Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ром, ки (ӯро) Войи некӯи дирангхудой хонанд, худ эдун Войи дирангхудой аст, ки дар (миёни) минувон, артиштарон солориро (ба) хешкорӣ дорад. Равони парҳезгоронро чун ба Чинводпул гузарад, Войи некӯ даст гирад ва ба он ҷои (сазовор) хеш барад. Бад-он рӯй Ром хонда шавад, ки ромишбахш ба ҳамаи офариниш аст. Низ ҳангоме ки Войи бадтар ҷонро аз тан бизанад, ӯ, ки Войи некӯст, (онро) бипазираду хурсандӣ бидиҳад.
Аз он замони каронаманд сипеҳру Зарвон чунин гӯяд, ки: «Сипеҳри худой, Зарвони бекаронаву Зарвони дирангхудой». Сипеҳр он аст, ки некуӣ бахшаду худоиву подшоӣ ӯрост. Чун вастрйушон ҷаҳонро варзанд, ӯ низ бахшиш кунад.
Минуеро, ки бо Моҳ21 ҳамкор аст, Сӯг хонанд. Ҳамаи некуиҳо, ки аз абаргарон ба гетӣ офарида шуд, нахуст ба сӯг ояд. Сӯг (онро) ба моҳ бисупорад, Моҳ ба Аредвисур бисупораду Аредвисур ба Сипеҳр бисупорад, Сипеҳр ба ҷаҳон бипароганад. Ӯро, ки беш диҳад Сипеҳри накӯ ва ӯро, ки кам диҳад, Сипеҳри бад хонанд ва ин бахшиш низ ба замон расад.
Ӯ, ки Войи дирангхудой аст, силоҳи Зарвон аст ва бошад, ки (силоҳи) Ҳурмазд аст, ки бад-ӯ зӯр шикаст ёбад. Ин низ куниши замон аст, ки то ҳангоми офариниши бекарона буду каронманд офарида шуд, то ба фарҷом, ки аз корафтодагии Аҳриман аст; сипас ҷовидона ба ҳамон бекаронагӣ омезад.
Ардибиҳиштро хешкорӣ он аст, ки девонро наҳиланд, то равони дурвандонро дар дӯзах беш аз гуноҳе, ки эшонрост, подафра кунанду (девонро) аз эшон боздорад. Чунин гӯяд, ки: Ардибиҳишт беҳтарин парҳезгории бемарги баракатбахшанда аст; зеро ҳар касро, ки парҳезгорӣ варзад, (чун) ба Гарудмон шавад, ба (андозаи) некӣ ( ки варзидааст), арҷманд бувад.
Дар оғози офариниш чун Ҳурмазд ин шаш Амшоспандро фароз офарид, худ низ бо эшон он бартарину ҳафтумин буд. Он гоҳ аз эшон пурсид, ки: Моро кӣ офарид? Аз эшон яке низ посух накард. Боре дигару седигар ба ҳамон гуна пурсид. Пас Ардибиҳишт гуфт, ки: Моро ту офаридӣ! Эшон низ ба ҳам посухе ба ҳамон гуна (сухан) гуфтанд. Пас, Ардибиҳишт низ ба эшон бозгуфт. Нахуст худоиро ба Ҳурмазд Ардибиҳишт дод. Пас, Ҳурмазд «Ашем воҳу»-е бигуфту Ардибиҳиштро буни ҳамаи минувон фароз гумошт; чунонки Баҳман Меҳану Ардибиҳишт бун аст, зеро ҳамаи йазишҳоро, ба сар, «Ашем воҳу»-ст,22 ки бартарин парҳезгорӣ ва бартар аз ҳама чиз аст. Ҳурмазд бад-он руй эдун пурсид, ки чун эшон худоиро ба Ҳурмазд доданд, девонро аз он нобудиву дард буд.
Ардибиҳиштро ба гетӣ оташ хеш аст. Он ки оташро ромиш бахшад ё биёзорад, он гоҳ Ардибиҳишт (аз ӯ) осуда ё озурда бувад. Ӯро ҳамкор Озар, Сурӯшу Баҳром аст. Озар дар гетӣ ба мояи ин се минуст: Фарнбағ, Гушнаспу Бурзинмеҳр; сипас, дигар оташонанд, ки ба додгоҳ нишинанд, ки ба нобуд сохтану аз миён бурдани Дурӯғу нигаҳбонии офаридагон офарида шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор