Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Бадро ба бадон наандозед, чун ки бад худ ба кирдори хеш бирасад. 35. Барои бартар шудан ба бадон нерӯмандии некиро ба ёд доред ва ба андеша супоред. 36. Кӣ буд, ки ба бадон пайваст ва дар фарҷом пушаймон нашуд? 37. Хубӣ кунед, чи хубӣ хуб аст. Хубӣ нек аст, ки ба он некиро ситоянд. 38. Ҳар чиро ки донед, хуб аст, бикунед ва ҳар чиро ки донед, хуб нест, макунед. 39. Ҳар чиро ки ба хештан написандед, ба дигар кас макунед. 40. Пеши радон аз гуноҳ гиристан, бо тозиёнаи Сурӯш заданро осон мапиндоред. 41. Як ком доред. Мардумед. Ба ҳар ду ком мангаред. 42. Чун ки тану равон ҳарду ҳамком набуванд. 43. Чи танро ба танкомӣ шояд дошт ва равонро ба равонкомӣ. 44. Ба ҳар гоҳ аз барои кин гуноҳ макунед, балки ба кори нек кӯшо бошед. 45. Аз баҳри ҳавас адли хубро раҳо макунед. 46. Аз барои хашм ба касе бегуноҳонро ба сахтӣ мазанед. 47. Аз барои кин паймоншиканӣ макунед. 48. Ба занон густох мабошед, то ки ба шарму пушаймонӣ нарасед. 49. Ба занон роз мабаред, то ки ранҷатон бесамар нагардад. 50. Фармони бадхирадонро мапазиред, то ки шуморо нобудӣ нарасад. 51. Чи ин чаҳор чизи ҷуфт мардумонро бештар ба кор бояд: хираду ҳунар, дидану донистан, тавонгариву родӣ, хубгуф-ториву хубкирдорӣ. 52. Чун ҳунареро, ки хирад ҳамроҳ нест, марг аст бар тани мард. 53. Диданеро, ки дониш ҳамроҳ нест, пайкари тан аст нигоришшуда. 54. Тавонгариеро, ки родӣ ҳамроҳ нест, ганҷури Аҳриман аст. 55. Хубгуфториеро, ки хубкирдорӣ ҳамроҳ нест, бадойинии ошкор аст. 56. Бадойинон шаш нишон доранд: дар зоҳир некхӯй, дар сухан бадхӯй, найрангафзо ва бадкирдор, ба касон фарохгуфтор ва ба худ тангдаст, роднамо ва бадофариниш, бурдбор ба дашном, зидандеш, зидгуфтор, зидкирдор. 57. Суханеро, ки аз он суди вежае нест, ҷуз барои хуррамӣ мегӯед ва он чӣ низ барои хуррамист, ба гоҳу ҳангом бингаред.
- Чи посдори забон хирад ва бари (самари) тан фарҳанг, подоши кори нек биҳишт, самари ҷаҳон хӯрдану додан. 59. Зеро ҳар ҳунар ба хирад ва ҳар хирад ба дониш ва ҳар дониш ба озмоиш ва ҳар бузургӣ ба ном ва ҳар кор ба гоҳу замон ва ҳар тавонгарӣ ба хӯрдану додан ва ҳар шодӣ ба бебимӣ ниёз дорад. 60. Бисёр шод мабош, ҳар гоҳ некие ба ту расад ва бисёр озурда мабош, ҳар гоҳ бадбахтие ба ту расад. 61. Чунки некӣ ва бадбахтӣ ҳар ду шояд ба мардумон оянд. 62. Ба некӣ, ки омадааст, ба Яздон сипосгузорӣ кунед ва Яздону неконро баҳра кунед ва ба Яздон бахшед, чунки подош аз он ҷое, ки ояд, худ бояд биравад. 63. Ба замин кишти хуб кунед. Чунки зиндагӣ ба парвариши ҳар кас аз кишти Сипандарзамин аст. 64. Ба оташу об, гову гӯсфанд, саг ва ҳар навъи сагон гуноҳ макунед, то ки роҳи Биҳишту Гарудмон барои шумо баста нагардад. 65. Барои анҷоми кори нек касе, ки аз дур ё наздик фаро расад, дар кушода доред. Чунки он ки барои анҷоми кори нек дар кушода надорад, дари Биҳишту Гарудмон ба рӯяш баста гардад. 66. Барои фарҳанг хостан бикӯшед. Чун фарҳанг дар рифоҳ, пироиш, дар шигифтӣ, поянда, дар бадбахтӣ дастгир ва дар тангӣ пеша аст. 67. Ҳар гоҳ донистед, он гоҳ кор гиред. Чи беш донистану кам гаравидан гуноҳи бештар аст. 68. Хиради саршор аз дониш, ки ба он некӣ ҳамроҳ нест, мардро ба баддинӣ ва хирадро ба бераҳмӣ мегардонад. 69. Ба ҳеҷ кас афсӯс (истеҳзо) макунед, чун ки марди афсӯсгар афсӯсбар гардад, бадбахту нафринзада шавад ва аз ӯ камтар фарзанди арзандаи ҷанговар пайдо шавад. 70. Ҳар рӯз барои гуфтугӯ ба анҷумани некон бештар равед. 71. Чун касе барои гуфтугӯ ба анҷумани некон бештар равад, накӯкорӣ ва росткирдорӣ бештар бахшандаш. 72. Ҳар рӯз се бор ба оташкада равед ва оташро парастиш кунед. 73. Чун касе ба оташкада бештар равад ва оташро бештар парастиш кунад, дороӣ ва росткирдорӣ бештар бахшандаш 74. Танро аз дурӯғ ва кирдори бад ва аз зани гирифтори ҳайз ва бадрафтор ва ширдеҳ дур доред ва сахт парҳез кунед, то ки реш ба тан ва бадӣ ба равонатон нарасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор