Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар пажӯҳишҳои пиромуни адабиёти паҳлавӣ анҷомёфта на ҳама он матнҳое ки аз рӯи каталоги дастнависҳо маълуманд, шомил гардидаанд. Ба таври мисол, агар Э.Уэст дар бораи 93 рисолаву матнҳои бузургу кӯчак маълумот фароҳам оварда бошад, М.Бойс 30 рисолаву матнро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳамчунин таърихи дастнависҳои матнҳо ҷуз мақолаи Э.Уэст дигар дар ҳеҷ кадом аз пажӯҳишҳои ба осори паҳлавӣ иртиботдошта арзёбӣ нашудааст. Дар робита бо ин бояд ёдовар шуд, ки чанде аз нишонаҳои ихтисории дастнависҳо, ки Э.Уэст аз рӯи коллексиюнҳои шахсии дастурони зардуштии Ҳинд овардааст, бо иллати аз байн рафтани чунин китобхонаҳои шахсӣ имрӯз бо нишонаҳои дигар ёд мешаванд.
Тамоми адабиёти паҳлавӣ тибқи осори то ба мо расида, ҳам аз ҷониби донишмандони зардуштӣ ва ҳам хориҷӣ ба се гурӯҳ бахш гардидааст. Ин гурӯҳбандӣ, бинобар нахустин пажӯҳишҳо, чунин аст: 1. тарҷумаҳои паҳлавии Авесто; 2. китобҳо ва матнҳои динӣ; 3. матнҳои паҳлавии ғайридинӣ. Э.Уэст теъдоди ин осорро бо басомади вожаҳо дар ҳар кадом аз ин бахшҳо ин тавр овардааст: тарҷумаҳои паҳлавии Авесто – 27 рисолаву матн (141 000 вожа); китобҳо ва матнҳои динӣ – 55 рисолаву матн (446 000 вожа); матнҳои паҳлавии ғайридинӣ – 11 рисолаву матн (41 000 вожа). Бархе аз эроншиносон ин адабиётро ба таври умум ба осори динӣ ва ғайридинӣ тақсим кардаанд. Аммо ҳамчунон ки аз матолиби осори паҳлавӣ бармеояд, тамоми ин осорро аз нигоҳи мавзӯъ метавон ба бахшҳои дигар низ ҷудо намуд. Дар чанде аз матнҳои паҳлавӣ матолиби динӣ ва ғайридинӣ (ё урфӣ) якҷо омадаанд.
Яке аз осоре, ки онро ба қатъият наметавон динӣ ва ғайридинӣ номид, андарзномаҳо мебошанд. Дар бештари андарзномаҳо мавзӯоти диниву ғайридинӣ аз роҳи интихоби пораҳои ҷудогона аз гуфтор ва ҳикматҳои бузургони дин ва шоҳону фарзонагони замони Сосониён нақл гардидаанд.
Ҳамчунин адабиёти ғайридинӣ низ аз нигоҳи мавзӯъ дорои чандин бахши мустақил мебошад. Бо дарназардошти ин вижагиҳо адабиёти паҳлавиро метавон ба чунин бахшҳо шомил сохт: осори паҳлавии зардуштӣ (аз ҷумлаи донишномаҳо ва матнҳои диниву фалсафӣ); адабиёти ғайридинӣ (осори таърихиву адабӣ ва ҳамосӣ, матнҳои ҷуғрофиёӣ, рисолаҳои ҳуқуқӣ), андарзномаҳои паҳлавӣ; фарҳангномаҳо; тарҷумаҳои паҳлавии матни Авесто. Ҳама ин осор дар маҷмӯъ аз манобеъи арзишманди забони форсии миёна ва луғоту истилоҳоти он маҳсуб мегардад. Бештари масоили вожашиносиву вожасозӣ ва таркиботу истилоҳоти форсии миёна аз ҳамин адабиёт гирдоварӣ шудааст.
Китоби ҳозир, ки барои омӯзандагону алоқамандони таърихи адабиёт ва шинохти мутуни куҳан пешкаш мешавад, шомили рисолаҳову навиштаҳои адабиву таърихӣ ва ҷуғрофиёии форсии миёна ва ё паҳлавӣ мебошад. Дар манобеи давраи исломӣ забони форсии миёна ва осори замони Сосониён (солҳои 224-551 м.) дар расмулхати паҳлавӣ таҳти номи паҳлавӣ (дар осори форсии миёна Pahlawig) ё паҳлавонӣ (дар осори форсии миёнаи монавӣ Pahlawānig) ёд мешавад. Чун дар даврони пас аз Сосониён истилоҳи порсӣ (аз форсии миёна pārsg) ва ё гунаи муарраби он форсӣ барои забони форсии нав ё форсии дарӣ дар расмулхати арабӣ истифода шуд, онгоҳ барои тафовути забон ва осори ин ду давраи гуногун барои забони форсии миёна номи паҳлавӣ татбиқ гардид. Аз ин рӯ забон ва осори давраи сосониён ба номи паҳлавӣ хонда шуд.

пешина
аз 314
навбатӣ