Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Аз он пас ҳаюну турк ба бас шумору бас дирафш дар Эроншаҳр битозанд14. Ин Эроншаҳри ободони хушбӯйро вайрон кунанду бас дудаи озодонро биошӯбанд. Бас бадиву ситам ба мардумони Эроншаҳр кунанд. Бас хонаҳоро кананд. Ошӯбанду гиранд то эзидон бахшиш кунанду чун румиён расонаду яксол подшоӣ кунанд, он ҳангом аз сӯи Кобулистон яке ояд, ки бад-ӯ фарра аз дудаи бағон аст ва (ӯро) Кайбаҳром хонанд. Ҳамаи мардум бо ӯ бозшаванду ба Ҳиндустону низ Руму Туркистон, хама сӯе, подшоӣ кунад. Ҳама бадгаравишонро бардорад, дини Зартуштро барпо дорад. Кас ба ҳеҷ гаравише пайдо натавонад омадан. Ба ҳамон сарзамин, Пашйутани Гуштоспон аз сӯи Кангдиж ояд бо яксаду панҷоҳ марди парҳезгор ва он буткадаро, ки розгоҳи эшон буд, биканаду оташи Баҳромро ба ҷои он биншонад. Динро ҳама дуруст фармояду барпо дорад. Пас, панҷум ҳазораи Ушедар оғоз шавад. Ушедари Зартуштиён, ба дин роҳбару паёмбари ростин, аз (сӯи) Ҳурмазд ояд. Ҳамон гуна, ки Зартушт (дин) овард, ӯ низ дин овараду ривоҷ бахшад. Тангиву хушкӣ коҳад, родиву оштиву бекинӣ (дар) ҳамаи ҷаҳон густариш ёбад. Се сол гиёҳонро сарсабзӣ диҳад. Рӯди Ватаеини ба баландии аспе битозад. Чашмаҳои дарёи Киёнса бозтозад. Даҳ шабонарӯз Хуршед ба болои осмон биистад. Гургсардагон ҳама нобуд шаванд.
Пас, чун ҳазораи Ушедар ба сар расад, Малкуси сиҷси-ришт аз тухмаи Тури Бародрауш, ки марги Зартушт буд, ба пайдоӣ расад. Ба ҷодудиниву парикомагӣ саҳмгин боронеро, ки Малкусон хонанд, созад. Се сол ба зимистон, он ки сард (тарин) аст ва ба тобистон, он ки гармтарин аст, бо бешумор барфу тагаргофаринии нобудгар, он гуна ҳамаи мардум, магар андаке аз ӯ нобуд шаванд. Сипас, боз оростани мардуму гӯсфанд аз Вари Ҷамкард бошад, (ки) барои ин кор, ба нигаҳбонӣ сохта шудааст. Низ ин ки бад-он ҳангом дармонбахшии (мавҷуд) дар як ҳазор навъ гиёҳ, ки ба душмании як ҳазор навъ беморӣ офарида шудааст, ба ду навъ гиёҳ (ва сипас, ба) як навъ (бар) замин расад. Касе ба беморӣ намирад, магар ба пирӣ (расад) ё (вайро) бикуштанд. Пас шашумин ҳазораи Ушедармоҳ оғоз шавад, ки хонда шавад ҳазораи Ҳушедармоҳ. Бад-он ҳазора Ушедармоҳ, писари Зартушт ба паёмбарӣ аз (сӯи) Ҳурмузд ояд. Ҳамон гуна ки Зартушт дин овард, ӯ низ оварад ва дар ҷаҳон ривоҷ бахшад. Бист рӯзу шаб Хуршед ба болои Осмон истад. Шаш сол бар гиёҳон сарсабзӣ диҳад. Он Дуруҷи озтухмаро, ки мор аст, бо храфастрон нобуд кунад. Пас, наздик ба поёни ҳазораи Ушедармоҳ, Заҳҳок аз банд раҳо шавад. Беваросп бас офаридагонро ба девкомагӣ табоҳ кунад. Дар он ҳангом, Саошйанс, писари Зартушт ба пайдоӣ расад. Сӣ шабонарӯз Хуршед ба болои Осмон биистад. Нахуст аз ҷаҳониён мурдаи Гаршосп, писари Сомро барангезониданд, (то) Бевароспро ба гурз занаду кушад ва аз офаридагон боздорад. Ҳазораи Саошйанс оғоз шавад, ки ҳазораи ӯ, ки тан-кирдор15 аст, панҷоҳу ҳафт сол бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор