Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Меҳрро хешкорӣ доварии ҷаҳониён ба ростӣ кардан аст. Чунин гӯяд, ки: «Меҳри дорандаи чарогоҳҳои фарох, як ҳазор гӯш, беварчашм». Ӯро дорандагии даштҳои фарох ин ки агар ба дашт бе биме битавон омадану шудан, аз Меҳр аст. Ӯро як ҳазоргӯшӣ ин ки ӯро понсад мину кори гӯшӣ ҳамекунанд. Ӯро боварчашмӣ ин ки ӯро панҷ ҳазор мину кори чашмӣ кунанд, ки (гӯянд): «Эй Меҳр! Инро ниюш33, онро низ ниюш! Инро бин, онро низ бин!» Ҳар рӯз, то нимрӯз, бо Хуршед бад-ин кор аст ва бад-ин рӯй аст, (ки) довар ба гетӣ то нимрӯз доварӣ кунад. Дар бораи Меҳр инро низ гӯяд, ки: «Ба ҳамаи сарзаминҳо шоҳ аст, зеро ҳар касу ҳар чиз бирасад, дод падид ояд (ӯро) Ҳурмазд фаррамандтарин аз эзидони минуӣ фароз офарид». Минуе ҳаст, ки бо Меҳр эзид аст, ки ҳамкори Меҳр хонад. Ӯро ҷой миёни Моҳу Хуршед аст. Осмон минуи осмон аст, ки (осмонро) чун гурдӣ34 бар тан дорад. (Ӯ) ин осмонро ҳифз кунад, то Аҳриманро бозтохтан наҳилад. Огоҳии парҳезгоронро ба ҳамёрӣ бо ӯ гуморидааст.
Анағрон минуи Анағри равшан аст, ки хонаи гавҳар-нишони суфтаёқути35 минувон сохтааст.
Спандормадро хешкорӣ парвариши офаридагон аст, ки ҳар чизеро дар ҳаққи офаридагон комил бикардан аст. Ӯро дар гетӣ Замин хеш аст. Чунин гӯяд, ки: «Спандормади некӯи (гала-убори) камоландеши (роди) фарохбини36 Ҳурмаздофаридаи парҳезгор». Ӯро некӯӣ ин ки қонеъ аст. Ӯро галауборӣ ин ки бадиро, (ки) бар Спандормад Замин расад, ҳамаро бигуворад.37 Ӯро камоландешӣ ин ки ҳамаи бадиро, ки бад-ӯ кунанд, ба хурсандӣ бипазирад. Ӯро родӣ ин ки ҳамаи офаридагон аз ӯ зиянд.38 Минуи парҳезгорон барои покии замин офарида шудааст, ки чун онро девон ба шаб, палидӣ фароз баранд, ӯ покиза бикунад. Низ ӯро ин хешкорӣ аст, ки ҳар эваре39 аз ҳар офаридае, фаррае боз ба пеши Ҳурмазд шавад. Ба Ушаҳингоҳ, он фарра ба ситорапоя ояду Ушбом40 онро бипазирад. Ба бомдодгоҳ, ба дарёи Урвиш ояду минуи парҳезгор (онро) бипазирад ва ба Рай, ки гардуна аст, ояду ба ҳар ҷонваре фарраи хешро бисупорад.41 Ӯ, ки Заминро ромиш бахшад ё биозорад, он гоҳ Спандормад (аз ӯ) осуда ё озода бувад. Ӯро ҳамкор Обон, (Ҳаум, Даҳмонофарин), Дин, Ард, (Арйаман) ( ва Нарйосанг) бувад.
Ушбом он (ҳангом) аст, ки теғи Хуршед барояд, ҳангоме ки равшании Хуршед пайдо ва танаш нопайдост (то) ҳангоме ки Хуршед пайдо шавад, ки боми Уш аст. Ӯро хешкорӣ ба ҳуш доштани мардумон аст. Аз ин низ пайдост, ки эшонро бад-он ҳангом ҳуш ёбандатар асту умурро беҳтар расад, беҳтар омӯзаду бад-он ёбандатар бошад. Ӯ низ, ки аз ҳуш биравад, агар на ӯро дигаргунии42 марг (бошад), бад-он ҳангом боз ба ҳуш ояд. Ӯро (ҳамкор) минуи ҳама обҳо, Аредвисури об43 (?) Аноҳид, модари обҳост. (Нигаҳдории) тухмаи нарон, чун аз хун полуда шавад ва низ модагон, чун бизоянду дигар бор обистан шаванд, хешкории Аредвисур аст.

пешина
аз 314
навбатӣ