Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Нахуст, устухони Каюмарсро барангезанд, сипас они Машӣ ва Машёна ва сипас дигар касонро барангезанд. (Ба панҷоҳу ҳафт сол, Саошйанс мурда ангезонад, ҳамаи мардумро баран-гезонад, чи парҳезгор, чи дурванд мардум. Ҳар касро аз он ҷой барангезанд, ки эшонро ҷон бишуд, ё нахуст бар замин афтоданд. Пас, чун ҳамаи ҷаҳони моддиро, тан (ба) тан бозоро-яд, он гоҳ бад-эшон шакл бидиҳанду он равшаниро, (ки) бо Хуршед аст, ниме ба Каюмарс ва ниме ба дигар мардум бидиҳанд. Сипас, мардум мардумро бишиносад, ки равон равон-рову тан танро бишиносад, ки ин марост падар, ин марост бародар, ин марост зан, ин марост кадомин хешованди наздиктар.
Пас, анҷумани Исатвастарон бувад; он ҷой, ки мардум бар ин замин биистанд. Дар он анҷуман, ҳар кас неккунишиву бадкунишии хешро бинанд. Парҳезгор дар баробари дурвандон он гуна пайдо бувад, ки гӯспанди сапед дар баробари он ки сиёҳ аст. Дар он анҷуман, парҳезгореро, ки дар гетӣ дурванде дӯст буд, он дурванд аз он парҳезгор гила кунад, ки: «Чаро дар гетӣ аз куниши некӯе, ки ту варзидӣ, маро огоҳ накардӣ?» Агар ҳамон гуна (бошад ки) он парҳезгор ӯро наогоҳонид (а бошад), он гоҳ ӯро бад-он анҷуман шарм бояд бурдан.
Пас парҳезгорро аз дурванд ҷудо кунанд. Парҳезгорро ба Гарудмон баранд. Дурвандро ба дӯзах бозафгананд. Се шабонарӯз, тануманду ҷонавманд, дӯзахӣ (буванд), дар дӯзах подафра кашанд. Парҳезгор дар Гарудмон, тануманд(у ҷонавманд), он се шабонарӯзро шодӣ бинад.
Чунин гӯяд, ки бад-он рӯз, ки дурванд аз парҳезгору парҳезгор аз дурванд ҷудо шаванд, ҳар касро ашк то қузак фуруд ояд. Чун писарро аз анбозии падару бародарро аз он ки бародар асту дӯстро аз он ки дӯст аст, ҷудо кунанд, ҳар он куниши хешро таҳаммул кунад. Гиряд парҳезгор бар дурванду дурванд гиряд бар хештан. Бошад, ки падар парҳезгору писар дурванд аст, бошад ки бародаре парҳезгору яке дурванд аст.
Онон, ки барои худ… карданд2, чун Заҳҳоку Афросиёбу Вомун ва низ дигар аз ин гуна маргарзонон, подафра (бад-он) оин таҳаммул кунанд, (ки) ҳеҷ мардум таҳаммул накунад, ки онро падафра се шаба хонанд.
Дар он фаршкардсозӣ, он мардумони парҳезгор, – ки навишт(ам) понздаҳ марду понздаҳ канизак зиндаанд – ба ёрии Саошйан бирасанд.
Гузаҳрмор, ки дар сипеҳр аст, аз теғи моҳ ба замин афтад. Заминро ҳамон гуна дард бошад, ки мешро агар гург пашм барканад.4
Пас Арйаман эзид филизи дар кӯҳҳову дараҳоро (бо) оташ бигудозаду бар замин рудгуна биистад. Сипас, ҳамаи мардумро дар он филизи гудохта бигузаронанду пок бикунанд. Ӯро, ки парҳезгор аст, он гоҳ чунон дар назар ояд, ки (дар) шири гарм ҳамеравад. Агар дурванд аст, он гоҳ ӯро, ба ҳамон оин дар назар ояд, ки дар филизи гудохта ҳамеравад. Пас бад-он ишқи бузург, ҳамаи мардум ба ҳам расанд: падару писару бародару ҳамаи дӯстон.

пешина
аз 314
навбатӣ