Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дар бораи тухмаи52 Каён гӯяд, ки ӯ (онро) биафзояд, чунин гӯяд, ки: «(Ба сабаби) ӯст, ки тухмаи Каёнро аз пайванди худоён хонанд». Нарйосангро фарои бахшандагии ҷаҳон аст, зеро ба ёрии ӯ он Каёну ялон фарои бахшандагиву ҳукумати ин ҷахон карданд.
Хурдод сарвари солҳову моҳҳову рӯзҳост, (яъне) инро, ки ӯ сарвари ҳама аст. Ӯро (ба) гетӣ об хеш аст. Чунин гӯяд: «Ҳастӣ
зоишу парвариши ҳамаи мавҷудоти моддии ҷаҳон аз об асту заминро низ ободонӣ аз ӯст». Агар дар сол нек шояд зистан, ба сабаби Хурдод аст. Чунин гӯяд, ки: «Ҳамаи некӣ чун аз абргарон ба гетӣ ояд, он (ба) Хурдодрӯз (ки) Наврӯз аст, ояд». Бошад, ки гӯяд, ки: «Ҳама рӯз ояд, аммо он рӯз беш ояд». Пайдост, ки агар он рӯз бар тан ҷомаи некӯҳ бидоранду бӯи хуш бӯянду мурвои нек кунанду дар нишастан,53 аз ҷои риману аз мардуми бад дур буванду обҳоро баҳр кунанд ва ситоиши гоҳҳои рӯзро, ки Айаранаму Аснайа номанд, анҷом диҳанд. Он сол некӯӣ ба-д-эшон беш расад, ва бадиро аз эшон беш дур созад. Ӯ, ки обро ромиш бахшад ё биозорад, он гоҳ, Хурдод (аз) ӯ осуда ё озурда бувад. Ӯро ҳамкор Тиру Боду Фарвардин аст. Тир ҳамон Тиштр аст, ки боронварӣ ва парвариши офаридагон кунад. Бод минуи бод аст, ки зеру забари ин заминро фаро гирифтааст ва оберо, ки Тиштр ситонад, (ба) ӯ супорад.
Фарвардин фраваҳри Ардои Фарвард аст, он ки пеши Ҳурмаздхудой аст (ҳамон фравҳри) зодагону нозодагон, ки ба тану равон бо Дуруҷ ҳамекушанд. Чунин гӯяд, ки: «Аҳриман ҳаме хомӯш буд то ҳангоме ки марди парҳезгорро дид, зеро он Аҳриманро бо девону ҳамаи девзодагон, танҳо марди парҳезгори бас некуандеша, бас некугуфтору бас некукирдор аз кор биафтанд». Тиштр низ обро ба ёрии эшон бештар ситонд. Растохезу тани пасинро марди парҳезгор кунад, (ки) Саошйанси пирӯзгар аст.
Амурдоди бемарг сарвари гиёҳони бешумор аст, зеро ӯро (ба) гетӣ гиёҳ хеш аст. Гиёҳонро рӯёнаду рамаи гӯсфандонро афзояд, зеро ҳамаи офаридагон аз ӯ хӯранду зист кунанд. Ба фаршкард низ Анушро аз Амурдод ороянд. (Касе) ки гиёҳро ромиш бахшад ё биёзорад, он гоҳ Амурдод (аз) ӯ осуда ё озурда бувад. Ӯро ҳамкор Рашн, Аштоду Зомиёд аст.
Рашн минуи ростист, ки ончиро54 нофирефтагӣ55 аст, сомон додааст. Зеро аз минуи ростист, ки девони нобудгар офаридагони гетиро намиронанд. (Рашн) равони мардумонро низ, ба гуноҳу карефа, омор кунад. Чунин гӯяд, ки: «Довар (чун) доварии дурӯғ кунад, Рашн он ҷойро ҷои (муносиби хеш) набинад». Сурӯши парҳезгор гила кард, ки: «Бар ман гетӣ танг аст, ки ростӣ он ҷой мустақар нест».
Аштод роҳнамудори минувону ҷаҳониён аст. Зомиёд минуи замин аст. Чунин гӯяд, ки: «Он се фарра ба Чинводпул баристанд. Он ҷо, ки Рашн равонро омор кунад, Аштоду Зомиёд равонро ба тарозу бигзаронанд». Пурфарра Поренди панҷоҳситора аст, ки бо Аҳршванг Амшоспанд суд бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор