Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дар бораи ин се писари Зартушт, ки Ушедар, Ушедармоҳ ва Саошйансанд, гӯяд, ки пеш аз он ки Зартушт ҷуфт гирад16, он гоҳ эшон фарраи17 Зартуштро дар дарёи Киёнса, барои нигоҳдорӣ ба Обонфарра, ки эзиди Аноҳид аст, супурданд. Акнун низ гӯянд, ки се чароғ дар буни дарё бидурахшанд, ба шаб (онҳоро) ҳамебинанд, яке-якеро, чун эшонро замонаи худ бирасад, чунин шавад, ки канизаке барои сар шустан бад-он оби Киёнса шаваду ӯро фарра дар тан омезад, обистан шавад. Эшон яке-яке ба замони хеш чунин зода шаванд.
БАХШИ НУЗДАҲУМ
Дар бораи растохезу тани пасин
Гӯяд ба (номаи) «Дин», ки аз он ҷой, ки Машӣ ва Машёна, ҳангоме ки аз замин баррустанд, нахуст об, сипас гиёҳ, сипас ширу сипас гӯшт хӯрданд. Мардум низ ба ҳангоми мурданашон, нахуст (аз) гӯшт ва (сипас аз) ширу сипас аз нон хӯрдан низ биистанду танҳо, то ба мурдан, об хӯранд. Эдун низ, ба ҳазораи Ушедармоҳ нерӯй аз эдун бикоҳад, ки мардум ба як хӯрок хӯрдан се шабонарӯз ба серӣ истанд. Пас аз он аз гӯшт хӯрдан биистанду гиёҳу шири гӯспандон хӯрдан. Сипас аз он ширхорӣ низ истанд. Сипас аз гиёҳхорӣ низ истанду обхор буванд. Даҳ сол пеш аз он ки Саошйанс ояд, ба нохӯрдан истанду намиранд, сипас Саошйанс мурда бархезонад.
Чунин гӯяд, ки Зартушт аз Ҳурмазд пурсид, ки: «Танро кӣ бод вазониду об биронид, аз куҷо бозгиранду растохез чӣ гуна бувад?» Ӯ посух дод, ки: «Чун осмонро бесутун, ба минуи истода, дуркарона, равшан ва аз гавҳари хумоҳан (офаридам); ва чун низ заминро офаридам, ки ҳамаи ҷаҳони моддиро барад ва ӯро бар нигаҳдорандаи моддӣ нест; ва чун ман Хуршед, Моҳу ситорагонро дар фазо, ба тани равшан, ба ҳаракат овардам; ва чун донаро офаридам, ки дар замин бипарокананд, бозрӯяду ба афзун боз бувад; ва чун низ ман дар гиёҳ ранг офаридам гуна-гуна; ва чун низ ман дар гиёҳону дигар чиз(ҳо) оташ додам ба носӯхтан; ва чун низ ман дар заҳдони модар кӯдак офаридаму нигоҳдорӣ кардаму ҷудо-ҷудо мӯю пӯсту ҷону хуну паю чашму гӯшу андом биофаридам; ва чун низ ман ба об пой додам, ки битозад; ва чун низ ман абрро ба минуӣ офаридам, ки он оби моддиро бараду он ҷой, ки ӯро ком аст, ашкро, ба нерӯи бод, ҳамон гуна, ки коми (ӯст), зеру забар вазаду ба даст фароз нашояд гирифтан; яке-яке аз эшон, ҳангоме ки офарида шуд, бад-он (офариниш) душхортар буд, ки растохез кардан. Чи маро дар растохез ёре чун эшон ҳаст, ки чун эшонро офаридам, набуд. Барнигар, ки чун он набуд, он гоҳ ман (онон)-ро бисохтам; онро, ки буд, чаро бознашояд сохтан, зеро бад-он ҳангом, аз минуи замин устухон, аз об хун, аз гиёҳ мӯй ва аз бод ҷонро – ҳамон гуна ки дар оғоз офариниш пазируфтанд – бихоҳам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор