Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Дар базм пайкор макун. 29-30. Мардумро мазан! Барои ҷоҳ макӯш! 31. Бо марди озоданажод ва корогоҳу зирак ва хушхӯ машвара кун ва дӯст бош! 32. Бештар аз он тарс, (ки) дар набард бори гарон бар ту набувад. 33. Аз марди нерӯманди кинаберар дур бош! 34. Бо марди дабир дар хилоф мабош! 35. Бо марди ҳазаргӯй рози худ (ошкор) макун! 36. Марди баландпояи доноро гиромӣ дор, аз ӯ сухан бипурс ва аз ӯ сухан бишнав! 37. Ба ҳеҷ кас дурӯғ магӯй! 38. Он киро шарм нест, аз ӯ чиз магир! 39. Ошкор чиз ба гарав манеҳ! 40. На ба рост ва на ба дурӯғ савганд махӯр! 41. Агар хона (бунёд) кардан хоҳӣ, нахуст ҳазина ба миён кун! 42-43. Барои хештан худ зан бихоҳ! Агар хоҳӣ, ки туро дороӣ (буда) бошад, нахуст обу замини кишт ва замини бештар бихар, чи агар ҳам бар надиҳад, бунёди он ба миён бувад3. 44. То чанд тавонӣ мардумон ба сухан маозор! 45. Ба кину зиёни мардумон марав! 46. Ба дороӣ чандон, ки тавонӣ родӣ кун! 47. Ба ҳеҷ кас фирефторӣ макун, то ту низ беш дардманд мабошӣ! 48. Марди пешворо гиромӣ ва бузург дор ва сухани ӯро бипазир! 49. Ҷуз хешовандону дӯстон чиз ба қарз магир! 50. Зани шармгинро дӯст бош ва ӯро ба занӣ ба марди зираку доно деҳ, чи марди зираку доно чунон (аст) монанди замине некӯ, ки дар он тухм афканӣ, аз он хӯрданиҳои гуногун (берун) ояд. 51-52. Ошкоргӯ бош. Ҷуз баандеша сухан магӯй! 53. Ба ҷуз оини (муқаррарбуда) қарз мадеҳ! 54. Зани фарзонаву шармгинро дӯст бош ва ӯро ба занӣ хоҳ! 55. Марди хушхӯ ва дурусту корогоҳро ба домодӣ гир, ҳар чанд бемоя бувад; охир дороӣ аз Яздон расад. 56. Ба марди меҳтар афсӯс макун, ки ту низ меҳтар шавӣ! 57. Марди сангдилро нигаҳбони зиндон макун, мардуми баргузидаи бузургу ҳушёрро бар бандиён зиндонбон кун! 58. Агар туро писаре бувад, ӯро дар кӯдакӣ би дабиристон бидеҳ, чун ки омӯзиш рӯшании чашм аст. 59. Сухани тез ба андеша гӯй, чи сухан хуб гуфтан аст ва ҳаст хомӯш будан ва хомӯш будан беҳ аз он ки гуфтан.
  2. Марди ростгуфторро пайғомбар кун! 61. Марди гирифторро ба боварӣ сазовор мадор ва марди боваримандро барош ҳазина кун, ба ҳар оин, ки битвонӣ! 62-63. Сухан нарм гӯй! Гуфтор нарм дор! 64-65. Андеша рост дор! Хештан маситой, то росткирдор бошӣ! 66. Дар (нисбати) шаҳриёрону подшоҳон сангдил мабош! 67-68. Аз рои мардони меҳтар ва хуб сухан пурс! Аз марди дузд чиз маситон ва мадеҳ ва эшонро табоҳ кун! 69. Аз бими кефару дӯзах нигаронӣ кун! 70. Ба ҳар касу ҳар чиз густох мабош! 71-72. Некфармон бош, то некбаҳра бошӣ! Бегуноҳ бош, ки бебим бошӣ! 73-74. Сипосдор бош, то ба некӣ боварманд бошӣ! 75-76. Ростгуфтор бош, то устувор бошӣ! Хирадманд бош, ки дӯст беш (дошта) бошӣ! 77. Дӯсти беш дошта бош то некном бошӣ! 78-79. Некном бош, то некзист бошӣ! Хуббаҳраву диндӯст бош, то порсо бошӣ! 80. Равонпурс бош, то биҳиштӣ бошӣ! 81. Парастанда бош, то гарудмонӣ4 бошӣ! 82. Зани касон мафиреб, чи ба равонат гуноҳи гарон бувад. 83. Мардуми бешараф ва носипосро (нигоҳ) мадор, чи туро сипос надоранд! 84. Равони хешро бо хашму кин табоҳ макун! 85. Чун хонандат, нек посух кун, ба нармӣ таъзим кун, чи аз таъзим кардан пуштат нашиканад ва аз пурсиши нарм даҳон ганда нашавад! 86-87. Сухани зишт магӯй! Чун ба анҷуман нишинӣ, наздики мардуми бадгоҳ ҷоҳил манишин, то ҷоҳилпадидор нашавӣ! 88. Дар анҷумани сур ҳар ҷой, ки нишинӣ, ба ҷои боло манишин, то аз он ҷой нахезонандат ва ба ҷои поёнтар нашинонанд. 89. Ба дороиву чизи гетӣ густох мабош, чи дороиву чизи гетӣ мурғеро монад, ки аз ин дарахт ба он дарахт нишинад ва ба ҳеҷ дарахт напояд. 90. Ба падару модари хеш бо эҳтиром ва чокару фармонбардор бош, чун ки мардро то падару модар зинда (аст), чун шерест, ки дар беша аз касе натарсад ва он ки ӯро падару модар нест, чун зани беваест, ки чизаш ситонанд. чизе кардан натавонад ва ҳар кас хораш кунад. 91. Духтари худ ба марди зираку доно бидеҳ, ки марди зираку доно чун замини некӯст, ки тухм бад-он афканад, аз он хӯшаи фаровон бадар ояд.
пешина
аз 314
навбатӣ