Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи кӯшиши Аҳриман барои нобуд кардани Зартушт
Чун наздики зоиши Зартушт фаро расид, Аҳриман аз барои нобудии Зартушт ба кӯшиш пардохт. Пас деви таб, деви дард ва деви бодро ҳар як бо яксаду панҷоҳ деви дигар ба суи Зартушт гусел кард. Ин девҳо ба шевае нодиданӣ ба андаруни модари Зартушт ҳулул карданд. Он гоҳ Дуғдуя аз табу дарду бод ба ранҷ шуд.
Дар як фарсангии хонаи Дуғду ҷодупизишке бисёр озмуда ва забардаст зиндагӣ мекард, ки Стараг (Starag) ном дошт.
Модари Зартушт бар он шуд, то барои дармон ба назди вай равад.
Пайки Ҳурмузд бонг кард, ки: барои дармон ба назди ҷодугарон марав, чи дармони ту дар дасти эшон нест. Барои беҳ будан дар хона шав. Дастҳоро бишӯй. Онҳоро бо равғани гов, ки гарм шуда бошад, бимол. Низ ҳезум барои фарзанде, ки дар шикам дорӣ, бар оташ бигзор ва бӯи хуш (бихӯр) бар оташ неҳ. Дуғду чунон кард ва беҳбудӣ бозёфт.
Дигар бор Аҳриман девон ва ҳамкорони худро фаро хонд ва барои нобудии Зартушт фиристод. Онон ҳама ҳамоҳанг рафтанд. Натиҷае наёфтанд ва бозгаштанд ва гуфтанд, ки оташ аз ҳар сӯй равшанӣ дошт ва роҳе барои дастрасӣ вуҷуд надошт. Ҳар он касро, ки ёр бисёр бошад, ӯро душман набошад.
Андар ҳамон шабе, ки Зартушт зода шуд, Аҳриман саро-сема гашт. Пас сипоҳе аз девон баргузид. Омада аст, ки сипоҳ як ҳазор дев буд. Низ гуфтаанд, ду ҳазор будааст. Бо тохтутоз ба пайкори эзадон шитофтанд, ки нигоҳбони Зартушт буданд. Аммо фарра дар сари сипоҳи эзадон буданд, ки бар ҳифзи Зартушт гумошта буданд ва фарра худ ба ҳангоми зоиш ба сурати оташ ошкор шуд (ки пеш аз он низ дар Дуғду ва хонааш ба шакли равшании оташ намоён буд). Чун равшании он фарра то ҷоҳои дуре аз перомун метофт, девон барои роҳ ёфтан ва осеб ворид кардан чорае намеёфтанд.
Саранҷом, Аҳриман Акуманро барои осеб расонидан фиристод ва гуфт, ки: ту менутар4 ҳастӣ ва ба ман наздиктарӣ. Ба фиреб бар андешаи Зартушт нуфуз кун ва андешаи ӯро ба мо, девон мутамоил ва хоҳон соз. Дар ин пайкор Ҳурмузд низ Вуҳумана (Баҳман)-ро барои муқобила фиристод. Аммо Акуман зудтар ба наздики хона расида ва мехост, ки ба дарун равад. Вуҳуман ба чорагарӣ андешид. Пас ба Акуман гуфт, ки«андар шав».
Он гоҳ Акуман бо худ андешид, ки ончи Баҳман гуфт, ман набояд, ки он кунам. Ба ҳамин ҷиҳат бозгашт. Пас Баҳман дохил шуд ва ба андешаи Зартушт даромехт. Зартушт бихандид, бад-он сабаб, ки Баҳман менуи ромишбахш аст.
Ҳафт ҷодугар дар пеши ӯ нишаста буданд. Чун чунон диданд, ки равшанӣ андар хона медурахшид ба ҳангоми зоиш. Ва дар гоҳи зоиш Зартушт бихандид – бар хилофи дигарон, ки бигирянд, ҷодугарон тарсиданд. Дар ҳангоми зоиш Зартушт дастурии динро5 аз Ҳурмузд пазируфт. Андар номаи дин (Авесто) омадааст, ки чун Зартушт зода шуд, Ҳурмузд гуфт, ки коми аҳу6 он аст, ки Заут бошӣ ва пешвои офаридагон ва дини маро ба мардум бирасонӣ.

пешина
аз 314
навбатӣ