Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи озари Фарнбағ гӯяд, ки: «Ба Чинводпул, ҳангоме, ки равони парҳезгорон бигзарад, (ӯ) он ҷой бирасаду торикиро нобуд бисозад ва равшан бикунад».
Сурӯш нигаҳбонӣ кардани гетиро аз Ҳурмазд дорад. Ҳамон гуна, ки Ҳурмазд ба мину ва гетӣ сардор аст, Сурӯш бар ҷаҳон сардор аст. Чунин гӯяд, ки: «Ҳурмазд минуест нигаҳбони равону Сурӯш нигаҳбони тан ба ҷаҳон аст»; зеро ки (чун) офаридагонро офариданд, барои нигаҳбонӣ кардани офаридагон, (Сурӯш) хуш нахуфтааст. Ҳар шаб, ба ҳар марде, се бор ба ҳамаи шаб дар пайи девони Мазандар сар мезанад23, то аз бими девон (мардум) сутуҳ набуванд. Ҳамаи девон, ба нокомӣ аз вай, ба сутуҳ ба торикӣ даванд.
Равони даргузаштагон дар паноҳи Сурӯш ба Чинвопул расад; бад-он (манзур), (ба) ҳафт кишвар, ҳафт сол эшонро йазиши Драуну Офарингони ҳама аз они Сурӯш кардан (бояд); он якеро, ки он ҷо ошкора ба солорӣ нишинад (Сурӯшро).
Чунин гӯяд, ки: «Сурӯш, Худои парҳезгори далери тан ба фармони шигифтзинро хушнуд созем». Ӯро далерӣ ин ки (чун) гурзро ба Хуросон бизанад ларзиш24(?) (фурӯ) наншинад (то) ки онро ба Ховарон боззанад. Ӯро тан ба фармон будан ин ки танро ба фармони яздон дорад. Ӯро шигифтзинӣ ин, ки девон аз зарби ӯ раҳоӣ наёбанд. Ӯро худоӣ ин ки фармонравои Ареза ва Сава аст. Баҳром эзиди дирафшдори эзидони минуӣ аст ва кас аз ӯ пирӯзгартар нест, ки ҳамвора дирафш ба пирӯзгарии эзидон дорад.
Шаҳриварро хешкорӣ шафоати дарвешон кардан аст пеши Ҳурмазд. Солориро бун ҳама аз Шаҳривар аст, ки Шаҳривар
(низ) хонда шавад, ки гузориши (он) шаҳриёрии ба кома аст. Аз он ҷо, ки ӯро (дар) гетӣ филизи хеш аст, ҳамаи (гуна) комахудоӣ, нерумандӣ ва комравоиву посухгӯиро ба зинафзори ӯ ҳама филизин аст. Зини минувон, ки девонро бад-он шикаст диҳанд, ҳама филиз аст. Чунин гӯяд, ки: «Ситоем гурзи хуб фуруд-гарданда26 бар сари девонро». Меҳри дорандаи чарогоҳҳои фароху низ Хуршед, барои аз миён бурдани он Дуруҷи ба равзанҳо27, зинафзори филизин доранд. Шаҳриварро (дар) гетӣ филиз хеш аст. Ӯ, ки филизро ромиш бахшад ё биёзорад, он гоҳ Шаҳривар (аз ӯ) осуда ё озурда бувад. Ӯро ҳамкоре хуру Меҳру Осмону Анағрон аст.
Хур Хуршеди бемарги бошукӯҳи Арвандасп28 аст. Ӯро бемаргӣ ин ки тани пасин ба омадану рафтани Хуршед бувад29. Ӯро Арвандаспӣ ин ки ӯро аспи некуе аст, чи Фарраи Дрваспро бора дорад. Ӯро шукӯҳмандӣ ин ки қудрат бисёр аст. Инро низ гӯяд, ки: «Ҳар шаб, ки палидӣ бар замину обу низ бар офаридгори парҳезгор чун ёли асп баршавад, чун Хуршед барояд, девонро (бар) ҳамаи замин бизанад (ва онро) мутаҳҳар бикунад. «Инро низ гӯяд, ки: Агар Хуршед як замон дер30 барояд, девон ҳамаи офаридагонро бимиронанд». Хуршед тирагиву торикиву девони тиратухмаву сиҷи31 пинҳонраванда, дуздону кайагони32 ситамгарро нобуд кунад.

пешина
аз 314
навбатӣ