Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
БАХШИ ЧАҲОРДАҲУМ
Дар бораи сарварии кишварҳо
Гӯяд ба «Дин», ки он шаш (мақоми) сарварии кишварҳоро ҳар як сарварист, чун Арезаро сарвар Ашошгаҳти, ки ниюнагҳдон аст, Саваро сарвар Ҳуаазарукоҳар Хавапарештру2, Фрададафшро сарвар Спитуит Успусинон3, Видадафшро сарвар Иризросп Успусинон4, Вурубарешанро сарвар Хушасп5, Вуруҷа-решонанро сарвар Чахравака6; Зартушт ин кишвари Хванирас ва низ ҳамаи парҳезгорони гетиро сарвар аст. Ҳамаи ин сарваронро низ сарварӣ аз Зартушт аст, ки эшон ҳама дин аз Зартушт пазируфтанд. Дар кишвари Хванирас бас ҷое аст, ки дар ин бадзамонагӣ ва набарди сахти патёра, ба афсуни7 минуӣ гузари он баста аст, ки паноҳгоҳҳои8 Хванирас хонда шавад, ба монанди он кишварҳои дигар, чун Кангдиж (ва замини Саукаустан9 ва дашти Пешонса ва рӯди Навтозу Эронвиҷу Вари Ҷамкард ва Кашмири андарунӣ. Дар ҳар яке сарваре бемарг подшоӣ кунад. Чунин гӯяд, ки Пашйутан, писари Гуштосп, ки ӯро Чаҳрумаён10 низ хонанд, ба Кангдижи бомӣ11 аст. Ағрираси12 Пашангон ба замини Саукаустон аст. Ӯро Губадшоҳ хонанд. Фарадахшати Хамбигон13 ба дашти Пешонса14 аст. Аз он рӯй Хамбигон аст, ки (ӯро) аз бими Хашм дар Ханбӣ парварданд. Ашем йаҳмаи ушт15 ба ҷое, ки рӯди Новтоз хонанд, аст. Вани ҷудбеш16 ба Эронвиҷ аст. Урвататнар, писари Зартушт, ба Вари Ҷамкард аст. Эшонро низ гӯяд, ки бемарганд, чун: Нарсии Вивангаҳонон, Тӯси Нӯзарон, Геви Гударзон, Баиразди Набардкирдор, Ашавазди Паурудахтштон.
Эшон ҳама ба фаршкардсозӣ, ба ёрии Саошйанс бирасанд. Сомро гӯяд, ки бемарг буд. Бад-он гоҳ ки хор шумурд дини маздаяснонро, турк писаре, ки нуҳумин хонда мешуд, ҳангоме ки (Сом) ба хоб рафта буд, ба тире, ки (ба сӯи ӯ), ба дашти Пешонса биафганд, бар ӯ он Бушоспи бадро фароз бурд. Миёни куҳчоле17 афтода ва ӯро барф бар забар нишастааст. (Ӯ он ҷой) бад-он кор аст, ки чун Заҳҳок раҳо шавад, ӯ хезаду вайро аз миён барад. Ӯро бевар фраваҳри парҳезгорон посбонанд. Дар бораи Заҳҳок, ки (ӯро) Беварасп низ хонанд, гӯяд, ки Фаридун ҳангоме ки ӯро бигирифт, бикуштан натавонист. Пас ба кӯҳи Данбованд бибаст. Ҳангоме ки раҳо шавад, Сом хезад, ӯро гурз занаду ужанад. Кангдиж ба ноҳияти Хуросон, бар забари дарёи Фарохкард аст. Бад-он ноҳият, ба бас фарсанг, дашти Пешонса ба Кобулистон аст. Чунин гӯяд, ки: «Пайдотарин баландӣ ба Кобулистон он ҷост, ки дашти Пешонса аст. (Дар) он ҷо кӯҳчоле ба боло баландтар нест. Эронвиҷ ба ноҳияти Озарбойҷон аст. Замини Саукаустон ба роҳи аз Туркистон ба Чинистон, ба ноҳияти Абохтар аст. Гӯру Вари Ҷамкард миёни Порс аст18, ба Сарвог19. Чунин гӯяд, ки (Вари) Ҷамкард зери кӯҳи Чамгон аст. Кашмиру Ҳиндугар (?)20 (дар) Ҳиндустон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор