Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Агар хоҳӣ, ки аз кас дашном нашнавӣ, ба кас дашном мадеҳ! 93. Тунди ҳазаргӯй мабош, чи мардуми тунду ҳазаргӯй оташеро монанд, ки дар бешазор афтод ҳам мурғу ҳам моҳӣ сӯзад ва ҳам офариниши зиёновар сӯзад. 94. Бо он марде, ки падару модар аз ӯ озурдаанд ва нохушанд, ҳамкор мабош, то дод ба дурӯғ надорад ва туро бо касе дӯстиву меҳр набувад. 95. Аз шарму нанги бад равони хеш ба дӯзах масупор! 96. Сухан ба ду гуна магӯй! 97. Ба анҷуман ҷое, ки нишинӣ, наздики дурӯғгӯй манишин, то ту низ бас дардманд набошӣ 98. Чобукпой бош, то равшанчашм бошӣ. 99. Шабхез бош, то коранҷом бошӣ! 100. Аз душмани куҳан дӯсти нав макун, ки душмани куҳан мори сиёҳест, ки кини садсола фаромӯш накунад. 101. Дӯсти куҳанро дӯсти нав кун, чи дӯсти куҳан чун маи куҳан ҳарчанд куҳантар (бувад) ба хӯриши шаҳриёрон беш беҳтару сазовортар шояд. 102. Ситоиши Яздон кун ва дил ба ромиш дор, то аз Яздон барака ва некӣ бинӣ! 103. Марди шаҳриёрро нафрин макун, чи эшон посбони кишваранд ва дар андешаи некӣ ба ҷаҳониёнанд. 104. Ва туро гӯям писарам, ки (аз ҳама) чизи судманд барои мардумон хирад беҳ, чи агар худой накарда, дороӣ биравад ё чаҳорпой бимирад, хирад бимонад. 105. Дар пайравии дин бикӯш, чи бузургтарин хурсандӣ доноӣ ва бузургтарин умед менуст. 106. Ҳар гоҳ равони хеш дар ёд дор! 107. Вазифаи хешро барои номи хеш магузор! 108. Даст аз дуздӣ ва пой аз нарафтан ба анҷоми вазифа ва андеша аз орзуи паст боз дор, чи он ки кори нек кунад, подош бинад ва он ки гуноҳ кунад, ҷазо барад. 109. Ҳар ки душманонро чоҳ канад, худ дар чоҳ афтад. 110. Марди нек осояд ва марди бад ғаму андӯҳи гарон барад. 111. Зани ҷавон ба занӣ гир! 112. Май ба андоза хӯр, чун ки май аз андоза берун хӯрӣ, басе гуноҳ аз он расадат. 113. Агарчи афсуни мор бисёр хуб донӣ, даст зуд ба мор манеҳ, то туро нагазад ва дар ҷой намирӣ. 114. Агар чи шиноро дар об хуб донӣ, зуд ба селоб машав, то об туро набарад ва дар ҷой намирӣ. 115. Ба ҳеҷ оин меҳршиканӣ макун, ки дасти ҷазо ба ту нарасад.
  2. Дороии касон мабар ва (нигоҳ) мадор ва ба они хеш маомез, чи они хеш вайрон ва нобуд шавад, чун ки дороӣ, ки бо худ доред, худ наофаридаед ва ба он хеш... 117. (Бисёр) шод мабошед, чи мардум ҳамоно жарфои пур аз бодро монад, ки чун бод аз он биравад, аз он ҷой чизе намонад. 118. Мардум чун ширхорест, ки (чун) хӯ гирад ва ба он истад. 119. Ҳар гоҳ некӣ расад бисёр шод мабош! Ва ҳар гоҳ бадбахтӣ расад, бисёр андӯҳгин мабош! Чун некӣ замоне ба бадбахтӣ (бадал гардад) ва бадбахтӣ замоне ба некӣ ва ҳеҷ фарозе нест, ки аз пеши он нишебӣ (набувад) ва ҳеҷ нишебӣ нест, ки аз паси он фарозе (набувад). 120. Дар хӯриш хӯрдан ҳарис мабош! 121. Аз ҳар хӯриш махӯр ва зуд-зуд ба суру базми бузургон машав, то хор мабошӣ. 122. Ин чаҳор чиз ба тани мардумон бад аст, ки ноогоҳ бо хештан кунад: яке – зӯрӣ намудан, яке – шукӯҳи абарманишӣ, ки бо марди сарватманд дар набард барад, яке – меҳтари ҷавонхислат, ки духтари ноболиғро ба занӣ гирад, яке ҷавонмарде, ки зани пирро ба занӣ гирад. 123. Аз комиландешӣ мардумдӯстӣ ва хушсуханӣ хушхӯиро донистан шояд. 124. Ва туро гӯям, писарам, ки барои мардумон аз ҳама беҳтар чиз хирад аст.
пешина
аз 314
навбатӣ