Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Бурзяздро маскан он ҷост, ки Аредвисур, оби наёлуда, ҳаст. Ӯро хешкорӣ бештар ин ки оби дарёро ба ҳамаи кишвар (ҳо) бахш кунад. Эшонро ин низ (хешкорӣ) аст, ки офаридагонро ба гузаронидан дар дарё, аз мавҷи44 баланд раҳоӣ бахшанду ҳамаи фарраро нигоҳ доранд. Чунин гӯяд, ки: «Бурз худои модагон, нофи обҳо, Арвандасп». Ҳаум эзид дар Гаукаран45 аст, (ки) ҳауми поки дармонбахш аст, ки фаршкардсозӣ бад-ӯ бувад.
Даҳмонофарин он минуест, ки чун мардумон ситоиш кунанд, он фарра бирасад; зеро ҳамон гуна, ки об, бад-он паймона, ки гуфтам, боз ба сарчашма расад, ситоиш низ, ки офаридагон кунанд, бад-он паймона боз ба мардум расад. Нигаҳбони хостае, ки ба кӯшиш (гирд) кунанд, Даҳмонофарин аст. Ҳар шабонарӯзе чаҳор ҳангом ба тани ҳамаи зиндагону46 решаи ҳамаи гиёҳону ситеғи кӯҳҳо бирасад. Чун некуӣ кунед, ба паҳнои замину ба дарозои рӯду ба болои Хуршед, он некӯӣ бирасад.
Дин дониши Ҳурмазду паноҳи Спандормад аст, ки ҳамаи ҳастон, будону бувандагон аз он пайдо шаванд. Нахуст бар Баҳман ошкор шуд, ки беҳдини маздаяснони девдушмани қонуни Ҳурмазди барафкандаи исёни фурӯниҳандаи ошуб47 аст, ки ӯро гузориш ин аст, ки девиро аз эзидӣ ҷудову ошкор кардааст, ки ҳеҷ хашм, девиву табаҳкорӣ дар ӯ на; чи, ба пазириши дин, девонро колбуд бишикасту ба парастиши дин, Аҳриман бо ҳамаи девон нобуд (шаванд). Ба парастиши дин неруи ҳамаи эзидони минуӣ афзояд. (Аз он) комгорӣ Тиштр ва шукӯҳи нек солҳову додгустарии шоҳону дигар ҳама некуӣ буд. Низ ба парастиши дин растохезу тани пасин кунанду офаридагонро бемаргиву осоиш расад.
Ард минуи парҳезгориву биҳиштӣ будан аст. Бошад, ки (ӯро) Аҳришванги некӯ, бошад, ки Ашшиванг хонад. Афзоиши фарраи хонумон (аз ӯст), зеро ҳарчиро ба шоистагон диҳанд, тавассути ӯ, ба афзун, боз ба он хона расад. Нигаҳбонии ганҷи некувонро кунад, ҳамон гуна, ки биҳиштро низ (нигаҳбонӣ кунад, ки) хонамонандест гавҳарнишон. (Биҳиштро) чунин гуяд: «хонае, ки маскани (мардуми) неку аст», зеро ҳамаи ҷаҳони моддӣ на бар ин дини Ҳурмазданд. Арйаман Амшоспанд он минуест, ки дармони ҳама дардеро ба офаридагон дод.
Чунин гӯяд, ки: «Ҳар доруеро офаридагон барои аз миён бурдани дарде хӯранд. Агар маро (ки) Ҳурмазд(ам), Арйаман ба дармонбахшӣ намерасид, он дард беҳ намеомад». Эдун низ (ба василаи) нирангу афсуни Гота, «Гоҳон»49 аст, ки фарраи парҳезгоронро минуи йазиш пок дорад.50 Мороспанд сухани Ҳурмазд аст, ки Авестост, ки онро гузориш ситоиши вижа51 аст.
Эзиди Нарйосанг паёмовари эзидон аст, ки ба ҳама пайғом ӯ фиристад. Бо он Каёну ялон, ба ёрӣ додан дар гетӣ гуморида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор