Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Мард аз мард пурсад, ки: «Он чанд сол куҷо будиву туро ба равон доварӣ чӣ буд, парҳезгор будӣ ё дурванд?»
Нахуст, равон танро бинаду ӯро пурсад. Бад-он гуфту посух, мардум бо якдигар ҳамбонг шаванду баланд ситоиш ба Ҳурмазду Амшоспандон баранд.
Ҳурмазд, бад-он гоҳ, фарҷомбахшандаи офариниш5 шавад, зеро ӯро дар он гоҳ ки мурдаи эшон бозсохта шавад, коре (дигар) барнабояд кардан.
Йизиши бозсозии мурдаро Саошйанс бо ёрон (оғоз) кунаду гови Ҳадаюшро бад-он йазиш кушанд. Аз пиҳи он гову Ҳауми сапед, ануш ороянду ба ҳамаи мардум диҳанду ҳамаи мардум ҷовидона бемарг шаванд. Инро низ гӯяд, ки мардонеро, ки болиғ буданд, он гоҳ ба синни чиҳилсолагӣ бозороянд ва онон, ки хурду норасид буданд, он гоҳ, эшонро ба синни понздаҳсолагӣ бозофаринанд. Ҳар касро зану фарзанд диҳанду бо зан ҳамхобӣ он гуна кунанд, ки акнун дар гетӣ ҳаст, аммо фарзандзоӣ набувад.
Пас, Саошйанс, аз фармони додор куниши ҳамаи мардумро ба сазо музду подош диҳад. Ончунон парҳезгоре ҳам ҳаст, ки (Саошийанс ба ӯ ) гӯяд, ки:
«Бирав ба Гарудмони Ҳурмазд!» ва чунонки худ бояд, танро барситонаду ҷовидона ба ҳамроҳии он равад.
Инро низ гӯяд, ки ӯ, ки яшт накардаасту гетӣ харид6 нафармудааст ва ҷома ба садақа7 ба ниёзмандон надодааст, он
ҷой бараҳна аст. (Агар) ӯро Ҳурмаздяште бикунед, бошад, ки минуи гоҳон ӯро кори ҷома кунад.8
Пас Ҳурмазд Аҳриманро, Баҳман Акаманро, Ардибиҳишт Андраро, Шаҳривар Саулро, Испандормад Тарумадро, ки Ногаҳис аст, Хурдоду Амурдод Тариз ва Зарезро, Ростгӯӣ он Дуруғгӯирову Сурӯши парҳезгор хашми хуниндирафшро гиранд.
Пас, ду Дуруҷ фароз монданд: Аҳриману Оз. Ҳурмазд ба гетӣ ояд, худ Зут9 аст. Сурӯши парҳезгор Росписту10 Еванга-ҳонро11 дар даст дорад.
Аҳриману Оз бад-он дуои Гоҳонӣ, ба шикастаафзорӣ, аз кор афтода, аз он гузари осмон, ки аз он дартохта буданд, ба тирагиву торикӣ (афтоданд).
Гузаҳрмор бад-он филизи гудохта бисӯзаду филиз дар дӯзах тозад ва он ганду римании миёни замин, ки дӯзах аст, бад-он филиз сӯзаду пок шавад.
Он сӯрох12, ки Аҳриман бад-он дартохта (буд), бад-он филиз гудохта шавад. Он замини дӯзахро боз ба фарохии гетӣ оваранду фаршкард шавад дар ҷаҳон. Ҷаҳон ҷовидонаву ба ком, бемарг шавад.
Инро низ гӯяд, ки замин бефарозу13 нишебу ҳомун бишаваду кӯҳу чагоду гавдӣ, дорои баландиву дорои пастӣ набошад.
БАХШИ БИСТУМ
Дар бораи тухмаву пайванди Каён
Ҳушанг писари1 Фаравог, писари Сиёмак, писари Машӣ писари Каюмарс. Таҳмурас писари Вивангаҳон, писари Йангҳат, писари Ҳушанг.
Ҷаму Таҳмурасу Испидвауру Нарсӣ, ки Рашнчин низ хонанд, ҳама бародар буданд. Аз Ҷаму Ҷамак, ки ӯро хоҳар (буд), ҷуфте марду зан зода шуд, бо ҳам зану шӯй буданд. Шӯй2 Исфиёну зан3 Зарешм ном буданд. Пайванд бирафт. Испидваур он буд, ки бо Заҳҳок Ҷамро бурид. Нарсӣ он гоҳ зист, ӯро Нарсии саргардон4 хонанд. Гӯяд, ки: «Ӯро фаррае5 барофарида шудааст, ки ҳар рӯз дар бозорҳо бигузарад, ҳамаи хӯришҳоро мутаҳҳару пок бикунад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор