Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
207-6 Поённавишти дастнависи ТД1
Ман динбанда, дастур Рустам, писари Гуштосп, писари Ардашер ин дафтарро, ки Губадшо, писари Рустам, писари Бундор, набишта буд, дидам, писандидаму дуруст кардам то ҳар ки хонанд, анушагӣ ба равони ӯ расонанд.
Эдун бод! Ман динбанда, дастур Ҷамшед, писари дастур Ҷомосп, писари дастур Ҳаким ин дафтарро, ки Губадшо, писари Рустам, писари Бундор набишта буд, дидам, хондаму писандидам. Дар рӯзи Амурдод моҳи Ардибиҳишт, сол бар ҳазору яксаду сездаҳ пас аз Яздигурд шоҳаншоҳ.
240-8 Поённавишти дастнависи ТД2
Фарҷом ёфт ба дуруду шодиву ромиш дар рӯзи Аштод, Моҳи Тир, сол бар нуҳсаду ҳафтоду панҷ пас аз бағ1 Яздигурд шоҳаншоҳ. Ман динбанда Фаридун писари Марзбон, писари Фаридун, писари Баҳром, писари Рустам, писари Бундор, писари Шоҳмардон, писари Динёр, навиштаму фароз ҳиштам аз баҳри хешии ҳама – пирӯзгар Рустами Фаррухзод, писари Эзидёр.
109–13 Поённавишти дастнависи ДН
Фарҷом ёфт ба дуруду шодиву ромиш, дар рӯзи Дин, моҳи Хурдод, сол бар нуҳсаду чиҳилу шаш пас аз бағ Яздигурди шоҳаншоҳ. Ман динбанда марзбон писари Фаридун, писари Баҳром, писари Рустам, писари Бундор, писари Шоҳмардон, писари Динёр навиштам аз нусхаи Ардашер, писари Баҳромшод, писари Рустам, писари Баҳромшоҳ. Ӯ аз нусхаи Анушаравон, ҳирбадзода, Исфандиёр, писари Маздин хост, писари Зодспарам (навишт), ки равони парҳезгорашон гарудмонӣ бод, Эдун бод! Навиштам, фароз ҳиштам то (фарзандам?) яксаду панҷоҳ сол ба озодагӣ, беҳдинӣ кор фармояд; то пас аз яксаду панҷоҳ сол ба фарзандони поку2 динбурдор бисупорад.
Чунонки ӯро ба гетӣ тан ба кор аст, ба мину, ҳамон гуна ӯро равон ба кома (бод) касе, ки бихонаду аз он биёмӯзад.
Ҳангоме ки нусхае аз он карда шуд ё карда шавад, аз хонандагон хоҳишмандам бад-он бо назари мусоиду ҳусни
таваҷҷӯҳ бошанду маро ба тавба пас аз даргузашт арзонӣ доранд.
Ман, ки навиштам, барои хеши худу фарзандони худ навиштам, то сол, яксаду панҷоҳ сол (кор фармоянд) чунонки дар пеш гуфтам.3
Якест роҳу он парҳезгорист ва дигар ҳама бероҳ аст. Андар Кирмоншаҳр, ки дар «Дин» онро Патишхоргар гӯянд, ҳирбад Ардашер, писари Баҳромшоҳ, писари Рустам, писари Баҳромшоҳ ба анҷом расонид. Ҷомоспон Гуштоспро писанд афтоду наск андар навишт.
Офарин Пайғамбари Зардушт
(Ба Гуштосп)1
- Манам порсое, ки ба ту офарин ҳамехонам, ба ту, ки маро аз фарраи (эзадӣ) бархурдор менамоӣ. Он гоҳ гуфт Зардушт ба Кайгуштосп: Ба ту офарин хонам, эй марде, ки турост подшоҳӣ, бикунад, ки аз зиндагии хуб, аз зиндагии бартар, аз зиндагии баланд баҳравар шавӣ, бикунад, ки ту ва мардони ту (дер) зиянд ва занони ту (дер) ва фарзандони тании ту (дер) зиянд. 2. Бикунад, ки яке аз фарзандони ту монанди Ҷомосп2 шавад, ки ба шоҳи кишваре чун ту, Гуштосп офарин хонад, бикунад ту чун Маздо судбахш шавӣ, чун Кайковус зӯрманд шавӣ, чун Ушнар3 пурҳуш шавӣ, чун Таҳмурас зинованд4 шавӣ. 3. Бикунад монанди Ҷамшеди аз гала ва рама бархурдор, дорандаи фарраи (эзадӣ) шавӣ, монанди Ажидаҳоки баддин5 аз ҳазорчистӣ бархурдор шавӣ, монанди Сиёвахши зебопайкар беолоиш шавӣ. 4. Монанди хонадони Атбин6 аз гала ва рамаи бисёр баҳравар шавӣ, монанди Пурушасп7 дорандаи асбҳои бисёр шавӣ, монанди Зартушти Спитамон пок шавӣ. Бикунад ҳаммонанди Навози8 забардаст бад-он сӯи Рангҳо гароӣ, бикунад дӯстдошташудаи эзадон шавӣ, ончунон ки зар дӯстдошташудаи мардумон аст. 5. Бикунад, ки аз ту даҳ писар оянд9, ки се тан аз онон пешвоёни динӣ (Отурбонон), се тан аз онон размиён (артишдорон), се тан аз онон монанди кишоварзони галапарвар (вастриюшон) шаванд10, бикунад яке аз онон ҳаммонанди ту Гуштосп шавад. 6. Бикунад чун Хуршед аз асбҳои тезтак бархурдор шавӣ, бикунад чун Моҳ равшан шавӣ, бикунад чун Озар фурӯзон шавӣ, бикунад чун Меҳр тунду чолок шавӣ, бикунад чун Сурӯш11 пок, хубболо ва пирӯзгар шавӣ. 7. Бикунад монанди Рашн дурустоин шавӣ, бикунад монанди Баҳроми Аҳуроофарида12 барандозандаи бадманишон шавӣ, бикунад монанди Роми хостар13 пурбахшоиш шавӣ, бикунад монанди Кайхусрав аз беморӣ барканор ва бемарг шавӣ.14 8. Дар поёни ин офарин ба биҳишти равшанпокон расод, дар он ҷое, ки аз ҳама гуна бахшоиши (эзадӣ) бархурдоранд. Аса ҷамиёт яс офаринномӣ. Бишавад, чунон пеш ояд, он чунон ки ман хосторам.15 Андарзи Озарбоди Маҳраспандон1 Ба номи Яздон. Ин (аст) Андарзи Озарбоди Маҳраспандон. 1. Ин пайдост, ки Озарбодро фарзанди танизод набуд ва пас аз он ки умед ба Яздон кард, дере нагузашт, ки Озарбодро фарзанд шуд ва аз росткирдории Зардушти Спитамон (ӯро) Зардушт ном ниҳод ва гуфташ, ки бархез, писарам то (туро) фарҳанг омӯзам. 2. Писарам, некандеш бош, на гуноҳандеш, чӣ мардум то замони ҷовидон зинда набошанд ва чизи менӯи бештар (бояд хостан). 3. Он чи бигзашт, фаромӯш кун ва барои он чӣ наомадааст, тимору андуҳ мабар! 4. Ба марди худо ва солор худрой ва густох мабош! 5. Ҳар чӣ бароят нек нест, ба дигар кас низ макун! 6-7. Андар Худоёну дӯстон ягона бош! Хештан ба бандагӣ ба касе маспор! 8. Ҳар кас бо ту хашму кин равад, аз ӯ дур бош! 9. Пайваста ва ҳар гоҳ умед ба Яздон дор ва онро дӯст бигир, ки бароят судмандтар бошад. 10. Ба чизи Яздон ва амаҳраспандон кӯшо ва ҷонсупор бош! 11. Роз ба занон мабар! 12. Ҳар чӣ бишнавӣ, бишнав, лек ҳарза магӯй! 13. Зану фарзанди хеш ҷуз аз фарҳанг берун магузор, то тимору андӯҳи гаронат нарасад ва пушаймон нагардӣ! 14. Беҷо маханд! 15-16. Шухӣ ба андоза кун! Ба ҳеҷ кас афсӯс макун! 17-18. Ба марди бадогоҳ2 ҳамроҳ мабош! Бо марди хашмин ҳамроҳ мабош! 19. Ба марди ҳазаргӯй ҳамроз мабош! 20. Бо марди пурхӯр ҳамхӯриш мабош! 21. Бо марди маст ҳамнӯш мабош! 22. Аз марди бадгуҳар ва марди баднажод қарз маситон ва мадеҳ; чи баҳраи гарон бояд додан ва ҳар гоҳ ба дари ту истад ва ҳамеша пайғомбар ба дари ту дорад ва ӯ зиёни гарон бувад. 23. Марди бадчашмро ба ёрӣ магир. 24-25. Ба марди рашкбар дории (хеш) манамой. Дар паймон ҳукми дурӯғро ба муҳри худ тасдиқ макун! 26. Аз марди табоҳкору дурӯғгӯй сухан машнав. 27. Ба ҷазо додани мардумон макӯш!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор