Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Чун моҳи Фарвардин, рӯзи Ҳурмазд шавад, зимистонро неруву подшоӣ коҳад, тобистон аз бункадаи хеш дар ояд, неруву подшоӣ пазирад, Рапиҳвин аз зери замин ба фарози замин ояду бари дарахтонро расонад. Бад-ин рӯй, дар тобистон оби чашма сард аст, зеро Рапиҳвин он ҷо нест. (Дар) он ҳафт моҳ, ки (гоҳи) Рапиҳвинро биситоянд, тобистон ба ҳамаи замин расад.
Ба ноҳияти Ҳиндустон низ, он ҷо, ки ба бункадаи тобистон наздиктар аст, (ҳаво) ҳамвора на сарду на гарм аст. Чи, бад-он ҳангом ки подшоии тобистон аст, ҳамвора борон гармии зиёдро аз миён бибараду пайдо набувад; ба зимистон борон наборад, сардии зиёд пайдо набувад, ба ноҳияти Абохтар, ки бункадаи зимистон аст, (ҳаво) ҳамвора сард аст, зеро ба тобистон, ба сабаби сутбагии бисёри зимистон дар он ҷо, сардиро ончунон наметавон аз миён бурд, ки (ҳаворо) гарм бикунад. Ба миёнаҷой сардии зимистону гармои тобистонро зӯрмандӣ бирасад.
Дигар (ин ки) соли дар гардиш бо соли ушмардӣ баробар нест, зеро ки моҳ замоне ба (рӯз) боз ояду замоне ба сӣ (рӯз) ва он як чаҳор соат бештар аст.
Чунин гӯяд, ки ҳама дурӯғ гӯянд, ки бар ҳасби моҳ (замонро) гӯянд, магар гӯянд, ки ба ин ду бор (ҳилол?).
Касе, ки солро аз гардиши Моҳ баршумурад, тобистонро ба зимистону зимистонро ба тобистон омезад. (Дигар) ин ки моҳи Фарвардини баҳизагӣ ва моҳи Ардабиҳишту моҳи Хурдод баҳор аст; моҳи Тир, моҳи Амурдод, моҳи Шаҳривар – тобистон; моҳи Меҳр, моҳи Обон, моҳи Озар – пойиз; моҳи Дай, моҳи Баҳман, моҳи Испандормард зимистон аст.
Хуршед аз он хурда, ки (Азараг ба бурҷи) Барра, ки ба оғоз биравад, ба сесаду шасту панҷ рӯзу панҷ замону хурдае, ки солест боз ба он ҷой расад. Чунон ки бешу кам, ҳар (фасле) басе ахтар бирасад. Моҳ ба яксаду ҳаштод рӯз боз ба он ҷой биёяд, ки аз оғоз бирафт.
(Ҳар) ҳосре бар замин фарсангест як ҳазор гоми дупоӣ. Фарсанги миёнгина ончанд аст, ки (агар) марде дурбин фароз нигараду сутуре бинад, сиёҳиеро дар сапедии (тани ӯ) шиносад.
Ҳар гоми3 марди миёна (боло) ҳафт бадаст аст4.
БАХШИ ЁЗДАҲУМ
Дар бораи бузургкирдории эзидони минуӣ
Ҳурмазд офариниши хешро нигаҳбонӣ кунад ба омурзидорӣ1, роҳбарӣ2 ва фарамандӣ. Омурзидории ӯ парвариши офаридагону роҳбарии (ӯ) родӣ3 бар офаридагон асту фарамандии (ӯ) ин ки фарра Ҳурмаздофарида аст. Чунин гӯяд, ки: «Фарраи равшани4 Ҳурмаздофарида, Фарраи каёнии5 Ҳурмаздофарида ва Фарраи озодагони6 Ҳурмаздофарида ва низ он Фарраи ногирифтании7 Ҳурмаздофарида». Фарраи каёнӣ он аст, ки бо Ҳушангу Ҷаму Ковусу дигар шоҳон офарида шудаасту пайванди Каён низ аз ӯ рафт8. Фарраи озодагон он аст, ки эрониёнрост. Фарраи ногирифтанӣ он аст, ки осурванонрост, зеро ҳамвора доноӣ бо эшон аст. Ҳурмазд худ осурван аст. Бад-он рӯй (вайро) дорои Фарраи ногирифтанӣ хонад, ки Ҳурмазд дар миёни минувон минуе9 тавонад будан, ки ногирифт фарра аст. Ба-до-н руй чунин тавонад будан, ки ӯро (ҳатто) минувон набинанд. Он шаш гоҳи гоҳанборро, ки офаридагони гетиро дар (тайи) он офарид, Ратубарзет ном ниҳод, ки онро гузориш ин аст, ки Ҳурмаздихудой, ба монанди он чаҳор Дай10 дар ҳар моҳ (онҳоро низ) ба номи хеш ниҳод, ва худ нишинад бад-он равшании бекарону офаридагони мину ва гетиро пояд. Ба гетӣ низ чунон наздик аст, ки ба мину.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор