Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба беҳдин он гуна пайдост (ки) Ҳурмазди фарозпоя бо ҳама-огоҳиву беҳӣ, замоне бекарона дар равишне мебуд. Он равишне гоҳу ҷойи Ҳурмазд аст, ки (онро) равишне бекарон хонанд. Он ҳама-огоҳиву беҳиро замони бекарона аст; чун Ҳурмазду гоҳу дину замони Ҳурмазд буданд (ҳастанд ва хоҳанд буд).
Аҳриман дар торикӣ ба пас-донишиву задоркомагӣ2 жарфпоя буд. Ӯро задоркомагӣ хим3 ва он торикӣ ҷой аст, ки (онро) торикии бекарон хонанд.
Миёни эшон тиҳигӣ буд, ки вой аст, ки омезиши (ду нерӯ) бад-ӯст.
Ҳарду (зоти) каронамандиву бекаронагианд. Он чи фарозпоя аст, онро равшании бекарон хонанд, ки ба сар намерасад. Жарфпоя он торикии бекарон аст ва он бекаронагӣ аст. Дар марз, ҳарду каронаманданд, зеро миёни эшон тиҳигӣ аст, ба якдигар напайвастаанд.
Дигар (ин ки ) ҳарду4 мину ба хештан каронаманданд ва дигар (ин ки) ба сабаби ҳама-огоҳии Ҳурмазд, ҳарчи дар дониши Ҳурмазд аст, каронаманд аст, зеро он паймони ҳарду минуро медонад, ки (ҳамоно) подшоии комили офаридагони Ҳурмазд ба тани пасин аст ҷовидон; ва он бекаронагӣ аст. Офаридагони Аҳриман бад-он замон аз миён раванд, ки тани пасин бошад ва он низ каронамандист5.
Ҳурмазд ба ҳама-огоҳӣ донист, ки Аҳриман ҳаст, бартозаду (ҷаҳонро) ба рашки комиле (фурӯ) гирад ва чӣ гуна аз оғозу то фарҷом бо чӣ6 ва чандафзорон биёмезад. (Пас) ӯ, ба минӯӣ, он офарандагонро, ки (барои муқобила) бо он афзор дарбоист, фароз офарид, се ҳазор сол офаридагон ба минуӣ истоданд, ки бе андеша, бе ҳаракату номалмус буданд.
Аҳриман, ба сабаби пас-донишӣ, аз ҳастии Ҳурмазд огоҳ набуд; сипас, аз он жарфпоя бархост, ба марзи дидори рушанон омад. Чун Ҳурмазд ва он рушании номалмусро дид, ба сабаби зардоркомагиву рашки гавҳарӣ, фароз тохт, барои миронидан тохт овард. Сипас, чирагиву пирӯзии фаро (тар) аз они хешро дид ва боз ба (ҷаҳони) торикӣ тохт, пас дев офарид; он офаридагони марговари муносиб барои набард (бо Ҳурмазд)-ро.
Ҳурмазд чун офаридагони Аҳриманро дид, (он) офаридагони саҳмгин, пӯсида, баду бадофаридаро, писандаш наяфтоду эшонро бузург надошт. Пас Аҳриман офаридагони Ҳурмаздро дид (ӯро) писанд афтод офаридагоне бас жарф, пирӯзу ҳама-огоҳ7; он офариниши Ҳурмаздро бузург дошт.
Он гоҳ Ҳурмазд бо донистани чигунагии фарҷоми кори офариниш ба пазираи Аҳриман оштӣ бардошту гуфт, ки: «Аҳриман! Бар офаридагони ман ёрӣ бар, ситоиш кун, то ба подоши он бемарг, бепирӣ, нофарсуданӣ ва нопӯсиданӣ шавӣ. Онро иллат ин аст, ки агар набардро наёғозӣ, худро аз кор наяфганӣ ва мо ҳардуро судовариҳо (хоҳад буд)». Аҳриман гуфт, ки: «Набарам бар офаридагони ту ёрӣ ва надиҳам ситоиш; балки ту ва офарандагони туро низ ҷовидона бимиронам (ва) бигравонам ҳамаи офарандагони туро ба нодурустии туву дӯстии худ».

пешина
аз 314
навбатӣ