Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дар бораи гови обӣ гӯяд, ки дар ҳамаи дарё (ҳо) ҳаст ва чун бонг кунад, ҳамаи моҳиён обистан шаванду ҳамаи храфастрони обистан фарзанд биафгананд20.
Тафсили Симурғу Шабкӯ р дар дарё21 (дигар) карда ояд. Дар бораи Ашозушта22, ки мурғи Зӯрбараку мурғи Баҳман аст, ки ҷуғд23 хонанд, гӯяд, ки бахше24 аз Авесто дар забони ӯ офарида шудааст, ҳангоме ки бихонад, девон аз ӯ гурезанду (дар) он ҷо буна накунанд ва бад-он рӯй, (ҷуғд) буна биёбон кунаду дар вайронистон бошад то девон он ҷо буна накунанд. Агар нохуни (гирифташуда) афсун нашуда бошад, девон ва ҷодувон (онро) ситонанд, тиргуна бар ӯ афгананду кушанд. Бад-ин рӯй, он мурғ нохунро, агар афсун нашуда бошад, ситонаду хӯрад, то девону ҷодувон (онро) кор нафармоянд. Чун афсун шавад, (ҷугд онро) нахӯраду девон бад-он васила гуноҳ карда натавонанд. Низ дигар дадон мурғон ҳама ба душмании девону храфастрон офарида шудаанд. Чунин гӯяд, ки мурғони дад душмани храфастрону ҷодувонанд. Инро низ гӯяд, ки мурғон ҳама зираканд, калоғ (аз ҳама) зирактар аст.
Дар бораи бози сапед гӯяд, ки мори пардорро кушад. Коскинмурғ25 малахро кушаду ба душмании он офарида шудааст. Каргаси пириандеш, ки долман аст, барои насомонда шавад26 хӯрдан офарида шуд. Чунин низ калоғу соригар27, (ки) мурдори гови кӯҳӣ, позан, оҳу, гӯр ва дигар дадон, ҳамаро хӯранд, эдун низ дигар храфастр(он)ро.
Сагон ба душмании гургсардагону посбонии гӯсфандон офарида шудаанд. Рӯбоҳ ба душмании Хафагдев28 офарида шудаасту росу ба душмании гурза ва дигар храфастрони сӯрохзӣ офарида шудааст. Жужа ба душмании мӯри донакаш офарида шудааст. Чунин гӯяд, ки жужа ҳар бор, ки дар ошёнаи мӯре мезад, ҳазор мӯр бикушад. Бар замине, (ки мӯри) донакаш равад ва бар он сӯрох биканад, чун жужа бар он равад, дубора сӯрох аз он (замин) биравад(?).
Бабари обӣ ба душмании кирме, ки дар об аст, офарида шудааст. Он ҷо, ки бонги кабк (аз он) бишаваду хояи кабк биравад, малах бигирад(?)30. Хулоса ин ки ҳамаи дадон, мурғону моҳиён, ҳар як ба душмании храфастрон офарида шудаанд.
Дар бораи долман гӯяд, ки аз он баландтарин (ҳадди) парвоз низ агар гӯште ба андозаи муште бар замин бошад, бибинад; ва бӯйи мушк зери пари (ӯ ) офарида шудааст, ки агар, ба насой хӯрдан, дучори ганди насой шавад, сар зари пар бозбараду боз осояд.
Дар бораи аспи тозӣ гӯяд, ки агар ба шаби торик тори мӯе ба замин қарор дошта бошад, бибинад.
Хурӯс ба душмании девону ҷодувон офарида шудааст, бо саг ҳамкор аст. Чунин гӯяд ба «Дин», ки аз офаридагони моддӣ он ду, сагу хурӯс, ба аз миён бурдани Дуруҷ бо Сурӯш ёранд. Инро низ гӯяд, ки: «Хона сомон намеёфт агар намеофаридам саги шӯбону нигаҳбони хонаро».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор