Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Замоне чанд пас аз ин, аз нимаи дувуми асри XIX гирдоварӣ ва таъбу нашри матнҳои паҳлавӣ аз рӯи дастнависҳо оғоз мегардад. Ин давра яке аз марҳалаҳои бисёр самарбахш дар чопи осори паҳлавӣ дар Ҳинд ва Аврупо маҳсуб мешавад. Донишмандон аз марказҳои эроншиносии Аврупо дар ҳамкорӣ бо донишмандони зардуштии Ҳинд ба чоп, овонавишт ва тарҷумаи рисолаҳову матнҳои ҷудогона оғоз намуда, то аввали асри ХХ бештари ин осорро аз ин роҳ нашр ва ба дастраси мутахассисон қарор додаанд. Аз ин рӯ пешрафтҳои баъдии эроншиносӣ дар омӯзиши адабиёти паҳлавӣ дар бештар маврид ба дастовардҳои ин донишмандон, ба вижа донишмандони порс, ки бештари онҳо дастурону мубадон будаанд, иртибот дорад.
Яке аз корҳои судманд пас аз нашри осор танзими вожаномаи матнҳои ҷудогона мебошад. Таҳияи чунин вожаномаҳо дар ташхиси луғоту истилоҳоти вижаи матнҳо ва чигунагии сабки нигориши нависандагони рисолаҳои паҳлавӣ арзиши хос дорад. Ҳама вожаномаҳои матнҳо новобаста ба иштибоҳоти бархе аз таҳиягарон дар хонишу ташреҳи вожаҳо яке аз манобеи асосӣ дар танзими фарҳанги осори паҳлавӣ маҳсуб мегарданд.
Омӯзишу баррасии адабиёти паҳлавӣ, яке аз мавзӯъҳоест, ки маротибае чанд мавриди таваҷҷуҳи эроншиносон қарор гирифтааст. Э.Уэст [West 1896-1904, 75-129] нахустин муҳаққиқест, ки дар оғози асри ХХ дар асоси дастнависҳо ва манобеи чопшуда дар мавриди адабиёти паҳлавӣ пажӯҳишеро анҷом додааст. Пас аз ним асри нашри мақолаи Э.Уэст ин матлаб бо истифода аз манобеи баъдан ба табъ расида мавриди омӯзиши Ҷ.Тавадиа [Tavadia 1956] қарор мегирад. Аз охири солҳои шаст то ба оғози солҳои ҳаштод адабиёти паҳлавӣ бо дарназардошти пажӯҳишҳои анҷомгирифта дар эроншиносӣ аз ҷониби М.Бойс [Boyce 1968, 31-66], Я.Рипка [Рипка 1970, 48-89], Де Менаш [Menasce 1983, 1166-1195] таҳқиқ гардидааст. Мавзӯи фавқ зимни баррасии осори замони Сосониён бо ёддошти чанде аз рисолаҳову матнҳо ба таври бисёр фишурда ва мухтасар дар чанд таҳқиқоти дигар низ баён шудааст. Дар ин маврид ниг: Оранский 1968, 172-178; Барагинский 1972, 154-162; Расторгуева, Молчанова 1980, 12-15. Адабиёти динии паҳлавӣ дар мақолаи ҷудогона аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо арзёбӣ гардидааст. Ҳамчунин тафсилотеро дар мавриди ҳар кадом аз китобҳову матнҳои паҳлавӣ, нусхаҳои дастнависҳо ва таърихи омӯзиши онҳо метавон аз муқаддимаи нашри гуногуни ин осор, ки беш аз як аср идома дорад, пайдо кард. Тафсилоти арзишмандеро дар мавриди адабиёти паҳлавӣ аз китоби Аҳмади Тафаззулӣ «Таърихи адабиёти Эрон пеш аз ислом» метавон ба даст овард [Tafazzoli 1376]. Бо вуҷуди пажӯҳишҳои анҷомгирифта, на ҳама рисолаҳову матнҳои паҳлавӣ ҳамчунон ки мебояд, ба таври ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Бештари ин осор аз нигоҳи дастовардҳои эроншиносии муосир ниёз ба ташреҳу тавзеҳи тозаи забоншиносӣ ва таърихӣ доранд, ки чанд пажӯҳиши охир пиромуни китобҳову матнҳои ҷудогона шоҳиди ин даъво буда метавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор