Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

БАХШИ ПОНЗДАҲУМ
Дар бораи Чинводпул ва равони гузаштагон
Гӯяд ба «Дин», ки чагоде (ҳаст) яксад мард болой, миёни ҷаҳон, ки чагоди Даити хонанд (он) юғи тарозуи Рашн эзид аст, теғае ба буни кӯҳи Албурз ба сӯи Абохтар ва теғае ба сари куҳи Албурз ба сӯи Нимрӯз (дорад); Бар миёни он, чагоди Даити истад. Бад-он миёнаҷой теғе низ шамшервор истода, ӯро нуҳ найза боло, дарозову паҳност. Он ҷой истанд эзидони минуӣ, ки ба минуӣ равони парҳезгоронро покиза кунанд. Саге минуӣ бар сари он пул аст ва дӯзах зери он пул.
Чун мардум даргузаранд, се шаб равон ба наздики тан, он ҷой, ки ӯро сар бувад, нишинад. Он (се) шаб аз визариши деву ҳамкорони (вай) бас тозиш1 бинаду пушт ҳаме боз ба оташ кунад, ки он ҷо афрӯхтааст. Аз он рӯй (аст, ки) он се шабро то рӯз он ҷой, ки сари ӯ бувад, оташро ба афрӯзиш доранд. Агар он оташ нест, пушт боз ба оташи Баҳром ё оташоне, ки пайваста фурӯзонанд2, кунад. Дар он се шаб, ки табоҳиву ошуфтагӣ ба тан расад, он гоҳ эдун душвор афтад, ки мардеро хонумон (бар) кунанд. Он се рӯз, равон ба болини тан бад-он умед нишинад, ки: «Бошад, ки хун тозад, бод ба тан шаваду маро тавони бозгаштан ба (тан) бувад».
Сипас, шаби саввум, дар бомдод, агар он равон (аз) парҳезгорон (бошад), инро гӯяд, ки: «Хушо ӯ, ки аз он некии ӯ ҳар касро (баҳра) аст, ки ман некуаму аз некуии ман ҳар касро некуист ва маро Ҳурмузд ба ком подшоӣ диҳад».
Агар он равон дурванд аст, гӯяд: «Ин аст он тан, ҷону колбуд, ки бо он ба тозиш тохтам; пас, аз эдар ба куҷо тозам?»
Агар парҳезгор аст, бад-он сухан, боде тез ба пазира ояд, (боде) беҳтару некутару хубтару пирӯзгартар аз ҳамаи бодҳои ба гетӣ, ки равонро шодӣ бошад. Агар дурванд аст, боде (ба) пазира ояд кундтар, пӯсидатару нопирӯзтар аз ҳамаи бодҳои ба гетӣ, ки равонро (аз вай) нооромиву андӯҳ расад.
Сипас, барандаш он равонро ба омор3, чи парҳезгор, чи низ дурванд, агар он равони парҳезгор аст, дар он гоҳ ӯро говпайкаре ба пазира расад, фарбеҳу пуршир, ки равонро аз ӯ комгариву ромиш4 расад. Дигар, канизпайкаре (ба) пазира расад некутан, сапедҷомаву понздаҳсола, ки аз ҳама сӯй некуст, ки равон бад-ӯ шод шавад. Дигар, бустонпайкаре расад пурбор, пуроб пурмева, бас обод, ки равонро (аз он шодиву ғинои андеша расад, ки буми биҳишт аст. Ин нишонро ба ҷаҳон пеш аз омор бинад. Бошад, ки он равон яке-якеро чун ба пазираи (ӯ) оянд, пурсад. Пурсад, ки: «Ту кистӣ, ки эдун маро гумон аст, ки ҳамаи осоишу осонӣ ба туст?» Эшон эдун, яке-яке, посух гӯянд: «Манам, эй парҳезгор! Дини ту, он кунише(ам), ки ту варзидӣ. Ҳангоме ки ту он некӣ кардӣ, ман туро эдар будам».

пешина
аз 314
навбатӣ