Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Адабиёти ғайридинии паҳлавӣ дар муқобили адабиёти динӣ камтар маҳфуз мондааст, ки иллати онро бештар дар суннати шифоҳӣ ҳифз гардидани достонҳову ривоятҳои асотириву таърихӣ мебошад. Пас аз замони Сосониён ва матрук гардидани забони форсии миёна ва қатъи суннати навиштории паҳлавӣ таваҷҷуҳи бештар ба ҳифзи осори динӣ сурат гирифта, бештари достонҳову ривоятҳои ғайридинӣ ба дасти фаромӯшӣ супурда шуданд, ки зикри номи чанде аз китобҳои паҳлавӣ дар манобеи арабиву форсӣ ва ҳамчунин тарҷумаҳои осори ҷудогонаи паҳлавӣ ба ин забонҳо далели гуфтаҳои боло мебошад. Ҳамчунин аз он достонҳову ривоятҳо ва қиссаҳое, ки дар замони Хусрави Анӯшервон - шоҳи сосонӣ аз гуфтори доноёну пешиниён гирдоварӣ ва танзим гардида будаанд, низ огоҳии камтар дорем.
Мазмун ва муҳтавои чанде аз рисолаҳои паҳлавии то ба замони мо расида, аз қабили «Корномаи Ардашери Бобакон», «Ёдгори зарирон», «Шатранҷнома», «Ёдгори Бузургмеҳр» ва ғ. аз тариқи худойномаҳо ба «Шоҳномаи»-и Фирдавсӣ ворид шудаанд. Мисли ин осор манбаи дигар достонҳои «Шоҳнома» бар асоси худойномаҳо низ адабиёти суннатии шифоҳӣ ва осори паҳлавӣ мебошад.
Додихудо Саймиддинов узви вобастаи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
АДАБИЁТИ
ПАҲЛАВӢ
БУНДАҲИШН
ДЕБОЧА
Сипос (бар) додор Ҳурмазди бошукӯҳ, фарраҳманд, ҳама огоҳ1, доно, тавоно (дорандаи) бартарин андешаи нек, гуфтори неку кирдори нек дар андешаву гуфтору кирдор; (ва сипос бар) ҳамаи эзидони минуиву эзидони гетӣ, ба бахти нек2 ва мурвои хуб, ба нек3 ахтар, ба дастурии яздондӯст, ҳама-хирад, парҳезгорӣ варзанда, карефадӯст, яздоншинос, минубин, неконписанд, дастури беҳдини маздаяснон, Анушервон Исфандиёр Моҳвин-дод4 ва Рустами Шаҳриёр, нек хоҳам навишт (ин) навиштаи5 Бундаҳиширо.
Аз омадани тозикон ба Эроншаҳр ва ривоҷ бахшидани эшон душдиниву душхоҳиро, аз каёни некудине ва аз динбурдорони озари6 фаробурда ва гурезон шуд7 ва шавад. Суханони гоҳон8 тарфнабуд9 ва равиши некӯӣ10 чизҳо –андешаи некӯ, кирдори росту сухани чимӣ11 – аз ёду дониши мардум12 бадар шуд. Бадзамонагиро, ӯ низ, (ки) аз дудаи бузургон13 ва каёну динбурдорон (буд), оину маниши14 он душдинон омехт ва барои (нигаҳ доштани) авранги (хеш), он сухан, оин, парастиш ва кардаи беҳдинонро ба оҳу ва ширк15 дошт. Ӯро низ, ки ба омӯхтани ин фарҳангу рез кома буд, имкон набуд (ки) битавонад (онро) аз ҷой-ҷой (ҳатто) ба кӯшишу ранҷ, (ба сабаби) саҳмгинии16 (замона) аз они хеш кунад…
БАХШИ НАХУСТ
(Сароғоз)
Ҳон! «Занд-огоҳӣ», нахуст, дар бораи офарини оғозин1 Ҳурмазд ва патёрагии Аҳриман; сипас дар бораи чигунагии офаридагони моддӣ аз оғози офариниш то фарҷом аст, ҳамон гуна ки аз дини маздаяснон пайдост; сипас, дар бораи он чӣ, ки ҷаҳон дорост бо гузориши чиӣ ва чигунагии (он).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор