Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин гуфтушунуд чу Зартушт тани моддӣ ва ҷисмонӣ дошт, ба сабаби астумандӣ ба баёни гетиёӣ7 сухан гуфт. Аммо, Ҳурмузд ба сабаби менуӣ будан ба забони менуӣ8 посух гуфт. Зартушт гуфт, ки: чун як паёмбар паём ва дини туро ба некӯӣ иблоғ мекунам ва порсоёнро ба некӣ роҳнамоӣ хоҳам кард ва дастури худ хоҳам буд.
Чун дигар рӯз шуд, Пурушасп рафт андар ҷое, ки ҷодугарон фароз буданд ва дар корҳо бо онон машварат ва ройзанӣ мешуд. Аз онон пурсид: Аз чист, ки кӯдакон ба ҳангоми зодан бигирянд ва аз чист, ки биханданд? Эшон посух доданд, ки: гиристанро сабаб он аст, ки маргмандии баночорро дар фарҷом бубинанд. Хандиданро сабаб он аст, ки парҳезгории хешро дар фарҷом нигаранд.
Дар бораи ному нишони бародарони Зартушт.
Андар боби бародароне, ки душманони Зартушт буданд ва ҳамкоми карапҳо.
Карапҳо ва Авсихшон бародар ва писар аз хонадони фракосторон, ки ҳамон кухриданд9, аз хашм ва Манушак, ки Манучеҳрро хоҳар буд, зода шуданд.
Бад-он замон, ки Зартушт зода шуд, панҷ бародар буданд, ки номҳои шон: Брод-Рухш (Brâd-ruxŝ), Брод- Руйишн (Brâd-rôyisn), Брод-Реш (Brâd-reŝ), Турброд- Рухш (Tur-brâd-ruxŝ), Ҳазон (Hazân, Azân) ва Вадаст (Vadast ё Wasm ё Nasm) буд.
Аз ин панҷ бародар, он ки Турброд-Рухш буд, Зартуштро бештарин душманиву кина дошт ва Зартушт низ бо чаҳор бародаре, ки дошт, ҳар панҷ фарзандони Пурушасп буданд, Зартушт фарзанди миёнини Пурушасп буд. Он чаҳор бародар, ки Зартуштро буданд, дуто ки меҳтар ва пеш аз Зартушт буданд, Ратуштар (Ratuŝtar) ва Рангуштар (Ranguŝtar) ном доштанд. Ва он ду, ки пас аз Зартушт буданд, Нудариго (Nôdarigâ, Вадариго, Wadarigâ, Wadrigâ) ва Нивидиш (Nividiŝ, Windataŝ, Hundadiŝ) номида мешуданд.
Миёна будани Зартушт бад-он маънӣ аст, ки вай миёнҷии пешиниён ва ояндагон аст. Дар замонае офарида шуд, ки ӯро се ҳазор сол аз пешомад ва се ҳазор сол аз пеши ӯ монда – то ҳар он чи, ба ҳар оин бар пешиниён рӯй дода, биёмурзад ва ончиро, ки ба ҳар оин ва куниш рӯй диҳад, низ ба офаридагон бифармояд. Чунон ки дар Госаҳо гуфта шудааст: Ин ҳар дуро аз ту мепурсам, эй Ҳурмузд; он чӣ то кунун рӯй додааст ва он чӣ пас аз ин рӯй хоҳад дод.
Дар бораи озмоише, ки дар бораи ӯ анҷом шуд ва нишони паёмбарӣ ва мӯъҷизаи эзадӣ, ки аз вай ба зуҳур расид
Рӯзи пас аз таваллуд Пурушасп назди яке аз панҷ бародар, ки аз карапҳо буданд, рафт ва аз вай дархост, то зоича гирад ва толеи фарзандашро бигӯяд. Пас он карап даъватро қабул карда ва ба хонаи Пурушасп шуд. Пеши Зартушт биншаст ва сари вайро сахт печид, то бошад, ки кушта шавад ва ҷодугарон аз тарсу ҳароси вуҷуди ӯ бираҳанд ва осуда шаванд.

пешина
аз 314
навбатӣ