Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷовидонравон бод, Озарбоди Маҳраспандон, ки ин андарз кард ва ин фармон дод. Чунин бод!5
Чанд Вожаи Озарбоди Маҳраспандон1

  1. Ин чанд вожаро анӯшаравон Озарбоди Маҳраспандон даргузашт ба ҷаҳониён гуфт ва омӯзонд, ки ба ёд доред ва аз он кор гиред: анбор макунед, то он , ки ниёзе пеш наояд. Чунки захираи карда ба камтарин ниёз нарасад. 2. Танҳо барои анбоштани росткирдорӣ – кори нек кӯшед. Чи аз чизи барои анбоштан шояд нигоҳ доштан, танҳо росткирдорӣ – кори нек кӯшед. Чи аз чизи барои анбоштан шояд нигоҳ доштан, танҳо росткирдорӣ беҳтар аст. 3. Кин ба андеша мадоред, то ки душманонатон бар нахезанд. 4. Ва бингаред, ки аз душманро ба кин задан чи решу зиён ва нобудие пеш ояд. Кинро дар андешаи хеш бигузоред. Душманро аз кин мазанед. Чи пайдост, ки агар касе камтарин кинро фаромӯш кунад, аз он бузургтарин бим ва пули Чинвод2 ӯро бираҳонанд. 5. Дар бозҷӯйии додрасӣ сухани рост гӯед, то ки дар додгоҳ бовармандтар бошед. 6. Чи пайдост, ки марди гувоҳии рост дода, росткирдор бошад. Дурӯғпеша бувад он ки гувоҳии рост дорад, аммо онро намедиҳад. 7. Ба андоза хӯред, то ки дарозумр бошед. 8. Чи ба андоза хӯрдан барои тан беҳтар аст ва ба андоза гуфтан барои равон. 9. Ва марде, ки доройии камтарин дорад, чун дорои хӯйи муносиб бошад, тавонгар аст. Андозаро бештар ба равон кунед, то ба шикам. 10. Чун ки марди шикампуркун табоҳкунандаи руҳ бувад. 11. Зан аз пайванди хеш гиред, то ки пайванди шумо дуртар равад. 12. Чун ки бештар ошӯбу зиёне, ки ба офариниши Ҳурмузд омад, аз он рӯй буд, ки духтари хешро берун аз пайванд доданд ва барои писари хеш духтари касон ба занӣ хостанд, то нажод, табоҳ гардид. 13. Аз хӯрдани гӯшту говону гӯсфандон сахт парҳезед. Чун ки ин ҷо ба он ҷо омори сахт бошед. 14. Чи марде, ки гӯшти гову гӯсфандон хӯрдааст, даст дар гуноҳ дорад. Гуноҳе, ки андешад, гӯяд ва кунад. 15. Ва агар мурғчае хӯрдааст, даст дар гуноҳ дорад. Чун агар дар ҷои дигар марде уштуреро бикушад, он чунин бувад, ки онро ба дасти худ куштааст.
  2. Пазирандаи корвониён бошед, то ки ин ҷо ва он ҷо шуморо бештар пазиранд. 17. Чи он ки диҳад аз он баҳраи бештар ситонад. Ба меҳмонӣ он ҷойе нишинед, ки шуморо нишонанд. Ҷойи меҳтар он ҷоест, ки марди меҳтар нишинад. 18. Барои ҷоҳ макӯшед. Чун ки марди барои ҷоҳ кӯшанда бештар ошуфтаруҳ бувад. 19. Ба кори нек мувофиқ, ба гуноҳ мухолиф, ба некӣ сипосгузор, ба нохушӣ қонеъ, аз душман дур, ба кори нек безиён ва ба бад ёр набошед. 20. Ҳар гоҳ шигифттарин чиз расад, ба Яздону дин бадгумон мабошед. 21. Бисёр шод мабошед, ҳар гоҳ ба шумо некие расад. 22. Бисёр озурда мабошед, ҳар гоҳ ба шумо бадбахтие расад. 23. Ба бадбахтӣ қонеъ ва ба андӯҳ бурдбор бошед. Ба зиндагӣ густох мабошед, дар кори нек густох бошед 24. Чи неккирдорон ҳомии кирдори хешанд ва бадкирдорон душмани кирдори хеш. 25. Аз андешаҳо, гуфторҳо ва кирдорҳо кирдор бартар аст. 26. Чи ман, Озарбоди Маҳраспандонро ҳар бадбахтие, ки пеш омада бошад, аз ин шаш роҳи хушӣ онро пазируфтаам: 27. Нахуст ин ки: «Сипос, ки нохушиям ин аст. Чун ки аз ин бадтар шояд бувад». 28. Дигар ин ки: «Нохушӣ на ба равон, балки ба танам омад. Чи нохушии танро беҳтар шояд гузаронид, нохушии равонро». 29. Севум ин ки: «Аз нохушиҳое, ки барои ман доштаанд, яке гузашт». 30. Чаҳорум ин ки: «Сипос, ки ман чунин марди некам, ки Аҳримани гуҷастаи3 дурӯғпеша ва девон ин бадбахтиро аз некии ман ба танам овардаанд». 31. Панҷум ин ки: «Ҳар ки бадӣ ва нохушӣ кунад, ба ӯ ё фарзандони ӯ расад ва он чи бар сари ман омад, ба фарзандони ман нарасад». 32. Шашум ин ки: «Аҳримани дурӯғпеша ва девон ҳар бадбахтӣ, ки офаридаанд, барои офариниши Ҳурмузд дошта-анд. Он чӣ ба ман омад, аз «ганҷи» Аҳриман коста шуд ва онро ба марди неки дигар кардан натавон». 33. Аз нигоҳи бад, худписандӣ, душманӣ бо некон, хашмгинӣ, озварӣ4, ғайбату дурӯғ сахт бипарҳезед, то ки танатон бадном ва равонатон дурӯғпеша нагардад.
пешина
аз 314
навбатӣ