Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳамон гуна ки дар гетӣ фарраи дини маздаяснон ба монанди кустӣ, ситоранишону минувон сохта, ба(гирди) сипеҳр гаштааст (бо) сетоҳ андар чаҳор гиреҳ, то торикиву риманӣ ва дигар омезагиҳо ба болотар наёмезад, мардум низ ба ҳамон шева кустӣ ба мён доранд. Сетоҳ андар чаҳор гиреҳ, ба монанди андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек дар чаҳор сиришти мардум, ки пайдоии покӣ аст дар баробари омезагӣ. Ҳамон гуна ки дар гетӣ мардум гуноҳу карефа кунанд, чун миранд, равонро омор кунанду биҳиштиро ба биҳишту дӯзахиро б дӯзах диҳанд, мардум низ дар гетӣ хӯриш хӯранду ҳарчи кам омехтатар аст, ба хуни пок (табдил) шавад, ба рагони тан шавад ва беш омехтатар аст ба рӯда сипузад, ба нишемани берун афганад. Ҳамон гуна (ки) чизи гетиву мину ба чаҳор бор ҳафт ниҳода шудааст – чунонки гӯяд, ки ҳафт нодиданиву ногирифтанӣ, ки буни Ҳурмузду он шаш Амшоспанд аст; ва ҳафт диданиву ногирифтанӣ, ки чун Хуршеду Моҳу ситорагону абру боду оташи Вазишту оташон аст, ки гузаранду Дуруҷро аз миён баранд;
Ҳафт нодиданиву ногирифтанӣ, ки равшании бекарон, гоҳ Амшоспандон, Гарудмон, биҳишт, сипеҳри наёмехтанӣ ва сипеҳри омехтаниву Осмон аст; ҳафт диданиву гирифтанӣ, ки чун замину обу гиёҳу гӯспанду филиз аст. (Дар тани мардум низ) андешаву фаҳми нодиданиву ногирифтанӣ аст, ду гӯшу ду чашму ду биниву даҳон диданиву гирифтанӣ аст, ҷигару шушу заҳраву дил гирд, рӯда асбал гурда нодиданиву гирифтанӣ аст.
Якчанд10 (аз) гетиро бад-он рӯй биёбон беш аст, ки ободонӣ, ки чун торикӣ, сармо ва дигар неруҳои девиро чун аз эзидони минӯӣ нобудӣ расад, ба сутӯҳ ба биёбонҳо тозанду аз газанд (расонидан ба) офаридагон (дур) гарданд, зеро агар ҳамаи гетиро ободонӣ буд, агар эшонро бисёр низ нобуду сутӯҳ мекарданд, аз газанд расондан ба офаридагон берун намешуд-анд, зеро (ба ҷое) наметавонистанд рафт. Тобистону зимистон ҳамсони торикиву равшанӣ аст, зеро (аз) он ҷо, ки равшанӣ аст, торикӣ гурезад ба ҷойгоҳе, ки рӯшноӣ он ҷо нест ва ҳангоме ки аз сӯи Нимрӯз тобистон дар ояд, зимистон ба Абохтарсӯй бозтозад. Чун зимистон дар ояд, тобистон ба Нимрӯз боз шавад, (ба) бункадаи худ. Чун тобистон банерутар аст, зимистон безӯр-тару чун зимистон банерутар, тобистон безӯртар аст. Мардум низ ба ҳамон гунаанд: чун ҷигар банерутар аст, асбил безӯртар ва чун асбил банерутар аст, ҷигар безӯртар. Девонро гирд омадан11 ва…12 он ҷост, ки кишвари Вурубарешан ва Вуруҷарешан аст. Аз он ҷо, ки дар оянд, битозанд. Ин низ пайдост, ки ҳар андоми мардумон аз они минуест; ҷону ҳар равшании бо ҷон – ҳуш, бӯй ва дигар аз ин шумор аз они Ҳурмазд аст. Гӯшт (аз они) Баҳман, рагу пай (аз они) Ардибиҳишт, устухон (аз они) Шаҳривар, мағз (аз они) Спендормад, хун (аз они) Хурдоду пашму мӯй (аз они) Амурдоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор