Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Он (сухан)-ро гузориш ин аст, ки (Аҳриман) пиндошт, ки Ҳурмазд дар баробари ӯ бечора аст ва ба-ин рӯй оштӣ пеш оварад; напазируфт, таҳдид низ фароз бурд.
Ҳурмазд гуфт, ки: «Эй Аҳриман! Ҳар коре аз ту барнаояд, ки ту маро натавонӣ мирондан ва офаридагони маро низ чунон натвон кардан, ки ба тамалуки ман бознарасанд». Пас, Ҳурмазд бо ҳама-огоҳӣ донист, ки агар ӯро замони корзор (таъин) накунам, он гоҳ тавонад кардан бар офаридагони ман ҳамон гуна ки таҳдид фароз бурд ва набарду омехтагии ҳамешагӣ (хоҳад шуд) ва ӯро тавоноӣ (хоҳад буд) дар омехтагии офариниш нишастан ва (онро) аз они хеш кардан, ҳамон гуна, ки акнун низ мардум дар (ин даврони) омехтагӣ бисёранд, ки гуноҳ8 беш варзанд то некӯӣ, ки комаи Аҳриман беш меварзанд.
Ҳурмазд ба Аҳриман гуфт, ки: «Замон кун то корзорро бад-ин паймон ба нуҳ ҳазор сол фароз афканем»; зеро донист, ки бад-ин замон кардан Аҳриманро аз кор биафганад. Он гоҳ Аҳриман ба сабаби нодидани фарҷоми (кор), бад-он паймон ҳамдостон шуд, ба ҳамон гуна, ки ду марди ҳамнабард замон фароз кунанд, ки: «Мо Баҳманрӯз то шаб корзор кунем. Ҳурмазд инро низ ба ҳама-огоҳӣ донист, ки дар нуҳ ҳазор (сол), се ҳазор сол ҳама коми Ҳурмазд равад, се ҳазор сол дар омехтагӣ, коми Ҳурмазду Аҳриман ҳарду равад (ва) бад-он фарҷомин набард, Аҳриманро нокор тавон кардан ва патёрагиро аз офариниш боздоштан. Пас, Ҳурмазд Аҳунавар9 фароз суруд. Чун йата аҳуваирйаи10 бистуяквожаиро бихонд, фарҷоми пирӯзии хешу аз корафтодагии Аҳриман ва нобудии девону растохезу тани пасин бепатёрагии ҷовидонаи офаринишро ба Аҳриман нишон дод. Аҳриман, чун азкорафтодагии хешу нобудии ҳамаи девонро дид, гичу беҳис шуд ва ба (ҷаҳони) торикӣ бозафтод.
Он гуна дар «Дин» гӯяд, ки чун як савуми он (суруд) хонда шуд, Аҳриман, аз бим, тан даркашид11; ҳангоме ки ду баҳраи он хонда шуд, Аҳриман ба зону дарафтод; ҳангоме ки ба камол хонда шуд, Аҳриман аз нокорӣ кардан ба офаридагони Ҳурмазд бозмонд ва се ҳазор сол ба гичӣ фурӯ афтод.
∗∗∗∗∗
(Нахуст) офаринишро ба (ҳолати) минӯӣ гӯем, сипас, ба (ҳолати) моддӣ.
Ҳурмазд пеш аз офариниш Худой набуд, пас аз офариниш Худой ва судхостору фарзонаву зидди бадӣ (ва) ошкору сомонбахши ҳамаву афзунгару нигарони ҳама шуд. Нахустин офаринишро (ки) худӣ бахшид неку-равише (буд), он мину, ки чун офаринишро андешид, бад-он тани хешро некӯ бикард; зеро ӯро Худоӣ аз офариниш буд. Ҳурмазд ба равшанбинӣ дид, ки Аҳриман ҳаргиз аз патёрагӣ нагардад, он патёрагӣ ҷуз офариниш аз кор наяфтад, офаридагонро ҷуз ба замон ривоҷ набошад (аммо) агар замонро биофаринад, офаридагони Аҳриман низ ривоҷ биёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор