Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Меҳрвироз писари Нарси, писари Афзудгак, писари Ширгушнасп, писари Параштуҳ, писари Урватга, писари Таҳам, писари Зарир, писари Дуросирав, писари Мануш, писари Дурномиг, писари Зоғ, писари Машвок, писари Нӯзар, писари Манучеҳр аст.
Меҳраковид писари Мардонвеҳ, писари Офарнбағвиндод, писари Виндод, писари Пайдог, писари Войбухт, писари Баг, писари Войбухт аст.
Модар, ки аз ӯ ман зода шудам, духти Фаррамоҳ, писари Чаҳорбухт, писари Моҳёр, писари Моҳбандак, писари Моҳбухт, писари Пусоншод, писари Мардонвеҳ, писари Офарнбағвиндод, писари Виндод, писари Пайдог, писари Войбухт, писари Баг, Войбухт аст.
Дигар ҳамаи мубадонро, ки ба « Худойнома»1 аз ҳамон давра хонанд, аз ин тухмаи Манучеҳранд. Ин мубадон низ, (ки) акнун ҳастанд, ҳамаро аз ҳамон дуда хонанд. Ва ман, Фарнбағро, ки Додагӣ хонанд, писари Ашаваҳишт, писари Ҷувонҷам, писари Баҳромшод, писари Зартуштам. Зартушт писари Озарбад, писари Мероспанд аст. Зодспарам писари Ҷувонҷам, писари Озарбад, писари Имед, писари Ашаваҳишт, писари Фаррасурӯш; ва дигар мубадон аз ҳамон дуда будаанд. Инро низ гӯяд, ки ба як зимистон, (ба) панҷоҳ рӯз, дини маздаяснон ба шаш кишвари дигар биёмад.
БАХШИ БИСТУ ДУВВУМ
Дар бораи солшумори тозиён ба дувоздаҳ ҳазор сол
(Чунин) гӯяд ба «Дин», ки се ҳазор сол ҳастии минуӣ буд, ки офариниш бе андешаву бе ҷунбишу нобисуданӣ буд, (ки) ҳазорахудоии1 Барра, Гову Дупайкар буд. Се ҳазор сол Каюмарсро ба Гов ҳастии бе патёра2 буд (ки) ҳазорахудоии Харчангу Шеру Хӯша буд, ки (рӯи ҳам) шаш ҳазор сол буд. Чун ҳазорахудоӣ ба Тарозу омад, Аҳриман дартохт. Каюмарс дар (даврони) тозиш, си сол зист. Пас (аз) чиҳил сол, Машӣ ва Машёна фароз рустанду панҷоҳ сол он буд, ки эшонро заношӯӣ набуд. Наваду се солу шаш моҳ бо ҳам зану шӯй буданд, то он ки Ҳушанг ба бурноӣ омад. Ҳушанг чиҳил сол, Таҳмурас си сол, Ҷам – то фарра аз ӯ бишуд – шашсаду шонздаҳ солу шаш моҳ.Пас аз он яксад сол дар гурез буд, (ки) ҳафтсаду шонздаҳ солу шаш моҳ буд.
Пас, ҳазорахудоӣ ба Каждум омад. Заҳҳок як ҳазор сол шоҳӣ кард. Пас ҳазорахудоӣ ба Нимасп омад. Фаридун понсад сол шоҳӣ кард.
Дар ҳамин понсад соли Фаридун, Эраҷ дувоздаҳ сол (шоҳӣ кард, пас ) Манучеҳр яксаду бист сол (шоҳӣ кард). Дар ин шоҳии Манучеҳр, ҳангоме ки ба Патишхоргар буд, Афросиёб дувоздаҳ сол (шоҳӣ кард). Зоб писари Таҳмосб се сол, Кайқубод понздаҳ сол шоҳӣ (карданд). Сом дар он (замонаи) Зобу Қубоду Манучеҳр буд. Кайковус то рафтан ба Осмон ҳафтоду панҷ сол ва пас аз он ҳафтоду панҷ сол, рӯи ҳам яксаду панҷоҳ сол, Кайхусрав шаст сол, Кайлуҳросп яксаду бист сол, Кайгуштосп то омадани дин сӣ сол (шоҳӣ карданд); шумор як ҳазор сол аст. Пас ҳазорахудоӣ ба Буз омад. Зартушти Испитмон ба паёмбарӣ аз додор Ҳурмазд ба Гуштоспшоҳ омад. Гуштоспшоҳ, пас (аз) пазируфтани дин, навад сол, Баҳман писари Исфандиёр яксаду дувоздаҳ сол, Ҳумойи Баҳмандухт си сол, Дорои Чеҳрозодон, ки Баҳман3 аст, дувоздаҳ сол, Дорои Дороён чаҳордаҳ сол, Искандари Румӣ чаҳордаҳ сол, Ашкониён, (ки) ба шоҳии парҳезгорона4 ном доранд, дувисту анде сол, Ардашери Бобакону Сосониён (ба) омор чаҳорсаду шаст сол (шоҳӣ карданд), то тозиёни ҳанушаг ба соли чаҳорсаду чиҳилу ҳафти порсӣ5 ҷои (эшон) гирифтанд. Акнун панҷ (сад)у бисту ҳафти порсӣ аст. 6 ПОЁННАВИШТАҲО

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор