Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Заҳҳок писари Арвадасп, писари Зингов, писари Исбирафшанг, писари Тоз, писари Фаравог, писари Сиёмак аст. Аз сӯи модар, Заҳҳок писари Увдак, фарзанди Байак, писари Тамбайак, писари Увуйах, писари Паириур, писари Воуруаесм, писари Гадвиту, писари Драваскан, писари Аҳриман аст.
Фаридун писари Исфиёни Пургов, писари Исфиёни Сауг-гов, писари Исфиёни Бӯргов, писари Исфиёни Сиёҳгов, писари Исфиёни Сапедгов, писари Исфиёни Дафргов, писари Исфиёни Рамагов, писари Исфиёни Ванфурӯғгов,6 писари Исфиён, писари Ҷам, писари Вивангаҳон. Чунонки эшон, ба ҷуз Исфиёни Пургов, даҳ пайванданд. Ҳар як яксад сол бизистанд, ки ҳазор сол7 аст.
Он як ҳазор сол подшоҳии бади Заҳҳок буд. Аз Исфиёни Пургов Фаридун зод, ки кини Ҷам хост. Фарзандони дигари (ӯ) Бармоюну Катоюнанд. Фаридун аз эшон пурфарратар буд. Аз Фаридун се писар зода шуд, Салму Туру Эраҷ. Аз Эраҷ ду писару духтаре зода шуд. Писарони дугона Вонитору Анастуҳ ном буданд. Духтар Гузак ном буд.
Салму Тур Эраҷ низ фарзандону ахлофи8(ӯро) ҳама куштанд. Он духтарро Фаридун пинҳонӣ бидошт. Аз он духт духте зода шуд. Эшонро огоҳӣ омаду модари он духтарро куштанд. (Он духтарро) Фаридун ҳаме пинҳон бикард, то даҳ пайванд, (то) ҳангоме ки Мануши Хуршед-ба-бинӣ аз модар зода шуд. (Мануши Хуршед-ба-бинӣ хонда шавад) зеро ҳангоме ки зода шуд, равшании Хуршед ба бинии (ӯ) афтод. Аз Мануш ва хоҳари (ӯ) Манушхурнар, аз Манушхурнар ва хоҳари (вай) Манучеҳр зода шуд, ки Салму Турро кушту кини Эраҷ хост. Аз Манучеҳр Фрийа ва Нӯзару Дуросирав зода шуданд. Чунонки Манучеҳр писари Манушхурнар аст, (ки) Манушхуварнак аст, ки (ӯро) модар Гузак, (духтари) Эрак фарзанди Тритак, фарзанди Фрагузак, фарзанди Гузак, фарзанди Эраҷ, писари Фаридун аст.
Афросиёб писари Пашанг, писари Заешам, писари Турак, писари Испаенасп, писари Дурушап, писари Тур, писари Фаридун аст. Чунон ки (Афросиёбу) Гарсеваз, ки (ӯро) Кайдон хонанд, ва Ағрирас ҳар се бародар буданд. Аз Виса Пирону Ҳумону Шон ва дигар бародарон зоданд. Аз Афросиёб Фараспи Чӯлу Шону Шида ва дигар фарзандон зоданд. Виспон Фрийа9, ки Кайхусрав аз ӯ зода шуд, духтари Афросиёб буд, бо Фараспи Чӯл ҳаммодар буд. Аз Фараспи Чӯл Сулигу Осулиг ва дигар фарзандон (зоданд). Аз эшон Аностирахту Шонирахту Шондорахт (?) ва Фаршоварду Ловаҳак ва дигарон зода шуданд, ки тафсил дароз аст. Аз Ағрирас Губадшо зода шуд. Ҳангоме ки Афросиёб Манучеҳрро бо Эрониён дар кӯҳи Патишхоргар кӯҳтор10 карду сичу тангӣ11 барҳишт, Ағрирас аз эзидон оифат хосту он некӣ ёфт, ки он сипоҳу гунду эрониёнро аз он сахтӣ раҳоӣ дод. Афросиёб бад-он баҳона Ағрирасро ба подоши он, фарзанде чун Губадшо зода шуд.

пешина
аз 314
навбатӣ