Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Баҳман Ардибиҳишту Шаҳривар ӯро аз росту Спандормад, Хурдоду Амурдод аз чапу Сурӯш пеш истанд. Бад-он омурзидории Ҳурмазд аст, ки офаридгон зиндагӣ кунанду бад-он родии Ҳурмазд аст, ки бад-он бартарин зиндагӣ11 расанд ва бад-он фаррамандиву ҳамаогоҳии Ҳурмазд аст, ки аз Аҳриман раҳоӣ ёбанду ба хешии Ҳурмазд расанд. Ӯро нишони моддӣ, марди парҳезгор аст. Ҳар ки марди парҳезгорро ромиш бахшад ё биёзорад, он гоҳ Ҳурмазд (аз ӯ) осуда ё озурда бувад. Баҳманро хешкорӣ ҳандимонгарӣ12 аст. Чунин гӯяд, ки: Баҳмани неки неруманди оштибахш. Ӯро некӣ ҳандимонгарист, ки парҳезгоронро бад-он бартарин зиндагӣ Баҳман барад ва ҳандимонии Ҳурмаздро Баҳман кунад. Ӯро нерумандӣ ин ки силоҳи эзидону низ они озодагон, чун оштӣ кунанду биафзоянд, ба сабаби Баҳман аст, ки ба миёни эшон равад; ва силоҳи девону низ они Анирон чун нооштӣ (оваранд) ва нобуд гарданд, ба сабаби Баҳман аст, ки ба миёни эшон наравад. Ӯро оштӣ ин аст, ки ба ҳамаи офаридагони Ҳурмазд оштӣ диҳад, ки бад-он оштии ӯ, Аҳриманро бо девон нобуд гардондану Растохезу тани пасин кардану бемаргӣ оростан бештар тавон кардан. Аснхираду гӯшсурудхирад13 нахуст бар Баҳман пайдо шавад. Ӯро, ки ин ҳардуст, бад-он бартарин зиндагӣ расад. Агар ӯро ин ҳарду нест, бад-он бадтарин зиндагӣ14 расад. Чун Аснхирад нест, гушсуруд омӯхта нашавад. Ӯро, ки Аснхирад ҳасту гӯшсуруд нест, Аснхирад ба кор надонад бурдан.
Аз ҳама эзидон, Баҳман ба Додор наздиктар аст. Ӯро аз гетӣ гӯспанду ҷомаи сапед хеш аст. Он кас, ки эшонро ромиш бахшад ё биёзорад, он гоҳ Баҳман (аз ӯ) осуда ё озурда бувад. Ӯро ҳамкор Моҳ, Гаушурвану Ром аст.
Моҳ фаррабахши ҷаҳон асту понздаҳ (рӯз) афзояду понздаҳ (рӯз) коҳиш ёбад15 ва ба афзоргушнон16 ҳамонанд аст, ки чун барфарозад17 тухм ба модагон диҳад. Моҳ низ ба ҳамон гуна понздаҳ (рӯз) биафзояду некӣ ба ҷаҳониён бахшад, понздаҳ (рӯз) коҳиш ёбад, ки кори карефа аз ҷаҳониён пазираду ба ганҷи эзидон бисупорад. Чунин гӯяд, ки: «Андармоҳ, пурмоҳу вишафтас»;18 зеро аз оғоз то панҷумро, ки афзояд, андармоҳ хонанд, аз даҳум то понздаҳум афзояду пурмоҳ хонда шавад, аз бистум то бисту панҷум коҳад, ки вишафтас хонда шавад. Бад-он як панҷа фарра бахшад, бад-он як пнҷа карефа пазирад. Аз он ҷо, ки об ба Моҳ пайванд дорад, бад-он як панҷа ҳамаи обҳо барафзоянд, ҳамон гуна, ки ба чашмдид пайдост. Дарахтон низ бад-он ҳангом беҳтар баррӯянду меваҳо бештар расанд. Чунин гӯяд, ки: «Моҳ эзиди фаррабахшандаи абрдор19 зеро абр аз ӯст, ки беш ояд. Гармабахш (аст), зеро дар ҷаҳон аз ӯст, ки дарахтон гармтар (буванд). Равишманд аст, зеро рамаи гӯсфандонро биафзояд. Судманд аст, зеро (ҳар) чизро тар дорад.20 Некуи ободиавманд аст, зеро ҳамаи ободиву беҳиро диҳад. Бахшандаи одил аст, зеро дар замон бахшишеро, ки ба дод бихоҳанд, бидиҳад. Гауш, (ки) Гаушурванминуст, равони гови яктоофарида аст, ки панҷ гуна ҷонварон аз ӯ офарида шуду эдун низ гови Ҳадайуш, ки дар фаршкард «ануш»-ро аз ӯ ороянд. Ӯро парвариши офаридагон кардан хешкорӣ аст.

пешина
аз 314
навбатӣ