Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Аностдев он аст, ки зӯр гӯяд. Огошдев он Дуруҷи шӯрчашмест, ки мардумро ба чашм занад.
Бутдев он ст, ки ӯро ба Ҳиндустон парастанд, равони ӯ бад-он буддоҳо меҳмон асту чун Будосф парастанд.
Аствиҳад, ки Войи бадтар аст, (ӯ)ст, ки ҷонро биситонад. Чунин гӯяд, ки: «Чун даст бар мардум молад, Бушосп (ояд) ва чун соя барафканад, таб (ояд) ва чун ӯро ба чашм бинанд, ҷонро аз миён барад». Ӯро марг хонанд.
Шӯрчашмдев он аст, (ки) чун мардум чизе бинанду «ба номи эзид» нагӯянд, (он чизро) аз миён бибарад.
Бо ҳар яки эшон бас деву Дуруҷ ҳамкор буванд, ки пайдо овардани (эшон, ба тафсил, ба дарозо мекашад. Девони беном низ бешуморанд. Гӯяд: «Он девони беном сиҷу дарду зӯрону ранҷу зорибахшанда, ба худд мусаллаҳ17, тиратухмаву оварандагони ганд, пӯсидагиву бадӣ, ки басу бас шумор (доранд), басе, бавижа баҳре аз ҳамаи эшон, андар тани мардумон омехтааст ва нишони (эшон) бар мардумон равшан аст».
Апаошдев Испанҷарушдев ононанд, ки бо (эзидони) боронсоз ба набард истанд.
Ахриманро оин бадтариву дин ҷодуиву силоҳ Дурӯғу куниш ниҳон хаймӣ аст. Ӯро нома ин аст, ки: «Маро мапурсед, маро машиносед, чи агар маро пурсед, бишносед, аз паси ман наёед».
Инро низ гӯяд, ки: «Аҳриманро бонг ба тундару низ ба бонги куранги шашсола ва низ ба бонги хар ва низ ба бонги марди пархезгоре, ки ба нокомӣ (бонг) занаду бонг кунад, монад».
Кандагдев он аст, ки барои ҷодувон аст. Навбанавдев он аст, ки нав ба нав, аз гуноҳе, ки офаридагон кунанд бар эшон ҷаҳад.
Он абохтарон низ, ки дар сипеҳр тозанд, ба басу бас шумор ба набард истанд, ки камолагони эшон он ҳафтанд ва бо сару гузаҳру мушпарии дунбдор даҳто шаванд, ин даҳ офариниши моддиро, ки осмону обу замину гиёҳу гӯсфанду филизу боду равшаниву оташу мардум аст, бад-ин ҳама бадӣ олудаанд. Аз эшон ба обу гиёҳу дигар офаридагон, ки моддианд, аз он даҳ18 Дуруҷ газанду ранҷу сиҷу маргу дигар бадиҳо ва табоҳиҳо ҳамерасад. Эшонро, ки баршумурдам, дорои ёриву афзоранд Гавҳари Аҳриман сарду хушк, ҷой торику ганда, дар баробари (ҷаҳони) боло пайдост.
Дӯзахро гӯяд, ки тор (икии онро) ба даст шояд гирифтану ганди (он)ро ба корд шояд бурида. Агар як ҳазор мардро дар бадастӣ подафра кунанд (ҳар як) пиндоранд, ки яктоанд ва ӯро ба яктоӣ подафра бадтар аст. Ӯро банд ба ҳафт Абохтар аст. Ба сардии бисёр чун кайвон аст, ба гармии бисёр чун Баҳром. Эшонро хӯриш ганду наҷосати вазағ асту (ба) дигар бадиҳо обод.
