ ба атроф сар ҳамегардондӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор