Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба Аспаруг кадхудоии Сипоҳон дода шуд. Ба Хусрав кадхудоии Рай дода шуд. Ба Мориндак шоҳии Патишхоргару ниёшумориву муқими дарбор будан20 дода шуд. Пайк рафтану шабхон21 кардан, нек зистан, осон зистану ҳамеша пирӯзӣ бар душманон (доштан аз эшон аст). Аз Дастон Рустаму Завора22 зоданд.
Пурушасп писари Питарасп, писари Ҳаечатасп, писари Чашнуш, писари Питарасп, писари Арғидаршан, писари Ҳари-тор, писари Испитман, писари Ваидишт, писари Айазм, писари Раҷн, писари Дурасру, писари Манучеҳр аст. Чун Питараспро ду писар буд, яке Пурушасп, яке Оростӣ; аз Пурушасп Зартушт, Вадарга, Ҳандаенит зоданд, аз Оростӣ Мадйумоҳ зод. Зартушт чун дин оварду нахуст дар Эронвиҷ фарозйашт, Паршитвату23 Мадйумоҳ аз ӯ пазируфтанд.
Мубадони Порс ҳама бад-ин тухма (ба) Манучеҳр бозшаванд, (ки баъдан) тафсил кунам. Аз Зартушт се писару се духтар зода шуд.
Яке Исатвастару яке Урвататнару яке Вуручеҳр; ки Исатвастар осурван, мубадон мубад буд. Ба яксадсолаги дин даргузашт. Урвататнар вастрйуш (буд) ӯ сарвари Вари Ҷамкард, ки зери замин аст. Вуручеҳр артиштору сипоҳсолори Пешйутани Гуштоспон, ба (он ҷо, ки) Кангдиж хонанд, (буд). Се духтари (Зартушт) яке Френ, яке Срит ва яке Пуручист ном буданд. Урвататнару Вуручеҳр аз чакарзан дигарон аз подшозан буданд. Аз Исатвастар писаре зода шуд, Урварвизак ном буд, ӯро Арвазбиродон хонанд. Бад-он сабаб, ки аз зани чакар буд, он гоҳ (вайро) ба астурӣ24 Исатвастар бигуморанд. Он гоҳ се писари Зартушт, ки Ушедар, Ушедармоҳ ва Саошйанс (анд) аз Ҳвови буданд. Чунин гуяд, ки Зартушт се бор ба наздикии Ҳвови зан ҳамешуд. Ҳар бор он тухм ба замин шуд, Нарйосанг эзиди равшаниву рӯз он тухмро пазируфту ба нигаҳдорӣ ба Аноҳид эзид супурд. Ба ҳангоми худ ба модар омезанд. Нуҳ ҳазору нуҳсаду наваду нуҳ пайванд фраваҳри парҳезгорон ба посбонӣ гуморида шудаанд. Модари Зартушт Дуғдви ном буд. Падари модари Зартушт Фарҳумарувонон ном буд.
БАХШИ БИСТУ ЯКУМ
Дудаи мубадон
Баг писари Войбухт, писари Озарбанда, писари Моҳдод, писари Мадйумоҳ писари Фарравахшвиндод, писари Мадйумоҳ, писари Кад, писари Мадйумоҳ, писари Оростӣ, писари Питарасп, ки Баг дар (замони) Шопур писари Ҳурмазд, мубадон мубад буду Кад дар замони Доро бузургфрамадор буд.
Озарбад писари Мороспанд, писари Додордой, писари Додирахт, писари Ҳудин, писари Озардод, писари Манучеҳр, писари Баҳманчеҳр, писари Фарашан, писари Байак, писари Фаридун, писари Фрашуштар, писари Пурушасп, писари Невасп, писари Невар, писари Вахш, писари Ваҳидру, писари Фарашт, писари Гак, писари Вахш, писари Фрашн, писари Раҷан, писари Дуросирав, писари Манучеҳр аст.

пешина
аз 314
навбатӣ