БАХШИ СЕЗДАҲУМ
Дар бораи тани мардумон ба сони гетӣ
Дар «Дин» гӯяд, ки тани мардумон ба сони гетӣ аст, зеро гетӣ аз оби сиришке сохта шудааст. Чун гӯяд, ки ин офариниш нахуст ҳама оби сиришке буд, мардумон низ аз оби сиришке мебошанд. Ҳамон гуна, ки гетиро паҳно бо дарозҳо баробар аст, мардумон низ ба ҳамон гунаанд: ҳар касро дарозо (ба андозаи) паҳнои1 хеш аст. Пӯст чун осмон, гӯшт чун замин, устухон чун кӯҳ, рагон чун рӯдҳову хун дар тан чун об дар рӯд2, шикам чун дареву мӯй чун гиёҳ аст. Он ҷо, ки мӯй беш рустааст, чун беша. Гавҳари тан чун филиз, осн-хирад чун мардум, Гауш-суруд-хирад чун гӯспанду гармӣ чун оташ аст. Дасту пойафзор чун ҳафтону дувоздаҳон. Шикам хӯриш-гуворост чун абру оташи Вазишт. Дам баровардану фурӯ бурдан чун бод аст. Ҷигар чун дарёи Фарохкард, бункадаи тобистон; испурз чун ноҳияти Абохтар3, ки ҷойгоҳи зимистон аст. Дил гирд (чун) оби Аредвисури покиза аст, зеро ба дил низ беморӣ нарасад магар ки маргаш (фароз ояд), Болои сар, мағз, чун равшании бекарони сар чун Гарудмон аст. Ду чашм чун Моҳу Хуршед аст. Дандон чун ситора аст. 4 Ду гӯш чун ду равзани Гарудмон аст. Ду (равзани Гарудмон)-ро пайдост, ки бад-он ҳамвора овозе ба навои хуш меояд, ки равонро хунёиву ромиш аз ӯст. Ду бинӣ чун ду дамаи Гарудмон аст. Ду (дамаи Гарудмон)-ро гӯяд, ки бад-он ҳамвора бӯи хуш гуна-гуна дамад, ки равонро хушбӯӣ ва шодӣ аз ӯст. Даҳон (чун) он дари ба Гарудмон аст, ки ҳамвора мазае гуна-гуна бад-ӯ дар ояд, ки равонро латофату хушӣ аз ӯст. Кун чун дӯзах дар замин аст. Кун зертарин нишемани тан аст. Равон чун Ҳурмузд аст. Ҳушу виру дарёфт, андеша, донишу фаҳм чун он шаш Амшоспанд аст (ки) пеши Ҳурмузд истанд. Дигар неруҳои минуии даруни тан чун дигар эзидони минуианд. Ҳамон гуна ки Ҳурмуздро гоҳ ба равшании бекарону ҳузур5 ба Гарудмон аст ва ӯро неру ҳама ҷо расидааст, равонро низ ҷой ба мағзи сари када ба дил аст ва неру (и ӯ) ба ҳамаи тан расидааст. Ҳамон гуна, ки бод аз сӯй-сӯй ояд, мардумро низ аз нимрӯз то нимаи шаб боду дам ба яктои бинӣ ояд, аз нимаи шаб то нимрӯз ба сӯи дигар ояд. Ҳамон гуна, ки Хуршед аз Моҳ равшантар аст, мардум низ ба чашме роҳ беҳтар бинанд. Ҳамон гуна ки об ба дарёи Фарохкард чун ба Ҳугар баланд баршавад, покиза шаваду баҳре боз ба дарё резад ва баҳре низ ба Пашанг ба ҳамаи ҷаҳон бирасад, мардумро низ хун дар тан, ки када ба ҷигар аст, ҳар бомдод аз ҷигар ба мағзи сар бар ояд, дар мағз баргардад, баҳре боз ба ҷигар резад, баҳреро ба рагон бозҳиланд, ки ҳамаи танро нерӯ аз ӯ бувад. Он кафи бар сар ва хавидии чашму гӯшу биниву даҳон аз ӯ бувад. Ҳамон гуна ки гетиро сина ба Нимрӯз асту Ховарон6 дасти росту ҳамаи рушанон аз Хуросон оянду абр аз Ховарон ояд (ки) бункадаи абр аст, мардумонро низ ҷигар, ки бункадаи хун аст, ба дасти рост аст. Ҳамон гуна ки дар гетӣ мардум гуноҳу карефа кунанд ва чун миранд, гуноҳу карефаи (эшонро) омор кунанду ҳар ки пок аст ба Гарудмон равад ва ҳаркиро дурванд аст ба дӯзах афкананд. Ба ҳамон гуна, мардум низ хӯриш хӯранд, ҳарчи пок аст ба мағзи сар равад, хуни пок шавад, ба дил расад ҳамаи танро неру аз ӯ бувад; ҳарчи беш омехта аст, аз шикам ба руда шавад, ба нишемани берун афгананд, ҳамсони дӯзах. Ҳамон гуна ки (ба) боронсозӣ, ҳангоме ки дурӯғ сутунба шавад, сардиро беш ба об дарҳилад, (обро) биафсораду наборад, ё сиришкро афсораду тагарг борад ва газанд бар офариниш бувад, мардум низ чун хӯриш беш (аз) он хӯранд, ки (битавонанд) гуворидан, ба сабаби гувориш наёфтан, сиришкон костӣ7 гирад, як тикка берун ояд, зиёну газанди тан аз ӯ бувад. Ҳамон гуна ки Ҳурмузд болистӣ8 ва Аҳриман жарфпоя ва неруи эшон дар гетӣ бо ҳам яке бо дигаре, дар набард аст, мардумонро низ ду бод андар тан аст: яке боди ҷонӣ, ки равон аст, ки ӯро ҷой ба мағзи сар аст ва гавҳар(аш) гарму хавид ва ҳаракат ба ноф аст; яке боди базағ (?), ки (ӯро) гавҳари сарду хушк, ҷой ба кун ҳаракат ба зуҳор аст9. Ҳамон гуна ки девон дар гетӣ чун гузарҳои бодро гиранд, заминларза расад, мардумро чун аз боди базғ дар рагон биистаду сутунба шавад, гузар(ба) бод ҷоне надиҳад, он ҷой дард низ гирад ва танро ларзонаду газанду газанд расонад. Дигар бодҳои базағ низ андар тан чун дигар бодҳои девианд дар гетӣ.

пешина
аз 314
навбатӣ