Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Саг дар поидани ҳастии мардум он гуна аз миёнбарандаи Дуруҷу дард аст, ки хук дар поидани ҳастии сутӯрон31. (Саг), ба чашм ҳамаи нопокиро аз миён барад. Хук чун бонг кунад, дардро аз миён барад. Гӯшту пиҳи ӯ ба сабаби аз миён бурдани ранҷу дарди мардум, дармон аст. Пас Ҳурмазд ҳеҷ чизро бе маслиҳате наёфарид, зеро ҳар чизе барои маслиҳате офарида шудааст. Агар сабаби онро надонед, аз дастурон бояд пурсед, зеро хук бад-ин оин офарида шудааст (ки) Дуруҷро нобуд ҳамекунад.
БАХШИ ДАҲУМ
Дар бораи соли динӣ
Дар «Дин» гӯяд, ки офаридагони гетиро ба сесаду шаст рӯз офаридам, ки шаш гоҳи гоҳанбор аст, (ки) ба соле ангошта (шавад). Ҳаме нахуст рӯз бишавад, пас шаб он рӯзро гираду дар ояд.
Аз Мадйушамгоҳ, ки моҳи Тири баҳизагист (ба) рӯзи Хур, то Мадёргоҳ, ки моҳи Дайи баҳизагист, (ба) рӯзи Баҳром, рӯз коҳад, шаб афзояд; ва аз Мадёргоҳ то Мадйушамгоҳ шаб коҳад, рӯз афзояд.
Баландтарин [дарозтарин] рӯзи тобистонӣ ду баробари кӯтоҳтарин (рӯзи) зимистонӣ аст. Баландтарин шаби зимистонӣ ду баробари кӯтоҳтарин (шаби) тобистонӣ аст. (Баландтарин) рӯзи тобистонӣ дувоздаҳ ҳосру шаб шаш ҳоср. Ҳосре (ҳаст, ки воҳиди) замонист1 ва низ ҳосре (ҳаст) бар замин.
Ба ҳамон оин, ба Ҳамаспаҳмадемгоҳ, ки панҷае ба поёни моҳи Спандормад аст рӯз (бо) шаб боз баробар шавад. Чунонки аз моҳи Фарвардин, рӯзи Ҳурмазди баҳизагӣ то моҳи Меҳр, рӯзи Анағрони баҳизагӣ, ҳафт моҳи тобистон аст. Аз моҳи Обон, рӯз Ҳурмазди баҳизагӣ (то) моҳи Спандормади баҳизагӣ, ки панҷа бар поёни (он) аст, панҷ моҳи зимистон аст.
Ҳирбадон тасмим (дар бораи) насой ва дигар чизҳоро ба тобистону зимистон, аз ин баршумурданду гиранд.
Бад-он ҳафт моҳи тобистон, ки Рапиҳвинро биситоянд, гоҳи рӯзону шабон панҷ аст, ки бомдод гоҳи Ҳован, нимрӯз гоҳи Рапиҳвин, айура гоҳи Узаирин аст ва (аз) ҳангоме ки ситора ба пайдоӣ омад то нимашаб ва аз нимашаб то ситора нопайдо шавад, гоҳи Ушаҳин аст.
Ба зимистон чаҳор гоҳ аст, ки бомдод то гоҳи Узаирин ҳама гоҳи Ҳован аст, дигарон низ ҳамон гуна аст, ки гуфтам. Онро сабаб ин аст, ки зимистонро ҷой2 ба ноҳияти Абохтар аст, ки кишвари Варубарешан ва Варуҷарешан аст ва тобистонро бункада ба Нимрӯз аст, ки кишвари Фаридадафш ва Видадафш аст. Ба моҳи Обони баҳизагӣ, рӯзи Ҳурмазд, зимистон зӯр гирад. Ба чаҳон дар ояд, минуи Рапиҳвин аз рӯи замин ба зери замин шавад, он ҷо ки чашмаи обҳост. Гармиву хавидиро ба об дарфиристад то решаи дарахтон ба сардиву хушкӣ нахушкад. Моҳи Дайи баҳизагӣ, рӯзи Озар, он зимистон ба бештарин сардӣ ба Эронвиҷ расад ва ба моҳи Спандормади баҳизагӣ дар ҳамаи ҷаҳон ба сар бирасад. Бад-ин рӯй, моҳи Дай, рӯзи Озар, ҳама ҷо оташ афрӯзанду нишот кунанд, ки зимистон омад. Бад-он панҷ моҳ (ки) оби чашма ҳама гарм аст зеро Рапиҳвин он ҷоро (ба) гармӣ ва хавидӣ дорад гоҳи Рапиҳвинро наситоянд.

пешина
аз 314
навбатӣ