Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Зоб писари Таҳмосп, писари Канак, писари Бираз, писари Шат, писари Арауш, писари Ҳуасп, писари Ваетанг, писари Рағ, писари Нудаеа, писари Машвок, писари Нӯзар, писари Манучеҳр аст. Аз Зоб се писару духтаре зода шуд: Қубод нобурное дар сандуқе12 буд. ( Ӯро) ба рӯд биҳиштанд, ба маҳфаза биафсурд. Зоб бидид, бистид, бипарварду фарзанди ёфта ном ниҳод. Аз Қубод Кайапиваҳ зода шуд. (Аз Кайапиваҳ) Кайорашу Кайбаё-рашу Кайпасин ва Кайковус зода шуд. Аз Кайковус Сиёвахш зода шуд ва аз Сиёвахш Кайхусрав зода шуд.
Гаршоспу Урвахш (ки) ҳарду бародар буданд, писари Атрахт писари Сом, писари Турак, писари Испаенасп, писари Дурушап, писари Фаридунанд.
Луҳросп, писари Зоб, писари Мануш, писари Кайпасин, писари Кайапиваҳ, писари Кайқубод аст ва аз Кайлӯҳросп Гуштоспу Зарир ва дигар бародарон зода шуданд. Аз Гуштосп Исфандиёру Пашйутан зода шуданду аз Исфандиёр Баҳману Озартаришу Меҳртариш ва дигарон зода шуданд.
Ардашери Бобакон, ки ӯро модар духти (Бобак аст, падар) Сосон, писари Беҳофарид, писари Зарир, писари Сосон, писари Ардашер аст, ки Баҳман, фарзанди Исфандиёр, хонда шуд.
Модари Кайапиваҳ Фаронак фарзанди Вадарга, писари Фарашта, писари Урватга, писари Фарашт, писари Рағ, писари Дуросирв, писари Манучеҳр аст.
Инро низ гӯяд, ки фарраи Фаридун дар дарёи Фарохкард ба найбун нишаст. Видарга ба ҷодуӣ гове он ҷо раҳо кард.13 (Худ низ) бад-он ҷо шуд. Як сол он ҷо най дуруд, ба гов дод, то фарра ба гов шуд. Говро овард, шир дӯшид, ба се писаре, ки ӯро буд, дод, ки Вомун, Шуну Чангарангҳо (янд). Фарра ба писарон не, балки ба Фаронак шуд. Вадарга Фаронакро куштан хост. Фаронак, дорои Фарра, аз теғи падар (раҳо) шуданро паймон кард, ки: «Нахустин фарзандро ба Ушбом диҳам». Пас Ушбом ӯро аз падар раҳоӣ бахшид. Нахустин фарзанд, Кайапиваҳ зода шуд, бо Ушбом дода шуд, инак бо Ушбом асту ҳамкори Ушбом дар (даврони) омезагӣ шуд.
Модари Зоб, духти Вомуни ҷодугар, ҳамтухма бо Афросиёб аст.
Ин шаш фарзанд низ аз Сом зода шуданд, ҷуфт-ҷуфт, нару мода: як (ҷуфт) Дамуку як (ҷуфт) Хусраву як (ҷуфт) Мориндак ном буд. Марду занро бо ҳам ном яке буд. Яке аз эшонро ном Дастон буд. Аз эшон ӯро фарозтар дошту подшоҳии сакоёну ноҳияти Нимрӯзро бад-ӯ дод. Кадхудоии Абрашаҳрро ӯ шукӯҳ14 бахшид. Абаршаҳрро чунин гӯяд, ки Абарнагшаҳр аст. Сурӯш15 ва Ардибиҳишт офарин ба пайванди эшон16 карданд. Бад-ин рӯй, аспдорӣ, зиноварӣ17 ситабркамонӣ,18 покизагиву пайдоӣ19 ва ромишу хунёгариву баландовозагӣ бар эшон бештар аст.
Ба Дамук кадхудоии Осуристон дода шуд. Шоҳиву доди шоҳӣ оростану (ба) дарёнавардӣ ранҷи сахт бурдан ба эшон буд.

пешина
аз 314
навбатӣ