Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

(Боре) дигар Афросиёб кӯшид; Кайсиёвуш ба корзор омад. Ба баҳонаи Судоба, ки зани Ковус Судоба буд, Сиёвуш ба Эроншаҳр бознашуд. Бад-ин рӯй, ки Афросиёб зинҳор (овардани Сиёвуш) ба вайро пазируфта буд, (Сиёвуш) ба Ковус наёмад, балки худ ба Туркистон шуд. Духти Афросиёбро ба занӣ гирифт. Кайхусрав аз ӯ зода шуд. Сиёвушро он ҷой куштанд.
Дар ҳамон ҳазора Кайхусрав Афросиёбро кушт, худ ба Кангдиж шуду шоҳиро ба Лӯҳросп дод.
Чун Густошпшоҳ сӣ сол шоҳӣ карда буд, ҳазора ба сар расид. Пас, ҳазораи чаҳорум оғоз шуд. дар он ҳазора, Зартушт динро аз Ҳурмузд пазируфту овард. Гуштоспшоҳ пазируфту ривоҷ бахшид. Бо Арҷосп корзоре шигифт кард. Бисёре аз эрониёну анирон аз миён рафтанд3. Дар ҳамон хазора, чун шоҳӣ ба Баҳмани Исфандиёр расид (Эроншаҳр) вайрон шуд. Эрониён ба дасти худ нобуд шуданду4 аз тухмаи шоҳӣ кас намонд, ки шоҳӣ кунад. Эшон Ҳумой, духти Баҳманро ба шоҳӣ нишонданд. Пас, дар шоҳии Дорои Дороён Искандари қайсар аз Рум битохт, ба Эроншаҳр омад. Дорошоҳро бикушт. Ҳамаи дудаи шоҳон муғмардону пайдоёни Эроншаҳрро нобуд кард. Бемар оташкадаҳоро биафсорд, гузоришҳои5 дини мадаясноро бистаду ба разм фиристод. Авесторо сӯхту Эроншаҳрро ба навад карда-худое6 бахш кард.
Пас, дар ҳамон ҳазора, Ардашери Бобакон ба пайдоӣ омад. Он карда-худоёро кушт, шоҳиро (аз нав) орост. Дини маздаяснонро ривоҷ бахшиду оинҳо бисёр орост, ки дар тухмаи ӯ рафт.
Дар шоҳии Шопури Ҳурмуздон тозиён омаданду Аввала рӯдборро гирифтанду солҳое бас ба овору тозиш доштанд7, то Шопур ба шоҳӣ омад, он тозиёнро сипухт. Шаҳрро нобуд карду бе маршонаро афсор кард.8 Дар шоҳии Пирӯзи Яздигурдон шаш сол борон набуд. Мардумро бадиву сахтии гарон расид. Сипас, Хушнавоз, Ҳафтолоншоҳ омад. Пирӯзро кушту Қубоду хоҳари (ӯ) Оташакро(?) ба гаравгон ба Ҳафтолон бурд.
Дар шоҳии Қубод Маздаки Бомдодон ба пайдоӣ омад. Оини маздакӣ ниҳод. Қубодро фиребу гумроҳ кард, зану фарзанду хоста ба ҳамӣ ва анбозӣ бояд дошт ва фармуд дини маздаяснон аз кор бидоранд, то Анушервон9 Хусрави Қубодро ба бурноӣ омад, Маздакро кушт, дини маздаясноро сомон бахшиду он ҳаюнонро, ки ба Эроншаҳр асптозӣ мекарданд, биспухту гузари (эшонро) баст, Эроншаҳрро бебим кард.
Чун шоҳӣ ба Яздигурд омад, бист сол шоҳӣ кард. Он гоҳ тозиён ба бас шумор ба Эроншаҳр тохтанд. Яздигурд ба корзор бо эшон қодир набуд,10 ба Хуросону Туркистон шуду аспу марду ёрӣ хост ва ӯро он ҷой куштанд.
Писари Яздигурд ба Ҳиндустон11 шуд сипоҳу гунд овард. Пеш аз омадан ба Хуросон даргузашт, он сипоҳу гунд биёшуфт. Эроншаҳр ба тозиён монд.
Эшон он оини ака-дини хешро ривоҷ бахшиданду бас оини пешиниёнро биёшуфтанд, дини маздаяснонро низор карданд. Насойшуӣ, насойниҳонӣ ва насойхӯриширо ба кор ниҳоданд. Аз бундаҳишн то имрӯз аногӣ аз ин гаронтар наёмад, чи ба сабаби душкунишии эшон ниёзу вайрониву мустакунишӣ ва ба сабаби ака-додиву ака-динӣ, сиҷу ниёзу дигар аногӣ меҳмон карда истод.12 Дар «Дин» гӯяд, ки душподшоии эшон ба сар хоҳад расид. Гурӯҳе оянд сурхнишону сурхдирафш; Порсу рустоҳои Эроншаҳрро то ба Бобил гиранду ин тозиёнро низор кунанд. Сипас, яке бадмард аз сӯи Хуросон ояду он патишхориёнро биспузад, соле чанд душподшоӣ кунад. Ба сарварии ӯ, дар Порс, мардум нобуд шаванд магар андаке ба Козарун(?) ва дарёборҳо, то ӯ бинамонад13.

пешина
аз 314
навбатӣ